Паём – роҳнамои имрӯзу фардои миллат

Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аъзоёни Маҷлиси миллии кишвар ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ нигаронида шудааст, вале он ҳар як шаҳрванди Тоҷикистонро бетараф нагузошт. Дар Паёми имсолафаъолияти давлати соҳибистиқлоли мо дар дохил ва муносибатҳои байналхалқӣ мавриди таҳлили амиқ қарор гирифт. Аз як ҷониб, комёбиҳои як соли сипаришуда, ки дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ бо далелҳо собит гардиданд, мардуми меҳнатқарини кишварро руҳбаланд кард. Хусусан ба андозаи 10% зиёд шудани нафақаи калонсолон ва 30% афзудани маоши соҳаҳои буҷетӣ, аз ҷумла, олимону омӯзгорон нишони тинҷиву осоиштагӣ ва таҳкими пояҳои давлатдории тоҷикон дар вазъи нооромии бемисл ва даргириҳои фоҷиаовар дар миқёси ҷаҳон мебошад.
Паёми Президентро на танҳо узви мақомоти олии қонунгузори мамлакат – Парлумон, балки намояндагони тамоми шохаҳои ҳокимият ва сохторҳои идоракунӣ – вазорату идораҳо, муассисаҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони сафоратхонаҳои давлатҳои хориҷӣ, васоити ахбори умум, тамоми аҳли ҷомеа, умуман кулли шаҳрвандони мамлакат тамошо карда, ба суханронии роҳбари давлат чун барнома, ҳидоятнома таваҷҷуҳи амиқ ва хоса зоҳир менамоянд. Аз Паёми шунидашуда маълумот, далелу рақамҳои нав, иттилооти муҳим ба даст меоранд ва барои фаъолияти минбаъдаи хеш дастуру супоришҳои мушаххас мегиранд.
Бори дигар воқеан сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи рукнҳои давлатдории миллӣ собит гардид. Барҳақ, ба ҷаҳониён аён гашт, ки Тоҷикистон кишвари амн аст, ҳар як сол онро ба зинаҳои баландтари комёбиҳо мушарраф мегардонад.
Аз Паёми имсола дар қатори дастовардҳо корҳои дарпешистода низ мушаххасан вазифагузорӣ шуданд. Намояндагони соҳаҳои хоҷагии халқ, касбу кори гуногун, аз сардор то коргари одӣ вазифаҳои худро тибқи боз ҳам беҳтар кардани натиҷаҳои фаъолияти касбии худ идрок намуданд. Аз ҷумла, дар Паём таъкид гардид, ки омӯхтан ва дар фаъолияти касбии худ ба кор бурда тавонистани забонҳои хориҷӣ, бахусус забонҳои маъруфи англисию русӣ талаби айём аст. Дар шароити рушди босуботи ҳамкориҳои байналмилалӣ ва вусъат ёфтани ҳамгироии Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ талабот ба мутахассисоне, ки сатҳи касбияти баланд дошта, забонҳои хориҷӣ, махсусан, русӣ ва англисиро хуб медонанд, рӯз ба рӯз меафзояд. Бинобар ин, зарур аст, ки омӯзиши забонҳои хориҷӣ аз зинаи таҳсилоти томактабӣ ба роҳ монда шавад.
Пешвои миллат дар бораи зарурати рушди забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ ва такмили таълими онҳо аз ибтидои даҳсолаҳои аввали асри ХХI вазифагузорӣ мекунанд. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор карда шуданд, ки ҷиҳати таҷдиди назар кардани стандартҳо ва нақшаву барномаҳои таълимӣ, ворид намудани воҳидҳои нави кории омӯзгорони забонҳои хориҷӣ, таҳияи маводи муосири таълимӣ, истифодаи босамари технологияҳои рақамӣ, усулҳои навини омӯзиши забон ва такмили маҳорати касбии омӯзгорон чораҳои қатъӣ андешанд. Ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки ҳамаи пешравию пирӯзии ҳар як давлат ва ҷомеаро мактабу маориф ва илму дониш таъмин мекунад.
Дар баробари ин, таъкид гардид, ки сабаби асосии бадбахтии ҳар як миллат ва давлат эътибор надодан ба сифати мактабу маориф, саҳлангорӣ кардан ба тарбияи кӯдак аз хурдсолӣ ва фароҳам наовардани муҳити мусоид барои таълиму тарбия мебошад. Яъне то вақте, ки тамоми ҷомеа ба мактаб ва низоми маориф рӯй наоварад, миллат дастнигар, хору зор, таҳқиргашта ва афроди он моил ба ҳама гуна ҷиноятҳои сангину пешгӯйинашаванда боқӣ хоҳанд монд. Аз ин лиҳоз, Пешвои миллат хулоса карданд, ки сифати давлат на ба шумораи аҳолӣ, балки ба сифати аҳолӣ вобаста мебошад.
Ҳамчунин қайд гардид, ки Ҷавонон қишри фаъолтарини ҷомеа ва идомадиҳандаи кору пайкори насли калонсол мебошанд ва маҳз онҳо масъулияти фардои кишвари соҳибистиқлоли худро ба дӯш хоҳанд гирифт. Ҷавононамон нисбат ба Ватан меҳру муҳаббати самимӣ доранд, Ватанро сидқан дӯст медоранд, ба арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ арҷ мегузоранд, иродаи мустаҳкам доранд ва сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати мамлакатро бо ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ дастгирӣ мекунанд. Дар чунин шароит омода кардани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, эътибори ҷиддӣ додан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ вазифаи муҳимтарини роҳбарону масъулини соҳа ва аҳли маориф мебошад».
Хусусан, мо бояд тамоми саъю талоши худро ба хотири амалӣ намудани корҳои ба ифтихори 35-солагии истиқлоли давлатӣ пешбинигардида, яъне ободии Ватанамон, пешрафти давлатамон ва боз ҳам беҳтар гардидани шароити зиндагии мардумамон равона созем.
Ҳамин тавр, Паёми Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дорои мазмуну муҳтавои хеле пурарзиш, ҳадафрас ва таҷассумгари вазъи кунунии сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳанги миллат, дурнамо ва паёмадҳои хушоянди фардои миллат, орзуву омоли халқи тоҷик дар роҳи бунёди Тоҷикистони ободу озод ва шукуфону мутараққӣ мебошад.
Воҳидова Н.А., н.и.ф., муаллими калони кафедраи забоншиносӣ ва типологияи муқоисавии факултети забонҳои хориҷӣ