​Профессор Усмонзода Аюб Ислом бо "Нишони ифтихор" сарфароз гардид

Профессор Усмонзода Аюб Ислом, ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо "Нишони ифтихор"-и Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон қадршиносӣ шуд. Ин нишон барои хидматҳои арзанда дар тарғиби ғояҳои ватандӯстӣ ва Ваҳдати миллӣ, рушди адабиёти муосири тоҷик дар даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ректори донишгоҳ тақдим гардид.

Аз номи ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ профессор Аюб Усмонзодаро ба муносибати дастоварди навбатӣ самимона табрик гуфта, дар идомаи фаъолият тавфиқи пайваста ва музаффариятҳои навину тоза таманно дорем.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ