​РАМЗИ ШУКРГУЗОРӢ ВА МЕҲНАТДӮСТӢ

Ҷашни Меҳргон яке аз суннатҳои куҳанбунёди халқи тоҷик буда, рамзи фаровонӣ, меҳнатдӯстӣ ва сипосгузорӣ аз неъматҳои табиат аст, ки ба ин муносибат ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» Набизода Мирзотоҳир Сайфиддин ба хобгоҳи духтаронаи №2 донишҷӯёни донишгоҳ ташриф оварда, бо онҳо суҳбати самимӣ анҷом дод.

Нахуст ректори Донишгоҳ донишҷӯёнро ба муносибати ҷашни Меҳргон шодбош гуфта, онҳоро ба таҳсили хуб, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, забономӯзӣ, ҳунаромӯзӣ, одобу ахлоқи намунавӣ, ҳифзи табиат ва ватандӯстиву меҳанпарастӣ ҳидоят намуд.

Гуфта шуд, ки ҷашни Меҳргон аз қадим рамзи шукргузорӣ аз неъматҳои замин ва заҳмати кишоварзон аст ва имрӯз низ донишҷӯён бояд аз ин ҷашн сабақи меҳнатдӯстӣ ва масъулиятшиносӣ омӯзанд.

Дар идома ба донишҷӯёни дар хобгоҳ истиқоматкунанда маҳсулоти кишоварзии минтақаи таълимӣ-таҷрибавии «Хуррамзамин» ҳамчун кумаки яквақтаина тақдим карда шуд. Иқдоми мазкур дар доираи дастгирии иҷтимоии донишҷӯёни ниёзманд ва аз ноҳияҳои дурдасти кишвар буда амалӣ гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ