РОҲҲО ВА МЕХАНИЗМИ ПЕШГИРИИ ЗӮРОВАРИ ДАР ОИЛА

Хушунат дар оила як масъалаи мураккаб ва ҳалталабест, ки боиси ба вуҷуд омадани мушкилотҳои зиёд мегардад. Ин падида на танҳо барои

қурбониёни он, балки барои ҷомеа низ зарари зиёд мерасонад. Оилаи зӯровар на танҳо муҳити номусоид барои аъзоёни оила мебошад, балки метавонад таъсироти манфӣ ба ояндаи кӯдакон, рушди иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ва суботи ҷомеа дошта бошад.

Солхои охир бо шарофати даврони истиклол ва дастгирииташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон, мухтарам Эмомали Рахмон мавқеи зан дар ҷомеа ва мақому манзалати бонувон ба арши воло расидааст. Аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон таъмини баробарии гендерӣ, зиёд кардани ҷойҳои корӣ барои бонувон ва шумораи занони роҳбар, сайқалдодани сатхи саводнокию маърифати онҳо, пешгирии ҷинояткорию хуруфотпарастӣ дар байни занон, хушунат ва зуровари дар оила, устувор сохтани институти оиладорӣ, таълиму тарбияи фарзанд ва беҳдошти саломатии модару кӯдак ҳамчун самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ гардид.
Дар давоми ин ташаббусҳо, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи cоли 2014, № 294 «Барномаи давлати оид ба пешгирии зуровари дар оила барои солхои 2014 – 2023» тасдиқ карда шуд.
Барномаи мазкур баробарҳуқуқии мардону занонро дар ҳалли масъалаҳои оилавӣ, ғамхорӣ нисбат ба тарбияи фарзандон, таъмини ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо, ихтиёрӣ будани ақди никоҳ ва бекор намудани он, масъулияти мутақобила дар масъалаҳои амволӣ ва маънавӣ ва ғамхории ҳамдигарии аъзои оиларо дар бар мегирад.

Бояд гуфт, ки амалҳои зӯроварӣ ва хушунат дар оила имрӯзҳо ба шаклҳои мухталиф зоҳир мегардад. Аз ҷумла бештари ҳолатҳои хушунатбори оилавӣ ин таҳдиду зӯроварии мардон нисбати ҳамсарони худ, хушунати падару бародар нисбати духтарон хоҳарони худ ва дар бисёр маврид хушунат ва бадбинии хушдоман нисбати келинҳои худ мебошад, ки боиси вайроншавии оилаҳо мегардад. Инчунин дигар сабаби вайроншавии оилаҳо дар ҷомеаи имрӯзаи мо ин омода набудани ҷавонон ба оиладорӣ ва ҳаёти мустақилона, паст будани маърифати ҳуқуқӣ, огоҳ набудан аз ҳуқуқҳои маънавии хеш, паст будани одобу муошират ва сабру таҳаммулпазирӣ дар зиндагӣ мебошад. Тадқиқи муаммоҳое, ки ба оила мансубият доранд, ҳам аз ҷиҳати назариявӣ ва ҳам аз ҷиҳати амалӣ - ҳаётӣ торафт аҳамияти калон пайдо карда истодаанд. Яке аз масъалаҳои ҷиддие, ки имрўз диққати сотсиологҳоро ба худ ҷалб менамоянд, ин ноустувории никоҳ ва оила мебошад. Таҷрибаи инсоният нишон медиҳад, ҷомеае, ки дар он институти оила мустаҳкам нест, ба нокомӣ ва мушкилоти зиёди иҷтимоӣ печида, дар ниҳоят хавфи аз байн рафтан низ ба он таҳдид мекунад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба устувории оила ва дар ин замина, ба бунёди ҷомеаи солим таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Ҳаёти солими миллат аз фазои солими оила маншаъ мегирад. Оила чун зинаи аввали бунёди ҷомеа нақши меҳварӣ дар густариши онро дорад. То кадом ҳад вазъи иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва фарҳангию ахлоқии оилаҳо дар сатҳи баланд бошад, ба ҳамон андоза он ба рушд ва пешрафти давлату миллат мусоидат менамояд.

Имрузҳо дар самти баробарҳуқуқии мардону занон Ҷумхурии Тоҷикистон ба як қатор муваффақиятҳо ноил шудааст. Аммо, ҳануз ҳам дар ҳаёти ҳаррузаи оилаҳо мушкилоти хурофот оид ба ҳуқуқи занон дар ҷомеа, зуроварӣ нисбати занону фарзандон ҷой доранд, ки ҳаёти аъзоёни оилаҳоро душвор намуда, ба пошхурии оилаҳо ва содиршавии дигар кирдорҳои номатлуб оварда мерасонад.

Туфайли дастгирии сохторҳои давлати ва иттиҳодияҳои ҷамъияти барномаҳои гуногуни омӯзишию маърифати роҳандози гардидаанд, ки барои паст кардани ангезаҳои зӯроварӣ дар оила мусоидат менамоянд.
Новобаста аз ин, солҳои охир холатҳои бисёри хушунат ва зӯровари дар оила ба худкуши даст задани занону духтарон, ҷой доштани хуруфот нисбати ҳуқуқи занҳо, аз таҳсил дур мондани кудакони синни мактаби, сироятёби ба вируси норасоии масъунияти одам, ҷинояткори дар байни занон ва дигар ходисаҳои номатлуб ҷой доранд, ки чора андешии иловагиро тақозо менамоянд.

Барои мубориза бо хушунат ва зӯроварӣ дар оила, муҳим аст, ки ҳамаи аъзоёни оила ва ҷомеа бо ҳам кор кунанд. Ташвиқи муҳити солим, муҳаббат ва эҳтиром дар оила метавонад самаранокии кам кардани хушунатро таъмин намояд. Хушунат дар оила воқеан шаҳодати носолимии муҳити оилавӣ мебошад. Вай метавонад ба таъсироти гуногун ва равандҳои манфӣ, ки аъзоёни оила, махсусан кӯдакон, бо онҳо рӯбарӯ мешаванд, боиси талафот гардад. Аз ин рӯ, ҳар як падару модарро зарур аст, ки фикри ояндаи фарзандро андешида, онҳоро аз беҳудагардиҳо манъ карда, дар рӯҳияи ватандустию ватанпарастӣ ва инсондӯстӣ тарбият намоянд. Муҳимтарин роҳ барои муваффақ шудан дар тарбияи кӯдак ин риояи амали сегона: муҳаббат, интизом ва ҷиддият мебошад. Се амал аз оилаи солим сарчашма мегирад. Оила макони муқаддасест, ки кӯдак дар он ба воя мерасад. Одоб, ахлоқ ва муоширати иҷтимоӣ низ аз ин ҷо сарчашма гирифта инкишоф меёбад. Дар ин хусус донишманду тарбиятгари бузурги рус Сухомлинский В.Н. чунин навиштааст: «Кӯдак дарки олами инсониро аз модар ва аз рафтори модар ба кӯдак, аз муносибати падар ба модари кӯдак сар мекунад». Ҳаёти солими миллат аз фазои солими оила маншаъ мегирад. Оила чун зинаи аввали бунёди ҷомеа нақши меҳварӣ дар густариши онро дорад. То кадом ҳад вазъи иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва фарҳангию ахлоқии оилаҳо дар сатҳи баланд бошад, ба ҳамон андоза он ба рушд ва пешрафти давлату миллат мусоидат менамояд. Худи таҳкиму таъмини саодату хушбахтии оила як шеваи бархӯрди инсонгароёна ва яке аз рукнҳои асосии низоми давлатдорӣ мебошад.

Муссалам аст, ки ҷомеаи солим аз оила ва насли солим ташаккул меёбад. Вобаста ба ин, аз тарафи Сарвари давлат соли 2015 дар кишвар «Соли оила» эълон гардида буд, ки аз муҳимтарин иқдомҳои сиёсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти солимии генофонди миллат маҳсуб меёбад. Оила ва ҷомеаро дар сатҳи давлатӣ ташаккул додан, маънои миллатсозист. Яке аз ҷузъҳои муҳими ҷамъият оила аст, яъне оила ячейкаи асосии ҷамъиятӣ ба ҳисоб меравад. Инсон ба воситаи оиладорӣ натанҳо хушбахтиро ба даст меорад, балки асосан ҳамаи мушкилаҳою душвориҳои зиндагӣ пас аз оиладорӣ сар мешаванд, зеро ки инсон баъд аз хонадор шудан ба тарбияи насли наврас мепардозад ва ин яке аз вазифаҳои муҳимтарини инсоният аст. Тарбия кардан ва ба воя расонидани фарзандон вазифаи падару модар дар назди ватан, дар назди халқ мебошад ва бахту саодати шахс аз ин вобаста аст, ки албатта ҳар як ҷавон барои он кӯшиш мекунад. Ҳамаи ин гуфтаҳо маълум мекунанд, ки барои бахту саодати оила маданияти баланди умумӣ, маданияти эҳсосӣ лозим, ҳамчунин ҳисси олии вазифашиносӣ, барои ҳаёту рӯзгори одамӣ ва дар назди ҷамъият масъулият ҳис кардан аст ва ҷавонон барои никоҳ бояд натанҳо аз ҷиҳати маънавӣ, балки аз ҷиҳати руҳӣ низ тайёр бошанд, чунки ақди никоҳ натанҳо шодмонии муҳаббати занушӯӣ ва фарзанддорӣ аст, балки он мушкилоти ҳақиқии зиндагӣ, ташвишу тарадудҳои зиёдеро ҳам дорост.

Хушунату зӯроварӣ дар оила фазои солими хонаводаро вайрон карда, боиси ба миён омадани нобоварӣ, бедоршавии ҳисси нафрат ва аз байн рафтани муҳаббату самимият мегардад. Ҳол он ки, оилаи солим дар заминаи муҳаббату эҳтироми дуҷонибаи аҳли хонавода бунёд меёбад.
Бовари дорем, ки ҳамкории мутақобилаи судманд ва кӯшишҳои мо ба пешгирии зӯроварӣ дар оила, таъмини баробарии гендери, роҳ надодан ба зӯроварию табъиз дар муносибатхои оилавӣ, фароҳам овардани фазои созандаи муносибатҳои оилавӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои ҳар як шахс ва ҳалли дигар мушкилоти ҷой доштаю баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аъзои чомеа оварда мерасонад.


Бегматова Мӯътабар

омӯзгори кафедраи

умумидонишгоҳии фалсафа

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ