​РОҲҲОИ ПЕШГИРИИ ТЕРРОРИЗМ

Дар замони муосир инсоният яке аз давраҳои мураккабтарини инкишоф, тағйиротҳои глобалии иқтисодиёт, сиёсат, иҷтимоиёт ва олами маънавии худро аз сар мегузаронад. Он зери таъсири шадиди проблемаҳои сершумори ҷаҳонишавӣ қарор дорад, ки дар баъзе мавридҳо ҳатто ба ҳастии инсоният хатар меоваранд. Дар натиҷа ҷаҳонбинӣ, идеология, меъёрҳои ахлоқӣ, арзишҳо, ғояҳо, ҳуввияти одамон куллан дигаргун мегарданд ва ин омилҳо рафтори онҳоро муаян месозанд.

Равандҳои глобализатсионӣ мафҳумҳои фазо ва вақтро то андозае маҳдуд ва нисбӣ кардаанд. Муоширату муносибати одамони муосир ниҳоят осону қулай гаштааст, дунё ба иборае «бесарҳад» ва «беҳудуд» шудааст, зеро инсон бо дилхоҳ нуқтаи ҷаҳон дар алоқа буда метавонад. Олами имрӯза, олами коммукатсионӣ аст ва дар як назар аҳли сайёра ба ҳам хеле наздик гаштаанд, аз якдигар вобастаанд. Дар замони ҷаҳонишавӣ ҳатто давлатҳои хурдтарину дурдасти на онқадар инкишофёфта бо мамлакатҳои абарқудрату пешрафта тавъаманд. Лекин дар асл вазъият тамоман дигар аст, чун осониву соддагии муошират одамонро аз лиҳози техникӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ - яъне дар сатҳи маишӣ наздик кардааст, лекин дар сатҳи дарки равонӣ, фаҳмиш, ҳиссиёт онҳо аз якдигар фарсахҳо дуранд. «Муоширати техникӣ» ҷои муоширати «зинда» - ро гирифтааст, ба мо барои худамон, волидонамон, фарзандонамон вақт намерасад, ва чун натиҷа - дилсахтӣ, хунукназарӣ, кина, адоват нисбати якдигар.

Одамон имрӯз аз ҷиҳати этникӣ, ахлоқӣ, динӣ, маданӣ, маънавӣ муттаҳид нестанд, нисбати якдигар бефарқу беаҳамиятанд, ба дигарон ҳамдардӣ зоҳир намекунанд. Ҳамаи ин падидаҳо ба ҳаёти онҳо изтиробу нобоварӣ, тарсу ваҳми нолозимаро ба миён меорад, ки дар навбати худ дар ҳолатҳои афсурдарӯҳӣ, изтиробнокӣ, вайроншавиҳои равонии рафтор оварда мерасонад.

Гарчанде мо дар бораи фазои ягонаи ҷаҳонӣ, вобастагӣ ва алоқамандии тамоми давлатҳо дар ҷаҳон сухан меронем, олами имрӯзаро мухолифат, низоъҳо, ҷангҳои шадид, бемориҳо, гуруснагӣ, қашшоқӣ фаро гирифтаанд. Илова бар ин бадбинии хунсардона нисбати якдигар, қабул накардани фикру андешаи дигар, фарқкунанда, ғайр, ки дар тамоми мамлакатҳо мушоҳида мегардад, ниҳоят таҳдидовар гардидааст.

Аз ин лиҳоз таҳаммулгароӣ дар шароити имрӯза заминаи маънавии ҷомеаи ҷаҳонӣ шуда метавонад, зеро шуури ҳар як фарди муосир зери таъсири стереотипҳои зараровари рафтори бадбинонаву ғайритаҳаммулпазир қарор дорад. Наҷоти бошандагони сайёраи Замин танҳо дар таҳаммул ва якдигарфаҳмӣ, дастгириву ёрии башардӯстона мебошад.

Давлатҳои муосир ҷонибдори онанд, ки дар шаҳрвандонашон, махсусан ҷавонон тафаккури озод ташаккул ёбад ва онҳо ба гуфтугӯ бо аҳли олам, пайравони ҷаҳонбинӣ, идеология, мансубияти динӣ, маданият, урфу одатҳои дигар тайёр бошанд, баҳри барқарор намудани якдигарфаҳмӣ, дастгирӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёту фаъолияти ҷомеа кӯшиш намоянд. Сулҳу субот, оромиву осоиштагӣ, рушди ояндаи ҳар як ҷомеа аз он вобастагӣ дорад,ки то чӣ андоза меъёрҳои таҳаммулпазирии муносибатҳои байниҳамдигарии аъзоёни он мустаҳкаманд.

Ҳама вақт, дар ҳар давру замон, қувваҳое мавҷуд буданд, ки ҷаҳониёнро зери хатар мегузоштанд, ҷангу ҷидол, низову ихтилофҳоро дар байни онон ба миён меоварданд, барои расидан ба мақсадҳои ғаразноки худ маблағҳои зиёдеро сарфа мекарданд. Таърихи на чандон тӯлонии Тоҷикистони соҳибистиқлол низ мисоли равшани чунин дахолат аст. Воқеаҳои нангини солҳои 90 набояд аз ёди ягон нафар бошандаи Ҷумҳурӣ барояд, баръакс, мо ҳамеша бояд дар хотир дошта бошем, ки сулҳу суботи ҷомеа арзиши пурқимматтарини аҳли он аст ва ба қадри он бояд расид. Аз ҳамин лиҳоз башарият тарафдори пойдории ҷаҳони таҳаммулгаро, ором, бенизоъ мебошад, ки дар он ҳар як фард новобаста аз ранги пӯст, миллату мансубияти динӣ, касбу кору мавқеи ҷамъиятӣ, дороиву нодорӣ, қимате дорад, қадр карда мешавад ва кулли ин амалҳо мазмуни аслии таҳаммулпазириро ташкил медиҳанд.

Дар ин радиф проблемаи терроризм ва экстремизми динӣ яке аз муаммоҳои глобалӣ ба ҳисоб меравад. Вазъияти сиёсииҷаҳони имрӯза то дараҷае вазнин ва пешгӯинашаванда гаштааст.

Терроризм ҳамчун воситае истифода мешавад, ки пушти он мақсадҳои ғаразноки қувваҳои муайян истодааст. Дуруст аст, ки аксарияти рӯйдодҳои террористӣ дар заминаи фундаментализми динӣ ба амал меоянд.

Гарчанде исбот шудааст, ки террорист миллат ва дин надорад! Дар ягон таълимоти динӣ ақидаҳои зӯровариву фишор нисбати касе мушоҳида намешавад, алалхусус дар арконҳои дини Ислом, зеро дини мубини ислом яке аз динҳои таҳаммулпазирои дунявӣ маҳсуб меёбад ва мусулмононро дар роҳи адолапарварӣ, инсондӯстӣ, тоқатпазирӣ, бахшишу нексириштӣ талқин менамоянд.

Имрӯзҳо тамоми дунёро рафтори нохалафонаи ашхосе,ки бандаи равияҳои ифротгароёна гаштаанд ба хашм овардааст. Ташфиқотчиёни ин равияҳои номатлуб дар байни ҷавонони мо ҳам амал мекунанд, фикри онҳоро ба ақидаҳои «динӣ» ҷалб намуда, ҳатто иддаеро ба ҷанг равона кардаанд. Ин ҷо мо бо қиёфаи дуюми терроризм сару кор дорем. Маҳз ба психологияи ҷавонон дохил шуда парасторони бо ном динӣ дар он «донаҳои фанатизмро мешинонанд», ки меваи он заҳролуд аст, майнаи онҳоро вайрон мекунад.

Фаъолияти чунин гурӯҳҳоро ночиз донистан хатои мутлақ мебуд. Эмиссарҳои онон дар тарғиботи худ аз технологияҳои муосири психологӣ ба таври хеле васеъ истифода мебаранд ва натиҷа шумораи ҷавононе, ки гирифтори домашон гардидаанд кам нестанд.

Аз ин рӯ, ҷомеаи кишвар, махсусан ҷавонон бояд ба қадри сулҳу оромии кишварамон расанд, ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд, побанди гуфтаҳои ғаразноки таблиғотчиёни равияхои гуногуни эктремистиву террористӣ нагарданд. Бояд он таҳдидеро, ки тавассути ташфиқоти ташкилотҳои ифротии ҷаҳонӣ ба роҳ монда шудааст ва бештар ба насли ҷавон равона гардидааст, аз мадди назар дур накард. Дар истифодҳа аз шабакаҳои иҷтимоӣ бояд хеле эҳтиёткор буд, зеро минбари асосии таблиғоти чунин равияҳо, маҳз шабакаҳоиинтернетӣ мебошанд.

Бобоева Сайёра Бобораҷабовна,

доктори илмҳои психологӣ, дотсенти кафедраи

психологияи иҷтимоӣ ва касбии МДТ

«Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи

академик Бобоҷон Ғафуров»

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ