Озмуни “Қироати шеър, суруд ва монолог”
Бахшида ба «Рӯзи байналмилалии забони арабӣ» дар факултети забонҳои шарқ байни донишҷӯёни ихтисоси забони арабӣ озмуни “Қироати шеър, суруд ва монолог” доир гардид.
Дар озмуни мазкур мудири кафедраи грамматикаи забони арабӣ, дотсент Муродзода Нодира ва устодони масъули ин чорабинӣ Қурбонова Сарвиноз ва Низомова Саидахон иштирок ва доварӣ намуданд.
Донишҷӯёни курсҳои 1 то 4 бо маҳорати баланд ва истеъдоди худ дар қироати шеър, иҷрои суруд ва монологҳои арабӣ ҳунарнамоӣ карданд.
Мақсади асосии озмун бедор намудани истеъдоду малакаи шеърхониву сурудхонӣ дар донишҷӯён, инчунин такмили сатҳи забондонӣ ва тавсеаи маърифати онҳо мебошад.
Интизор меравад, ки ғолибони озмун дар маросими ҷамъбасти ҳафтаи забони арабӣ қадр хоҳанд шуд.
Маркази иттилоот ва таҳлил