​Роҳҳои пешгирӣ ва мубориза алайҳи терроризм ва экстремизим

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар таъкид намуданд,ки “Терроризм ва экстремизм аз як ҷониб чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда аз ҷониби дигар аъмоли он гувоҳ аст,ки терроризм ватан,миллат ва дину мазҳаб надорад,бплки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷоҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст”.

Солҳои охир дар Тоҷикистон чун дар дигар мамлакатҳо терроризм ва экстремизм,ҷиноятҳои хусусияти экстремистидошта зоҳир шуда истодаанд. Онҳо дар шаклҳои гуногун дар сиёсат, иқтисодиёт, муносибатҳои байнимиллӣ ва динӣ, тарзҳои гуногуни ҳимояи манфиат, ҳуқуқ, афкор ва ҳамчунин усулҳои содир кардани як қатор ҷиноятҳои бо экстремизм ҳамқадам зоҳир мешаванд.

Феълан байни давлатҳои абадқударати ҷаҳон рақобате ба вуҷуд омадааст, ки кўшиш барои соҳиб шудан ба нуфуз ба ин ё он минтақаи олам, захираву сарватҳои табии, энергетикӣ, ба даст овардани мавқеи афзалиятноки стратегӣ, ҳарбӣ ва ғайра торафт шиддат мегирад. Дар аксари мавридҳо онҳо кушиш ба харҷ медиҳанд, ки миёни ду динҳои бузурги ҷаҳонӣ – ислом ва масеҳият душманӣ ва зиддият барангезанд. Читавре, ки дар боло зикр намудем ислом ва пайравони онро ҳамчунҷангҷўю таҷовузкор, ифротгар, бадкину ситезаҷў муаррифӣ намуда, фарҳангу тамаддун, дин ва дигар арзишҳои Ғарбро таърифу тавсиф ванамунаи ибрат мешуморанд ва онро ба гардани дигарон бо зўрӣ бор кардан мехоҳанд. Яке аз омилҳои тезу тунд шудани муносибати баъзе кишварҳои мусулмонӣ бо давлатҳои Ғарб маҳз ҳамин сиёсати дурўягӣ вамунофиқона аст, ки он боиси пайдо шудан вагустариши мухолифат байни пайравони дини ислом ва масеҳият, тамаддуни Шарқу Ғарб ва дар айни замон тавлиди ҷараёнҳои тундрав (экстремистӣ) дар дину мазҳабҳои ҳам Ғарб ва ҳам Шарқ аст. Шаклҳои зиёди экстремизм ба монанди: сиёсӣ, миллатгароӣ, динӣ, наврасон ва ҷавонон, экологӣ, зиддиҷаҳонишавӣ, маънавӣ ва ғайра муайян карда шудаанд. Дар ин раванд имрўз тамоми устодону олимон ва зиёиёни кишварро зарур аст, ки баҳри тарбияи солими насли наврас ва ҷавонони худогоҳу хештаншинос ва ватандўсти ҳақиқӣ тамоми донишу маҳорат ва қобилияту таҷрибаи хешро истифода баранд ва баҳри пешгирии қатъии шомил шудани ҷавонони кишвар ба ин гурўҳҳои ифротгаро суботкорона мубориза баранд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон -Пешвои миллатЭмомалии Раҳмон дар суханронии худ дар Иҷлосияи сеюми фавқуллодаи Созмони Конфронси Исломӣ дар шаҳри Москва таъкид намуда буд, ки “террорист дар асли худ миллат, мазҳаб ва Ватан надорад ва душмани худову бандагони ӯст. Барои бартараф намудани чунин андешаю гумонҳои нораво мо ҳама давлатҳои мусулмонӣ бо падидаҳои радикалӣ, экстремистӣ ва террористӣ бояд дар ҳамбастагии зич мубориза барем, чунки ин гуна нерӯҳо аз номи ислом амал намуда, номи неки онро доғдор мекунанд ва манфиатҳоидушманону бадхоҳони фарҳанги волои исломро пиёда месозанд”.

Тарбияи ватандўстии наврасону ҷавонон аз оилаву кўдакистон сар карда, то мактабҳои миёнаву махсус ва олӣ дар рўҳияи худшиносии миллӣ қатъӣ ба роҳ монда шавад.

Дар ин раванд имрўз тамоми устодону олимон ва зиёиёни кишварро зарур аст, ки баҳри тарбияи солими насли наврас ва ҷавонони худогоҳу хештаншинос ва ватандўсти ҳақиқӣ тамоми донишу маҳорат ва қобилияту таҷрибаи хешро истифода баранд ва баҳри пешгирии қатъии шомил шудани ҷавонони кишвар ба ин гурўҳҳои ифротгаро суботкорона мубориза баранд ,дар дарсҳои худ ба самтҳои зерин аҳамият диҳанд.

-Баланд бардоштани ҷаҳонбинии ахлоқӣ, сиёсӣ, маърифатӣ, илмӣ ва динии ҷавонон.

-Ташвиқу тарғиби идеяҳои ватандўстӣ дар машғулиятҳо ва дар байни .

-Такомули дониши сиёсӣ, динӣ ва маърифатии ҷавонон.

-Шарҳу тафсири дастуру супоришҳои Президенти кишвар оиди тарбияи наврасон ваҷавонон.

Мансурова Д. Ф. - сармуаллимаи кафедраи педагогикаи умумӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ