ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ШИНОХТИ АФКОРИ ҶАҲОНСОЗИ МАВЛОНОИ БАЛХӢ
(Мулоҳизаҳо дар атрофи китоби Эмомалӣ Раҳмон. Мавлоно ва тамаддуни инсонӣ. Душанбе: Бухоро, 2012.- 132 с.)
Яке аз рукнҳои муҳимми сиёсати кунунии фарҳангии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба арҷгузории шахсиятҳои бузурги адабиву таърихӣ, фарҳангӣ ва миллӣ такя мекунад. Хушбахтона, то кунун дар Тоҷикистон ҷашнҳои бузургдошти 1150-солагии Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Ҳазораи “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ, 675 ва 700-солагии Камоли Хуҷандӣ,700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, 600-солагии Абдураҳмони Ҷомӣ, 900-солагии Умари Хайём, 1000-солагии Носири Хусрав, 800-солагии Мавлонои Балхӣ, 1100-солагии давлати Сомониён, 2700-солагии китоби Авасто, 2500-солагии шаҳри Истаравшан, 2700-солагии шаҳри Кӯлоб, 3000-солагии шаҳри Ҳисор,5500-солагии шаҳри Саразам, 1310-солагии Имом Абуҳанифа, 150-солагии Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ ва дигарон бошукӯҳ таҷлил гардид.
Дар ин миён таҷлили 800-солаии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар Тоҷикистон ба оғози як марҳилаи нави шинохти андешаву афкори ин абармарди бузурги таърихии миллати мо, фарзанди арҷманди мардуми тоҷик бунёд ниҳод. Ҳамон сол бо қарори Ҳукумати ҶумҳурииТоҷикистон ва ба ифтихори ин ҷашн ноҳияи Колхозобод аввал ба номи Ҷалолуддини Румӣ гузошта шуда, соли 2016 ба сурати Ҷалолуддини Балхӣ иваз карда шуд. Дар идомаи ин ташаббуси наҷиб тавассути ҷаҳду талошҳои Пешвои миллат моҳи марти соли 2018 порае аз хоки мазори Мавлоно ба ин сарзамин интиқол ёфта, мақбараи рамзӣ ва маҷмааи бузурги Ҷалолуддини Балхӣ ифтитоҳ ёфт.
Бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат дар идомаи ибтикороти марбут ба тарғиби мероси Мавлоно дар тақвими ҷашнҳои миллии мо 30 сентябр ҳамчун рӯзи Мавлоно сабт гардид. Баъд аз ду соли баргузории ҷашни 800-солагии Мавлоно қарор дар бораи эълони Рӯзи Мавлоно қабул ва ба мавқеи иҷро гузошта шуд. Афзун бар ин, бо пешниҳоди Тоҷикистон соли 2023 дар феҳристи барномаи «Хотираи ҷаҳон» (Memory of the World)-и ЮНЕСКО осори Мавлоно, аз ҷумла «Маснавии маънавӣ» ва «Девони Кабир» («Девони Шамс») шомил гардиданд.
Соли 2024 бошад бо ташаббуси Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 815-солагии Мавлоно дар қароргоҳи ЮНЕСКО ҷашни ҷаҳонии ин абармарди бузурги адабиёт ва олами ирфон бо шукуҳ ва ҳузури донишмандону аҳли фарҳанги Тоҷикистону кишварҳои мухталиф ҷашн гирифта шуд.
Дар канори маҷмуи ин ташаббусҳо, ки ба тарғиби мероси бузурги Мавлоно дар Тоҷикистон ва тақдиру арҷгузории мақоми маънавии ӯ пайванд мегирад, Пешвои миллат ба унвони ҳодии аҳли илму дониш асари арзишманде ҳам бо номи “Мавлоно ва тамаддуни инсонӣ” ба қалам оварданд, ки маҷмуи ибтикорот ва ташаббусҳои мавлавишиносонаи ин шахсияти фарҳангпарвар, маънавиятгустар ва ватандӯстро шарҳу тафсир мекунанд. Агарчӣ ин асар соли 2012 ба нашр расидааст, аммо онгуна ки таъкид шуд, сароғози таваҷҷуҳи Пешвои миллат ба мероси маънавии ин фарзанди бузурги миллати тоҷик ба даврони хеле барвақт пайванд мегирад. Дар чандин сафарҳои хеш ба кишвари Туркия ва зиёрати мазори мубораки Мавлоно васуханрониҳо дар он ҷо, инчунин маросиму чорабиниҳои дигар Пешвои миллат бо ҳусни ихлос ва иродат ба калом ва андешаи Мавлоно муроҷиат намуда, шинохт ва маърифати афкори барозандаи ин абармарди таърихро талқин намудаанд. Нуқтаи авҷи изҳори иродат ва таваҷҷуҳи шоёни Пешвои миллат ба Мавлонои Балхӣ ва мероси адабиву ирфонии вай ба бузургдошти 800-солагии ин донишвар ва орифи номовар пайванд мегирад, ки дар соли 2007 бо пешниҳоди Тоҷикистон мутобиқ бар қарори Созмони миллали муттаҳид оид ба маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) дар кишвари мо ва саросари олам таҷлил гардид.
Бешак, ангезаи таълифи ин китоби арзишмандро метавон бар ҳамин ҷашни бузург ва силсилаи ташаббусҳои Пешвои миллат дар шинохти манзалати Мавлоно ҳамчун фарзанди арҷманди миллати тоҷик ва тарғиби мероси ӯ марбут донист. Худи Пешвои миллат ҳам ба ин матлаб ишорате дар муқаддимаи китоб намудаанд. Аз ҷумла, бо ишорат ба сафарҳои хешва зиёрати мазори мубораки Мавлоно ва заминаҳои барпоии маросимҳои бузургдошти шоир чунин таъкид доштаанд: “Баъди зиёрати марқади мубораки Мавлоно дар шаҳри Қуния давлати дӯсти Туркия ва дуо гирифтан аз руҳи ин муршиди бузургамон (дар моҳи январи соли 2006) мо ба татбиқи барномаи васеъ ва бузурги таҷлили 800-умин солгарди мавлуди Мавлавӣ дар сатҳи давлатӣ ва умумимиллӣ амалан оғоз намудем. Тибқи ин барнома дар тамоми муассисаҳои омӯзишӣ, таълимӣ, фарҳангӣ ва илмӣ силсилаи маҳфилу нишастҳо, конфронсу семинарҳо ва симпозиумҳо доир гардиданд. Дар рӯзҳои 6-7 сентябри соли 2007 дар арафаи таҷлили 16-умин солгарди истиқлоли ҷумҳурӣ конфронси байналмилалии илмӣ – “Мавлоно ва гуфтугӯи тамаддунҳо” доир гардид, ки дар кори он олимону донишмандон аз сӣ кишвари ҷаҳон ширкат варзиданд.
Дар ҷараёни омодагӣ ба ин ҷашни бузург осори ҷовидонаи Мавлоно – “Маснавии маънавӣ”, “Девони кабир” ва “Фиҳи мо фиҳи” ба табъ расида, намунаҳои гуногуни чакидаҳои хомаи ин мутафаккири амиқназар дар шаклҳои мухталиф – мунтахабот, қитъаот, тарҷумаҳо ва ғайра дастраси доираи васеи хонандагон гардиданд.Ҳадафи аслии мо аз иҷрои ин ҳамаи чорабиниҳо шинохти амиқ ва беҳтари ганҷинаи афкор ва корномаҳои инсонгароии Мавлавии Кабир, истифодаи оқилона ва босамари он дар тарбияи худшиносӣ ва худогоҳии миллат ва рушду камоли маънавияти ҳар фарди Ватан буд ва ин кор минбаъд низ идома хоҳад ёфт.”
Пешвои миллат дар пешгуфтори китоб, ки унвони рамзии “Бишнав аз най...”-ро ҳам гирифтааст, хеле мушикофона ба ҷараёнимуносибати густардаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба афкор ва андешаҳои оламгири Мавлоно руҷуъ намуда, бар пояи он сабаб ва омилҳои аслӣ, зарурати таълифи чунин як асари арзишмандро ба таври амиқ ва равшану барҷаста чунин тавзеҳ додаанд: “...Бо рушди босуръат ва печидаи ҷомеаи башарӣ, таҳаввулоти навин ва амиқи иҷтимоӣ, афзоиши мушкилот ва зиддиятҳои гуногун, бахусус зарурати таъхирнопазири робита ва ҳамкориҳои созандаи халқҳо, минтақаҳо ва тамаддунҳо башарият бештару бештар ба Мавлонои мо рӯй хоҳад овард.
Бо назардошти ин нукоти бунёдӣ тасмими нигориши ин китоб гирифта шуд. Ҳадафи аслии мо баррасии усул ва аркони муҳимтарини ганҷинаи андеша, афкор ва ормонҳои Мавлавии бузург дар пайванди ногусастанӣ бо масъалаи муҳимтарини муосир- инсонсозии ҷомеаи башарӣ аз тариқи истифодаи ин мероси абадзинда мебошад. Ин ҳадаф сохтор ва мазмуни китобро муайян намудааст. Ҷусторҳои алоҳидаи китоб дар асл занҷираи ягонаи маънавӣ мебошанд, ки корномаи таърихии Мавлавиро дар партави сареавишти пурфарозу нишеби башарӣ, қабл аз ҳама сират ва маънавияти инсонӣ бозгӯ менамояд ва собит месозад, ки Мавлоно ҳамқадаму ҳамнафас ва ҳамрози мост. Ӯ дар асл муршиди бузурги тамоми инсоният аст ва ин рисолати худро солиёни дароз идома хоҳад дод”.
Пешвои миллат бо муқаррар намудани заминаҳо ва сабабҳои аслии таълифи китоби мазкур бо камоли ихлосу иродат ва фурутании ба худ хос асари арзишманди хешро нахуст ҳамчун ихлосномаи хеш ба шахсият, тафаккур, андеша ва афкори Мавлоно муаррифӣ намуда, изҳор менамоянд, ки “бо эҳдои ин ихлоснома ва пешниҳоди андешаҳои хеш дар бораи Мавлоно ва тамаддуни инсонӣ сидқан хоҳони онам, ки ҳамаи мо минбаъд шоҳиди сатҳи нави шинохти шахсият ва осори безаволи Мавлонои бузург гардем, ба воситаи осор ва мероси гаронмояи гузаштагонамон худшиносӣ ва худогоҳии миллии мардуми худро ба сатҳи баланд бардорем ва шоистаи ниёгони бузурги хеш бошем”.
Воқеан, ҳамин ҳидоят ва раҳнамоиҳои Пешвои миллат дар ҷомеаи илму адаби Тоҷикистон нақше муассир дар ҷодаи шинохти андешаву афкори Мавлоно гузошт, ки дар фосилаи даҳ сол пас аз таҷлилу бузургдошти ин шахсияти муқтадири олам адаб ва ирфони мо корномаҳои зиёде рӯи кор омаданд, ки дар саргаҳи онҳо ҳамоно ҳамин китоби худи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Дар ин фурсат дар канори таҷдиди чопи мероси гаронмояи Мавлоно, ки аз ҷумлаи онҳо дар силсилаи “Ахтарони адаб” бо дастгирӣ ва пуштибонии худи роҳбари давлат дар се муҷаллад ба нашр расидани “Маснавии Маънавӣ”, инчунин интишори “Девони Шамс” ва асарҳои насрии ӯ силсилаи тадқиқоти илмӣ анҷом ёфта, маҷмуаву осори ҷудогонаи пажуҳишӣ рӯи чоп омаданд, ки ҳамагӣ аз густариши мавлавипажуҳӣ дар Тоҷикистон мужда медиҳад. Дар канори ин, нашри бахше аз тадқиқоти илмии олимони тоҷик дар хориҷ аз кишвар ва ҳузури донишварони мо дар ҳамоишҳои илмии мавлавшиносӣ дар ҷаҳон аз боло рафтани сатҳи пажуҳишҳои олимони тоҷик дар миқёси байналмилалӣ паём мерасонад. Бешак, маҷмуи ин дастовардҳои назарраси илмӣ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ҳидоят ва раҳнамоиҳои Пешвои миллат дар ин асар ва дар дигар суханрониҳои хеш роҷеъ ба шинохти мероси Мавлоно бо дидгоҳе нав ва дар сатҳе ҷадид дар бедории завқи аҳли илм ва талошҳои бештари онон дар самти иҷрои ҷусторҳои тозаи илмӣ ва шараф дар кашфи ҳар чӣ бештари афкор ва хазинаи андешаҳои баландпарвози ин ориф ва мутафаккири бузург нақши муассиргузоштанд.
Рисолаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Мавлоно ва тамаддуни инсонӣ” дар баробари муқаддимаи мухтасару дар ҳаҷми ғунҷоиши ба таъбири худи Мавлоно “баҳр дар кӯза”аз шаш фасл иборат аст, ки ҳар яке аз ин фусул самтҳои муайяни пажуҳиши афкор, андеша ва асрори нубуғи маънавии Мавлоноро фаро мегиранд, ки бо биниш ва дидгоҳе аз зовияи ҷаҳони муосир ва маърифати созгории ин тафаккури олишон ба ниёзҳои ҷомеаи башарӣ нигориш ёфтаанд.
Масъалаи мақом ва ҷойгоҳи инсон, ҷавҳари инсонӣ ва пайванди он ба тамаддун матолиби меҳварии фасли нахустини ин рисоларо ба вуҷуд овардааст, ки тарҳи таҳқиқи ин мавзуи мубрами фалсафӣ бо такя бар андешаҳои Мавлои Балхӣ сурат гирифтааст. Мусаллам аст, ки масъалаи мақоми инсон дар густурдаи тамаддуни башарӣ ва авлавияти мавқеи вай дар ҷаҳони омадшуд берун аз ҳама қайду қолабҳо ба унвони яке аз мавзӯоти меҳвари мақолаву нигоштаҳои Пешвои миллат аз оғози фаъолияти эшон ба унвони роҳбари Тоҷикистони соҳибистиқлол муқаррар шудааст. Ҳанӯз соли 2005 мақолаи Пешвои миллат таҳти унвони “Инсон ва андешаи ҷаҳонсози ӯ” дар матбуоти кишвар ба нашр расида буд, ки меҳвар ва маҳаки онро ҳамин шинохти фалсафаи инсон ва нақшу мақоми ӯ дар қаламрави таърих, андешаҳои ҷаҳонсози инсон ва нақши пуртаъсири он дар ривоҷу пешрафти ҷомеаи кунунӣ ба вуҷуд оварда буд. Дар бахши нахустини китоби “Мавлоно ва тамаддуни инсонӣ” низ ҳамин баҳс бисёр муҳим ва муфид идома ёфта, маҷмуи баррасиҳои илмӣ бар асоси дидгоҳҳои хосаи Мавлонои Балхӣ нисбат ба ҷавҳари инсонӣ ва нақши тамаддунсози ӯ шарҳу тафсир ёфтаанд. Аз ин ҷост, ки дар бахши муқаддимотии ин фасл нахуст Пешвои миллат ҳамин андешаро барои мо манзур месозанд, ки “инсон меҳвари осори ҷовидонаи Мавлавӣ ва корномаҳои беназири маънавӣ ва ахлоқии ӯст: ҳеҷ мутафаккире дар таърихи башар назарияи сират ва маънавияти инсонро бо чунин ҷаззобият, рангорангӣ, печидагӣ, “фарогирии меъёрҳои кайҳонӣ” ва ҳамзамон бо чунин умқ ва басирати нотакрор накушода ва рохи аслии онро боз нанамудааст. Ва ин амр боиси маҳбубияти бесобиқаи осори Мавлонои Румӣ аст, ки бо гузашти рӯзгор ва афзоиши мушкилоти инсон афзунтар ва амиқтар хоҳад гардид”.
Барҳақ, ин шинохти мақоми инсон, ки дар соири осори Мавлоно чун инсони воҳид ва ягона дар пешорӯи Офаридгор ҷилвагар гардида, борҳои ин ғоя чӣ дар “Маснавии маънавӣ” ва чӣ дар “Девони Шамс”-у осори мансури вай талқин шудааст, омили муассир дар маҳбубияти Мавлоно дар саросари олам аз рӯзгори хеш то ба имрӯз гардида, ки таваҷҷуҳи густардаи пажуҳишгарони олам ба маърифати андешаҳои Мавлоно ин дидгоҳҳои мӯшикофонаи Пешвои миллатро ба субут мерасонанд. Маҳз, ҳузури мунаввари Мавлоно дар тамаддуни инсонӣ буд, ки боиси нуфузи шӯҳрати донишвароне дар саросари олам чун Рейналд Никелсон, Аннамери Шиммел, Вилям Читтик ва дигарон гардид, ки худи онҳо борҳо дар навиштаҳои хеш ин маҳбубияти худро бар мақоми муаззами Мавлонои Балхӣ пайванд додаанд.
Нуктаи ҷолиби таваҷҷуҳ он аст, ки ба хотири пайдоиши як роҳу равиши хос ба шинохти мақоми инсон дар густураи андешаҳои МавлоноПешвои миллат дар ин қисмати асари хеш нахуст руҷуе ба масъалаи шинохти инсон аз дидгоҳу назари пешиниён ва мутаффаккирони дигар намуда, зимнан дар таъйини асолати инсон дар ҷаҳони омадшуд бар асоси ғояҳои мавриди назари ин донишварони бузург иқдом намудаанд. Ин аст, ки дар фасли аввали рисола зерфаслеро таҳти унвони “Инсон ва асолати ӯ” ҷой дода, зимнан сафаре ба моварои баҳси шинохти инсон мекунанд. Ин аст, ки нахуст ба суолҳое руҷуъ менамоянд, ки пайваста аҳли таҳқиқ, фарҳанг, назар бо ҳадафи маърифати мақоми инсон ва рисолати ӯ пеши худ мегузоштанду ҳанӯз мегузоранд: “Инсон чӣ мавҷудест? Чаро халқ шуд? “Мақсуд зи ҷумла офариниш моем” (Хаём чист? Хилқат ва зуҳури инсон чӣ гуна буд? Ташаккули ӯ чӣ гуна ҷараён гирифт? Чӣ гуна сурат ва маънавияти инсонӣ касб кард? Ҷавҳари аслии ӯ чист?” Бо манзури ин суолҳо дар мавриди шинохти аслу моҳият ва ҷавҳари инсон мушаххасан бар ин нукта ишорат мешавад, ки пайваста суолоте пешорӯи мо дар робита ба маърифати ҷавҳару сиришти инсонӣ падид меояд, ки боз ҳам Пешвои миллат барои дарёфти посух ба онҳо ба мероси маънавии Мавлонои Балхӣ руҷуъ мекунанд, ки фармуда:
Пур аз дурр аст баҳри лоязолӣ,
Дарунаш гавҳари инсон кадом аст?
Ба таври умум, дар ин бахши китоб мулоҳизот ва андешаҳои Пешвои миллат дар мавридиинсон чун рукни муҳимтарин ва муассиртарини табиат ва ҳастӣ шарҳу тавзеҳ ёфта, натиҷаи хеле муҳимме аз ин тавзеҳот бармеояд, ки ҳеҷ мавҷуди ҳастӣ нақши арзишмандтар ва муассиртаре аз инсон надорад; ҳеҷ мавҷуди дигари ҳастӣ қобил ба тағйири куллӣ ва бунёдии муҳити зист ва ҷаҳон мавҷуд нест.
Маҷмуи ин андешаҳои ҳакимона дар мавриди шинохти ҳақиқати инсон боз ҳам сарчашма дар афкори Мавлоно доранд, ҳарчанд муаллифи ин асари арзишманд гоҳо ба каломи дигардонишварону суханварони мо, мисли Умари Хайём низ руҷуъ мекунад, ки ҷавҳари онон низ ҳамоно таъкид бар мақсуди аслии офариниш маҳсуб ёфтани инсон ба шумор меравад.
Бо таваҷҷуҳ ба ин ки Мавлоно дар қаламрави адабиёти форсу тоҷик чун намояндаи барҷастаи мактаби тасаввуфэътироф гардида, бунёди мактаби ирфонии мавлавияро гузоштааст, Пешвои миллат дар фасли ҷудогонаи китоби хеш ба масъалаи таҳқиқи сурат ва сирати сӯфӣ дар навбати аввал таваҷҷуҳ зоҳир намуда, бар ин нукта ишорат мефармоянд, ки “дарки моҳияти зоҳирию ботинии ин мактаби фикрӣ кори саҳлу осон набуда, қабл аз ҳама алоқамандии онро бо ҷараёнҳои дигари илмию динӣ, фалсафиву иҷтимоӣ ва адабиву фарҳангӣ тақозо мекунад”. Пешвои миллат бо такя бар афкор ва андешаҳои муҳаққиқони тасаввуф ба мавҷудияти се равия ва мактабҳои фикрӣ ишорат мекунанд, ки онҳо динӣ, фалсафӣ ва ирфонӣ ба шумор мераванд. Баҳси тулоние роҷеъ ба ҳар яке аз ин равияҳо дар китобҷой дорад, ки дар баробари ишорат ба сарчашмашиносии зуҳури ин мактабҳо намуда, ба таври дақиқ зимни ҳамин мулоҳизарониро муаллифи асар таъкид медоранд, ки “Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ маҳз ҳамин роҳи сеюмро намояндагӣ мекунад ва аз ин рӯ афкори ӯ аз омезиши ирфону ақлоният ва ахлоқу иҷтимоиёт иборат аст”.
Яке нуктаи хеле муҳим ва арзишманде, ки дар робита ба ин масъала дар китоби мавриди назар шарҳу тафсир ёфтааст, масъалаи бозтоби афкори ирфонии Мавлоно дар осори ӯ ва ҳамзамон дар ҷараёни тайъини ҷаҳоншиносии ин мутафаккир ва орифи бузург мушаххас намудани ҷанбаҳои аслии таълимоти ирфониивай боз ҳам дар робита ба шинохти аслу моҳияти инсон ба шумор меравад. Пешвои миллат масъалаи таваҷҷуҳи Мавлоноро ба кашфу шинохти ҳақиқат дар меҳвари баррасиҳо қарор дода, таъкид бар ин матлаб менамонд, ки “вақте ки Мавлоно дар бораи дарёфти ҳақиқат сухан мегӯяд, инсонро ба таҳқиқи олами ботинӣ, сирати маънавии худ водор месозад, зеро ба ақидаи муаллифи ин китоби пурарзиш олами маънӣ ва зуҳуроти маънавӣ дар назди Мавлоно барин намояндагони аҳли ирфон маҳз тавассути таҳқиқи олами ботинии инсон ё ба истилоҳои имрӯза баррасиҳои равоншиносӣ фаҳмида мешавад. Ба ибораи дигар, дарёфти маънавиёт аз диди Мавлоно ва шигохти инсон ё худ худшиносист, ки ҳаргиз нақши ақлро дар маърифат истисно намекунад. Ба ҳамин сабаб, таълимоти ирфонии Мавлонои Румӣ вежагиҳои хосаи худро дошта, дар қолибҳои маъмули таъриф ва тафсири тасаввуф чандон ҷой намегирад”.
Аз баррасиҳои амиқи инсоншинохтӣ дар ин рисолаи арзишманд равшану маълум мегардад, ки ҳарчанд пажуҳишгарон Мавлоноро дар шумори намояндагони тасаввуф шомил намудаанд, аммо ин донишвар ва орифи соҳибназар бештар ба ҷавҳар ва асолати инсон ва маърифати мақому ҷойгоҳи ӯ такя мекунад. Ба ибораи дигар, Мавлоно орифи ботингарост ва пайваста зоҳирбинӣ ё сӯфиёни зоҳирпарасти пашминапӯшро мавриди интиқод қарор медиҳад. Пешвои миллат ҷиҳати ташреҳ ва тавзеҳи ин дидгоҳихосаи Мавлоно ба ин байти ӯ руҷуъ намудаанд:
Дар хонақаҳи олам, дар мадрасаи дунё,
Ман сӯфии дилсофам, не сӯфии пашмина.
Дар идомаи баррасиҳои ин бахши асар руҷуе ба таърихи тасаввуф ва заминаҳои пайдоиши он сухан рафта, дар баробари таъйини решаҳои исломӣ сарчашмаҳои тоисломии он дар мисоли таълимони ҳиндувони қадим, ақидаҳои Зардушту Монӣ, масеҳият ва амсоли ин дақиқ шудаанд. Бо ҳадафи исботи ин назару дидгоҳҳои хешмуаллифи ин китоби арзишманд ба пайванди фикрии дину мазоҳиби мухталиф ва нақши ин омезиш дар зуҳури тасаввуф таъкид намуда, аз ҷумла қайд менамоянд, ки “чунин муҳити омезиши ислом, зардуштия ва буддоия барои пайдоиши таълимоти тасаввуфӣ хеле созгор буд. Натиҷаи ҳамин аст, кидар бораи Иброҳими Адҳам ҳамчун сӯфӣ қиссаҳое нақл кардаанд, ки агарчӣ ба ислом такя доранд, вале тарҷумаи ҳоли асосгузори дини буддоия - Буддоро ба хотир меоваранд”.
Бо таваҷҷуҳ ба таҳқиқи сайри таҳаввули тасаввуф ва марҳилабандии он дар панҷ давра Пешвои миллат ба масъалаи нақши муассири пешиниён, хоса суханварони адабиёти ирфонии тоҷик дар ташаккули андешаҳои Мавлоно таваҷҷуҳ зоҳир намуда, асарпардозии Саноиро бар ҷаҳони фикрии Пири Румӣ ба таври хоси қайд мекунанд. Ин андеша, пеш аз ҳама, сарчашма ба ҳамон байте дорад, ки ба Мавлоно нисбат дода мешавад ва он чунин сурат дорад:
Аттор руҳ буду Саноӣ ду чашми мо,
Мо аз пайи Саноиву Аттор омадем.
Зимнан, дар идомаи тафсири масъалаи иродат ва хулуси Мавлоно нисбат ба Саноии Ғазнавӣ ва таъсири барҷастаи “Ҳадиқат-ул-ҳақиқат”-и ӯ ба “Маснавии Маънавӣ”асар ва файзбардории Мавлоноро аз калом ва андешаҳои Аттор низ шарҳу тавзеҳ дода, баробари ин роҷеъ ба мақоми ин ду тан намояндагони барҷастаи адабиёти тасаввуф изҳори назар намудаанд. Пасон, яке аз муҳимтарин баҳс дар заминаи таъсирпазирии Мавлоно аз пешиниён сухан дар мавриди нақш ва мақоми қиблагоҳи ин орифи номвар Баҳоуддин Валад дар таҳаввули афкор ва ҷаҳони ботинии Мавлавӣ меравад ва аз ҷумла таъкид мешавад, ки “маҳз падар пири нахустини писар дар ҷодаи илм, дин ва ирфону тасаввуф будааст”.
Баъдан, марҳила ба марҳила ҷойгоҳи Бурҳониддини Муҳаққиқ, нақши муассири Шамси Табрезӣ, ки муҷиби таҳаввулоти руҳонӣ ва таъбири худи Мавлоно “ангехтани оташ дар бешаи андешаҳои ӯ” гардид, СалоҳиддиниЗаркӯб, Ҳисомуддини Чалабӣ ва дигарон ба риштаи таҳқиқ кашида шуда, мақоми ҳар яке аз ин намояндагони барҷастаитасаввуф дар ташаккули он таъкид ва тафсир шудааст.
Аз масоили меҳварии рисола баррасии фалсафаи ваҳдати вуҷуд дар андешаҳои Мавлоно ба шумор меравад, ки Пешвои миллат бо такя бар ҷанбаҳои иҷтимоӣ ва инсоншиносӣ ва башардӯстонадоштани маърифати ин мафоҳим дар пиндорҳои суханвари ориф дар кашфу дарки онҳо руҷуъ намуда, аз ҷумла таъкид доштаанд, ки “суханони Мавлоно оид ба ваҳдату ҳамдилӣ аз саъйи пайгиронаи мутафаккир ба сӯи ваҳдати миллатҳо ва кулли инсоният дарак медиҳад”. Пешвои миллат бо эҷоди пайванд миёни ваҳдати Мавлонои Балхӣ ва ваҳдати миллии имрӯз, ки ҳамоно сарчашма дар ҳамин афкори башадӯстонаи Пири Румӣ доранд, ҷомеаи кишвари моро бар он даъват менамоянд, ки дари дилу дарвозаи ватанро барои муколамаи фарҳангҳо ва муносибат бо мардуми олам боз намоем. Ин нуктаро хеле муҳим ва амиқ тафсир намуда, изҳор доштаанд, ки “Мо, ки имрӯз аз ваҳдати миллат сухан мегӯем, бояд ба пайравӣ аз онҳо, хусусан ба афкору андешаи Мавлоно ба он саъй намоем, ки натанҳо дар сатҳи миллат чунин маъниҳоро бо камоли масъулият дарк созем, балки омода бар он бошем,ки барои робита ва ваҳдат бо мардуми дишари олам ва муколамаи фарҳангҳои мухталиф низ дари дил ва Ватани худро боз намоем. Фақат дар ҳамин сурат мо метавонем миллати муттаҳиди тоҷикро ба узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ чӣ дар сохаи фарҳангу маънавиёт, чӣ дар самти сиёсату иқтисодиёт табдил диҳем”.
Дар ҳамин росто аст, ки Пешвои миллат баробари баҳсу баррасии нақши инсонсози ваҳдат дар андешаҳои Мавлоно масъалаи ҳамдилиро болотар аз ҳамзамбонӣ ба риштаи таҳқиқ кашида, бар ин нукта ишорат мефармояд, ки “Мутафаккир агарчӣ ба забони модариаш эҳтироми беандоза бузурге дорад, вале ҳаргиз мавзуи ҳамзабониро маҳдуд намефаҳмад. Барои Румии инсонпарвар масъалаи ҳамдилӣ аз ҳама болотар аст”. Дар ҳамин маврид аст, ки муаллифи китоб бар ҳамон абёти маъруфи Мавлоно дар шарҳи фалсафа ва мақоми ҳамдилӣ суруда, руҷуъ намудааст:
Ҳамзабонӣ хешиву пайвандӣ аст,
Мард бо номаҳрамон чун бандӣ аст.
Ай басо ҳинду турки ҳамзабон,
Ай басо ду турк чун бегонагон.
Пас, забони ҳамдилӣ худ дигар аст,
Ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст.
Баҳси муҳим ва қобили таваҷҷуҳ дар ин асар пайванди афкори Мавлоно ва нақши муассири он ба сарнавишти башарият аз замони зиндагонии ӯ то акнун ба шумор меравад. Ба асоси пажуҳишҳои амиқи дар китоб анҷомёфта муаллиф омилҳо ва асроримаҳбубияти Мавлоноро дар миёни табақаҳои мухталифи аҳолии намояндагони миллату мазҳаб, ирқу нажоди гуногун ба фалсафаи инсонгароӣ, шинохти камоли маънавӣ ҳамчун мақсуди аслии зиндагонии инсоният муқаррар намудаанд. Аз ин ҷост, ки ба таъбири Пешвои миллат, осори ҷовидонаи Мавлоно, беш аз ҳама шоҳасари ӯ – “Маснавии маънавӣ” имрӯз беҳтарин ва муассиртарин таблиғгари ваҳдати инсоният, манзалати волои маънавӣ ва ахлоқии инсонӣ, саодату дӯстӣ ва ҳамкории созгор бо тамоюлот ва тақозоҳои рӯз ва ормонҳои бузурги башарият аст. Беҳуда нест, ки ин осор ва боз ҳам қабл аз ҳама “Маснавӣ” аз осори хонданитарин ва сернашртарин дар Ғарбу Шарқ, бахусус дар Амрико ва Аврупо аст”.
Шарҳу таҳлил ва тафсири амиқи андешаҳои Мавлоно дар китоби ҷовидонаи Пешвои миллат дар пайванд ба масъалаи меҳварии муқаррар намудани ҳастии инсон воқеан аз ҷойгоҳ ва аҳамияти муҳиме бархурдор аст. Хоса, дар шароити кунунӣ, ки баҳсу баррасӣ, бархурдҳои мухталифи мазҳабиву фарҳангӣ ва ақидав ҷомеаи ҷаҳониро фаро гирифта, аҳаммияти чунин асар дар таҳқиқи андешаҳои ҷаҳонсози Мавлоно на танҳо барои мардуми тоҷик, балки баҳри ҷаҳониён бештару пештар мегардад, зеро ҳамоно маърифати ин афкори ғаноманди дархури ниёзҳои ҷомеаи башарӣ на ба ҳамаи аҳли мутолеа, хоса ононе, ки ба забони асли ин таълифот ошноӣ надоранд, имконпазир аст. Танҳо таълифи чунин асарҳои гаронмоя ва тарҷумаву нашри онҳо бо забонҳои дигар метавонад барҳақ Мавлоноро бори дигар ба ҷомеаи башарӣ ва башариятро ба андешаҳои ҷаҳонгиру ҷаҳонсози Мавлоно қариб созад ва бори дигар ин таъкиди арзишманди Пешвои миллатро собит намояд, ки “мо, имрӯз дар оғози қарни ХХI низоми воқеан инсонгароёнаи ақоидӣ-фикрӣ, фарҳангӣ-маънавӣ, иҷтимоӣ ва рисолати инсонии Мавлонои кабирро нӯшдорӯи наҷоти ҳақиқии башарӣ дармеёбем. Ва ба андешаи мо чунин рисолати ӯ рисолаи ҷовидонӣ хоҳад буд”.
Нуралӣ Нурзод,
доктори илмҳои филологӣ, директори Институти
илмӣ-тадқиқотии илмҳои ҷомеашиносии
Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»