​ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА САРНАВИШТИ ТАЪРИХИИ ТАҲАВВУЛИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

Баррасии масоили забон як бахши умдаи пайкорҳои судманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ба таъбири дигар, ҳарчанд татбиқи амалии ҳамин ҷузви сиёсати хирадгароёна бо руҷуъҳои таърихии бевоситаи Сарвари давлат дар самти роҳандозии солгардҳои чеҳраҳои таърихӣ, ҷашнвораҳо ва расму одатҳои миллӣ дар саросари мамлакат сурат мепазирад, аммо мулоҳизоту дилбастагии чунин шахсияти таърихӣ дар китобҳои «Тоҷикон дар оинаи таърих» (дар чор китоб), «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ», «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ» ба сифати пуштибони маънавии мероси гаронмояи ниёгон фароҳам омаданд.

Китоби «Забони миллат - ҳастии миллат» идомаи мантиқии ҳамин гуна ҷусторҳои парчамбардору меросбари содиқи ин ганҷинаи бебаҳои тамаддуни ҷаҳонӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар марҳилаи тамоман нави таърихӣ мебошад. Бо вуҷуди ин ки чунин мавзуот дар доманаи ҳамин гуна тадқиқотҳои пурдомана таҳлилу баррасӣ шудаанд, вале ҷавҳари асосии пайкорҳои созандаи Пешвои миллатро дар ин замина бозгӯии ҷуғрофиёи таърихии халқи тоҷик, ки ҷузви пурифтихори он забон аст, ташкил медиҳад.

Ба инобат гирифтани даврабандии таърихии забони тоҷикӣ, густариш, хостгоҳ ва меҳани забони тоҷикӣ, намунаҳои хат, замони пайдоиш, вижагиҳо, замина ва омилҳои ташаккули он боиси мушаххас баён шудани қаламрави пурвусъати забони форсӣ дар тули ҳастии чандинҳазорсолаи он гардидааст.

Таҳлили ҳамаҷонибаи ин масоил бо беҳтарин ваҷҳ аз нахустин фасли боби аввали китоби мазкур, ки «Мардуми ориёӣ ва забони онҳо» номгузорӣ шудааст, оғоз ёфтааст. Барои дарки моҳияти масъалаи мазкур дар ин бахш зарурати шарҳи баъзе истилоҳот пеш омадааст, ки корбурди ин равиш барои бозгӯии сарҳади инкишофи забонҳои ориёӣ ба сифати қисми муҳими таърихи забони тоҷикӣ ёрмандӣ менамояд.

Ба эътиборгирии пайванд, шабоҳат, умумият ва ҳамгуниҳои забонии мардумони ориёии эронӣ ва ориёии ҳиндӣ, ки «Авасто» ва «Ведо» ба сифати манбаи муштараки ёдгориҳои ин давра хидмат менамоянд, ба ҳукми як равиши алоҳидаи тадқиқотӣ дар аломатгузории ҷуғрофиёи таърихи забон дар давраи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор рафтаанд. Корбурди ин усул заминаеро ба бозгӯии чигунагии густариши забону лаҳҷа ва расму одатҳои мардумони ориёӣ фароҳам оварда, ҳамин тариқ ҷуғрофиёи ориёиҳо дар асоси далелҳои қотеи илмӣ чунин муайян гардидааст: «… даштҳои ҷануби Русия, соҳилҳои баҳри Сиёҳ, назди баҳри Азов то шимоли Кавказ (скифҳо ва сарматҳо), Осиёи Миёна, минатақаҳои назди соҳили Сирдарё, қисмати шарқ то Туркистони шарқӣ (мардумони сакоӣ), водиҳо ва ваҳоҳаи Осиёи Миёна дар ҳавзаи Зарафшон, Қашқадарё ва навоҳии атрофи он (суғдиҳо), поёноби Амударё (хоразмиҳо), болооб ва қисматҳои миёнаи соҳилҳои рост ва чапи Амударё (бохтариҳо), як бахши Хуросон то ҷонуби Туркманистон (портҳо), шимолу ғарби Эрон (модҳо), ҷанубу ғарби Эрон (порсҳо)».

Агарчӣ дар ин иқтибос чи тавре ки дар боло таъкид намудем, маҳалли паҳновари сукунати қавмҳои ориёӣ нишон дода шудааст, вале бояд қайд кард, ки ҳамин ҷуғрофиё бо ҳамраъйии аксари муҳаққиқон дар ҳазораи аввали пеш аз милод ҳамчун хостгоҳи таърихии забони ҳиндуаврупоӣ, аз ҷумла ҳиндуэронӣ низ пазируфта шудааст.

Дар маҷмуъ мавриди баррасӣ қарор гирифтани вусъат ва масоҳати сукунат боиси дар ин китоб ифода ёфтани қаламрави забон гардида ва бо баршумурдани даврабандии он баъдан ин равиш ба як усули бознамоии сарҳади таърихии оилаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ, ки забони тоҷикӣ идомаи таърихии онҳост мубаддал гаштааст. Ҳамин ҳадаф ба унвони як равиши хос дар фасли дуюми боби аввали китоби мавриди назар, ки «Давраҳои таърихӣ ва даврабандии таърихи забони тоҷикӣ» ном дорад, табдил ёфтааст.

Дигар равиши корбастшуда дар ин раванд ба инобат гирифтани муштаракоти забонӣ, фарҳангӣ ва расму одатҳои диниву мардумӣ ба ҳисоб меравад. Муаллиф бо маводҳои гирдовардашуда дар бознамоии марзҳои фарҳангӣ як андоза дар доираи фосилаи калони замонӣ, ки чандин ҳазорсолаҳоро дар бар мегирад, мухтасаран ба муштаракоти ин забонҳо ишораҳо намудааст. Дар ин бахш манзараи умумии тасвири харитаи инкишофи забони тоҷикӣ дар як марҳилаи тулонии таърихӣ, ки аз ҳазораи дуюми пеш аз мелод то асри ҳозир доман паҳн кардааст, бо баёни хусусиятҳои се давра: давраи забони эронӣ, давраи миёна ё асримиёнагӣ ва давраи нав баррасӣ ёфтааст. Ба назар мерасад, ки ҳар як давра фарогири чандин қаламрави давлатҳои қудратманди ҳавзаи тамаддуни ориёӣ буда, баҳрамандие аз лаҳҷаву шеваҳои забонҳои ҳиндуаврупоӣ доштаанд.

Бо таҳқиқи решаҳои амиқи забон дар мисоли вожаи «тоҷик», ки ба ҳамин гуна масъалаҳо имрӯз ниёз доштани ҷомеаро бозгӯ менамояд, ин равиш идома пайдо мекунад. Ҳарчанд унвони фасли нахустини боби дуюм «Истиқлолият ва масъалаҳои тоҷикшиносӣ» номгузорӣ шудааст, вале бо назардошти ҷуғрофиёи фарҳангии забони тоҷикӣ ва фосилаи дурударози таърихӣ, ки як муддат бо ҳадафҳои маълум ин асли таърихӣ инкор ҳам мегардид, маҳдуд намонда, бо таҳлили масъалаҳои вобаста ба шинохти рукну пояҳои фарҳангофари ин мероси гаронмоя доманаи фарохи ҳамин сарҳади бегазандро пеши назар ба ҷилва овардааст.

Дар боби дуюм бо муродифоташ таҳлил шудани калимаи тоҷик аз қабили эронӣ, аҷамӣ, порсӣ, деҳқон ва ҳамчунин муродифоти тавсифиаш озод, озода, озодагон, озодазодагон, озоднажод ва озоданажод ба асли таърихӣ ва ҷӯғрофии қавмиятҳои сарзамини таҳҷойии минтақаҳои дар боло нишондодашуда ишорат мекунад.

Барои баровардани хулосаҳои дақиқи илмӣ дар ин маврид чанд далелҳо аз катибаҳо ва сиккаҳои бозёфтгардидаи бохтарӣ истифода шудаанд. Дар баробари ин забти муносибати мутақобилаи вожаи тоҷик, турк, аъроб, тоту сарт низ барои рӯшан баён гардидани матлаб кӯмак расондаанд, ки онро дар фасли дуюми боби дуюм «Муродифоти вожаи тоҷик» ба мушоҳида гирифта метавонем. Масалан, дар мавриди вожаи «сорт» ва «сарт» менависад: «Калимаи «сорт» ва «сарт» низ номи дигаре аст, ки тоҷикҳоро ба он ном мехонанд». Ҳамин тариқ бо овардани чунин мисолҳо дар бораи сарзамини онҳо менигорад: «Бояд ба назар гирифт, ки дар як солномаи тибетии соли 732 милодӣ тоҷикон ҳамчун сокинони бумии Эронии Осиёи Марказӣ ва ҳамсоягони наздики Чин дар ғарб ёд шуданд».

Ҳамин матлаб дар фасли сеюми боби дуюми китоби мазкур, ки «Хостгоҳ ва меҳани забони тоҷикӣ» ном гирифтааст, ҷой дорад. Яъне ин далелу асноди нави илмӣ як андоза ҳамовозиву ҷонибдории муборизаҳои Садриддин Айнӣ дар самти эътирофи ҳаққи тоҷикон ҳамчун сокинони бумии ин манотиқ мебошад, ки ин вазифа ҳам аз ҷониби Пешвои миллат ҳамчун ҳомиву пуштибони давлату фарҳанги ниёгон дар асри навин сарбаландона анҷом ёфта истодааст.

Бо пеш гузоштани замони пайдоиши забони тоҷикӣ дар фасли алоҳидаи китоб, ки ҳамин унвонро дорад, бо истифода аз маводи устуравӣ, сарчашмаҳои аҳди классикӣ ва пажуҳишоти илмии олимони дохиливу хориҷӣ ба андешаҳои баҳсноки ҷараёнҳое, ки соҳибияти тоҷиконро дар Осиёи Миёна дар даҳсоли дуюм ва сеюми асри гузашта инкор менамуданд, посухҳои сазовор додааст.

Аз истифодаи ин равиш бар меояд, ки забони форсӣ ва равобиту муносибатҳои он бо забонҳои дигар таваҷҷуҳи донишмандони хориҷиро ҳанӯз ҳазор сол муқаддам ба худ ҷалб кардааст, ки ин ҳам ба ҷуғрофиёи васеъ пайдо кардани ин забон дар байни забонҳои қудратманди ҷаҳонӣ дар ин давра ишорат мекунад. Масалан, дар такя аз муқаддимаи «Таърихи Табарӣ» ба аввалин нафароне мисли Каюмарс, ки мувофиқи маълумоти осори устуравӣ ба забони форсӣ нахустин маротиба сухан гуфтаанд, маълумот дода, бо овардани иқтибоси зерин аз «Таърихи Табарӣ» манзараи умумии масъаларо рӯшантар тасвир сохтаанд: «…Ва дигар ин буд, ки забони порсӣ аз қадим боз донистанд. Аз рӯзгори Одам то рӯзгори Исмоил пайғамбар ҳама пайғамбарон ва мулукони рӯйи замин ба порсӣ сухан гуфтандӣ. Ва аввал касе, ки сухан ба забони тозӣ гуфт Исмоил пайғамбар буд…Ва ин ҷо бад-ин ниҳоят забони порсист ва мулукони инҷониб мулуки Аҷаманд».

Мавриди баррасӣ қарор гирифтани номи имрӯзии забони модарии мо, яъне «забони тоҷикӣ» дар фасли охири боби дуюм яке аз равишҳои дигари муаллиф дар тадқиқи ҷӯғрофиёи интишори забони форсӣ дониста мешавад. Аз баррасии баъзе маълумотҳои таърихӣ аз ҷумла, аз навиштаҷоти бозёфтшудаи гимнҳои монавии ноҳияи Турфони Чин вохӯрдани калимаи тоҷик ба шакли «тоҷикона», ба чашм расидани кишваре ба шакли Тагзик дар маъхазҳои динии ҷумҳурии Тибет, ки мувофиқи нишондоди онҳо дар Осиёи Марказӣ ин кишвар воқеъ шудааст, нақши ин қавм ва забон ҳамчун «тоҷик» ё «таоҷӣ», «таочӣ» ва забони ба истилоҳ «тоҷикӣ» дар матнҳои бозёфтшудаи портӣ, суғдӣ, тибетӣ, чинӣ, туркӣ-ӯйғурӣ барҷаста инъикос ёфтааст.

Яъне ин калима бо асли таърихиаш дар канори ду муродифот «дарӣ» ва «форсӣ» аз матнҳои куҳани забонҳои дунё ба сифати ифодагари забони мардумони дорои ҳудуд ва қаламрави воҳиди сукунатӣ бо шаклҳо ва намудҳои ба худ хос боқӣ мондааст. Аз ин нуктаи назар, истилоҳи «забони тоҷикӣ» ба сифати номи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фасли чаҳоруми боби дуюм дорои ҳамин ном аст, метавонад чунин пайванду решаи қадимаи калимаи «тоҷик»-ро имрӯз дар ин шакл ҳам ҳамчун муродифоти калимаи «дарӣ» ва «форсӣ» ифода кунад.

Таваҷҷуҳи муаллифро дар раванди таъйини ҷуғрофиёи забони форсӣ оқибатҳои таъсири истилои аъроб дар боби сеюм ба худ ҷалб кардааст. Муаллиф дар тайи чаҳор фасли боби мазкур бо нишон додани муборизаҳо, қатлу куштори теъдоди бисёрҳазорнафараи одамон, ривоҷи дини ислом, ки дар ин сарзамин роиҷ набуд, ишғоли шаҳрҳои илмиву фарҳангӣ бо роҳи фишори иқтисодӣ ва бо ин роҳ ба пазириши ислом маҷбур сохтани сокинони маҳаллӣ ба бозгӯйии як марҳалаи мушкил, яъне рӯбарӯ шудани забони тоҷикӣ бо забоне, ки дар баробари он ҳувияти маънавии мардумони Миср, Ироқ, Сурия аз даст рафта буд, пардохтааст.

Мувофиқи маълумотҳои муаллиф адои яке аз рукнҳои ислом – намоз ба забони тоҷикии дарӣ ҳузури забони форсиро дар сарзамини ишғолнамудаи арабҳо ва баъдан ҷуғрофиёи ислом нишон медиҳад. Бо роҳҳои гуногун сокини шаҳрҳои Хилофат шудан, яке аз роҳҳои ривоҷи озодона ёфтани забони тоҷикӣ дониста шудааст. Санадҳои овардашуда инкишофи сартосарии забони форсиро дар шаҳрҳои Ироқ, Басра, Куфа ва баъдан Бағдод тасдиқ менамоянд. Ба таъбири дигар ин омил дар навбати аввал ба устувор гардидани мавқеи забони форсӣ агар боис гардида бошад, дар навбати дуюм тавассути ин забон василаи пайванди арзишҳои гузаштаи тоисломӣ ба давраи исломии халқи тоҷик пайдо шуд, ки ин раванд барои ба фосила ва ҷудоии маънавӣ дучор наомадани ду давраи таърихии ба ҳам алоқаманд ёрмандӣ кардааст.

Дар ин китоб бо бар шумурдани хидматҳои арзандаи нахустин сулолаҳои эронитабор, аз ҷумла Тоҳириён ва Саффориён зуҳури шоирони форсигӯй Муҳаммад ибни Васифи Сигзӣ, Бассоми Курд ва Муҳаммад ибни Мухаллади Сигзӣ ва руйи кор омадани аввалин қасидаҳои мадҳия дар васфи Яъқуби Лайс дар замони Саффорӣ, вусъат пайдо кардани забони форсӣ дар баробари забони арабӣ, ки забони ягонаи ҷаҳони ислом маҳсуб мегардид, ба ҳамин масъала низ таваҷҷуҳ зоҳир шудааст.

Дигар равиш ҷорӣ намудани таҷрибаи девонсолории Сосониён тайи 50-60 сол дар хилофати араб, ки тавассути донишмандони эрониасл сурат мегирифт, мебошад. Бо истифодаи ин усул амри ҳисобӣ кардани вазифаи сулолаҳои эронӣ ба вуҷуд омадааст. Муаллиф бо назардошти ин масъала ба бознамоии анъанаҳои давлатдории тоисломии қавмҳои ориёӣ пардохтааст. Дар зимни эътирофи хидмати сулолаи Тоҳириён доир ба вусъат бахшидани заминаи девонсолории Сосониён дар хилофат асноди фаровон истифода шудааст ва ҳамчунин муаррифии нақши баъзе намояндагони хонадони Саффорӣ аз ҷумла, Яъқуби Лайс бо ҷалби аввалин суханварони порсигӯ ба сифати маснаднишини қаламрави давлати худ қарор додани забони форсӣ, сурат гирифтааст.

Равиши дигари арзёбии ҷуғрофиёи забон омӯзиши намунаҳои хати забони тоҷикӣ мебошад. Ин усули равишманд ба омилҳои рушди забони тоҷикӣ ба сифати забони илму истилоҳот, ки ба таври алоҳида дар боби чаҳоруми китоб фароҳам омадааст, нигаронида шудааст. Ба ифодаи дигар, интишори ин ганҷинаи нодир алоқамандӣ ба дороиҳои адабӣ, сарфиву наҳвӣ ва фаро гирифтани масоили илмҳои техникӣ, табииву риёзӣ ва ғайра дорад.

Баррасии намунаҳои хати алифбои арабиасос ва пеш аз алифбои арабиасос як василаи муҳимми тадқиқот дар ин бахш мебошад. Ҷумлаву калимаҳои ҷудогонаи тоҷикии дар сарчашмаҳои арабӣ корбастшуда барои бозгӯии собиқаи ҳаштсадсолаи истифодаи расмии он пеш аз ривоҷи алифбои арабӣ дар ин қаламрав, ки бо хатҳои гуногун то замони мо боқӣ мондаанд, ёрмандӣ кардааст. Яъне арзёбии хатҳои роиҷи он давра дар сарзамини Ориёии шарқӣ, ки имрӯз сарзаминҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Эрони шарқӣ, Ӯзбекистон, Туркманистон, бахше аз Қазоқистону Қирғизистон ва Чини ғарбӣ (Хутану Қошғар ва Тахористони сағир)-ро дар бар мегирад таҳти унвони юнонӣ, оромӣ (паҳлавӣ, суғдӣ хоразмӣ), монавӣ, ҳиндӣ корбурди тамом дошта, фосилаи гузариш ба хати арабиасос ҳудудан тайи дусад сол муқаррар гардидааст. Далелҳо собит кардаанд, ки аз лиҳози сохтори забонӣ байни матни бозёфгардидаи давраи алифбои арабӣ ва пеш аз алифбои арабӣ бо гузашти наздик ба сад сол фарқи зиёде боқӣ намондааст.

Гирдоварии намунаҳои куҳантарини забон дар назму насри забони арабӣ, аз ҷумла 41 вожаву таркиби форсӣ, ки имрӯз ҳам истифодаи онҳо роиҷ мебошад, аз замони пайғамбар ва қабл аз он, шеърҳои кӯтоҳи боқимонда, ки ҳамчун нахустин гунаҳои шеъри форсӣ дар фанни таърихи адабиёт омӯхта мешаванд, ба ҷӯғрофиёи интишори забони модарии мо ба сифати яке аз забонҳои қадимаи таъсиргузор ва дорои таърихи дурудароз ишорат мекунад.

Дигар равиши истифодакардаи муаллиф дар бозгӯии интишори забони форсӣ арзёбии раванди ташаккули истилоҳот дар шаш давра мебошад. Дар ин бахш бо назардошти таълифи қадимтарин осори илмии форсӣ, ки намунаҳои онро ба таври барҷаста дар фаслҳои алоҳидаи китоб зикр кардааст, қаламравҳои интишори ҳамин гуна арзишҳои адабиро то давраи соҳибистиқлолӣ дар ҳамин шаш давра нишон додааст.

Дар китоби мазкур ба омилҳои сиёсӣ ва кӯшишу ҳимояти асосгузорону таъсисдиҳандагони сулолаҳои эрониасл, аз ҷумла давраи ҳукмронии Сомониён, ки забони тоҷикӣ забони расмӣ эътироф гардида буд, рабт доштани боландагӣ ва шукуфоии забони тоҷикӣ бозгӯ гардидааст. Ҳамчунин муаллиф дар муаррифии хидматҳои фарҳангии ин сулола, аз қабили адабдӯстӣ, таъсиси китобхонаи зиёд, ҷалби шоирону донишмандон ба дарбор ва монанди инҳо на ин ки заминаҳои шукуфоии забонро дар ин қисмати китоб нишон додааст, балки дурнамои рушди илму маорифро бо ин забон дар қаламравҳои сулолаҳои дигар, ба монанди Ғазнавиён, Зиёриён, Повандиён, Оли Бӯя, Салчӯқиён, Ғӯриён, Хоразмшоҳиён дар фаслҳои алоҳидаи китоб муайян сохтаанд. Дар ин бахш, омӯзиши хусусиятҳои шаш қарни ба истилоҳ «шоҳаншоҳии забони тоҷикӣ» ба сифати забони байналмилалӣ табдил ёфтани он маълумот дода шудааст. Дар идомаи чунин ҷӯсторҳо нақши давлати Салчӯқиён, ки дар қаламрави азим, яъне аз соҳилҳои баҳри миёназамин то ҳудуди Чин домана дошт, алоҳида қайд гардидааст. Мувофиқи иттилооти фароҳамомада ин замон барои ҳамаи қавҳо вазифае, ки дар оғози густариши ислом забони арабӣ ва дар асрҳои миёна забони лотинӣ барои илму маърифати Аврупо доштанд, забони тоҷикӣ онро ҳамчун забони муоширати байналмилалӣ ба шоистагӣ анҷом медод. Муаллиф дар ин ду боб аз оқибатҳои кишваркушои пешвоёни ин сулола, аз ҷумла Сабуктегину Султон Маҳмуди Ғазнавӣ ба Ҳинду Синд, Ироқу Сурия, Осиёи Сағир ва тарбияи адибони форсинавис дар дарбори амирони Ғур мисли Носириддин Кубоча ва Шамсиддин Илтутмиш, ҳамчунин аҳли фазлу адаб будани подшоҳони Деҳлӣ Ҷаҳҷӯ, Муҳаммад Қоон, Султон Алоуддини Халчӣ ба сароҳат ёдоварӣ карда, шукӯҳу шаҳомати забони тоҷикиро ҳамчун забони байналмилалӣ ҷилвагар сохтаанд.

Ҳамин тариқ, бо истифода аз равишҳои мазкур Пешвои миллат ҳамчун як ҳомиву пуштибони таъриху фарҳанг, забону ойинҳои мардумӣ як меҳрномаи садоқату эътиқодоти фарзандии хешро ба шоистагӣ дар ҷодаи рӯйи кор овардани тадқиқотҳои арзишманд ба халқу миллати хеш фароҳам сохта, дар канори ҳамин гуна масоил ба сифати фарзанди фарзонаи замон дар умқи таърих дар батни саҳифаҳои бозмонда, ки имрӯзу фардои миллатро таҷассум менамоянд, назар намуда, бо роҳандозии чунин барномаҳои арзанда ҷуғрофиёи интишори забони тоҷикиро дар тайи чандинҳазорсолаи таърихӣ бознамоӣ кардаанд.

Абдуллоев Ромиз,

дотсент, мудири кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикии

Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии

Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ