​Озмуни "Беҳтарин таҷрибаомӯз"

Бо ташаббуси кафедраи методикаи таълими таърих ва ҳуқуқ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи касбияти донишҷӯён озмуни "Беҳтарин таҷрибаомӯз" оғоз гардид.

Дар доираи ин иқдом дарсҳои таҷрибаомӯзон аз ҷониби устодони кафедра таҳлил гардида, нуктаҳои пешрафт ва такмили фаъолияти онҳо баррасӣ мешаванд.

Гуфта мешавад, ки баъд аз ҷамъбасти озмун ғолибон қадр хоҳанд шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ