​ПАЁМИ ИСТИҚЛОЛ: ДАСТОВАРДИ УСТОДОНИ ДОНИШГОҲ ХУҶАСТА БОД!

Ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» Набизода Мирзотоҳир Сайфиддин устодони Донишгоҳро ба муносибати сазовор гардидан бо медали “Хизмати шоиста” самимона табрик намуда, иброз дошт, ки ин дастоварди назаррас натиҷаи заҳмати пайваста, фаъолияти сермаҳсул, донишу таҷриба ва садоқат ба илму маориф ва тарбияи насли ҷавон мебошад.

Таъкид гардид, ки соҳиб шудан ба чунин мукофоти давлатӣ барои ҳар як омӯзгор ва муассисаи таълимӣ мояи ифтихор ва сарфарозӣ буда, қадами муҳим дар рушди минбаъдаи фаъолияти касбӣ ва илмӣ ба ҳисоб меравад.

Инчунин ректори Донишгоҳ миннатдории худро барои таваҷҷуҳу дастгирии доимӣ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода баён намуд.

Изҳори умед ва боварӣ карда шуд, ки минбаъд низустодону олимони Донишгоҳ бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ фаъолияти хешро ба роҳ монда, бо нерӯи тоза ва меҳнати созанда дар пешрафти илму маориф саҳми хешро мегузоранд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ