​Озмун: Ихтироъкор ва навовари беҳтарин

Муассисаи давлатии таълимии “ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва бахшида ба эълон гардидани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” бо мақсади дарёфти истеъдодҳои ҷавону лаёқатманд, ихтирокору навовар озмуни донишгоҳиро таҳти унвони “Ихтироъкор ва навовари беҳтарин” эълон менамояд.

Озмуни “Ихтироъкор ва навовари беҳтарин”дар самтҳои барномасозӣ ва низомҳои иттилоотӣ, дизайн ва меъморӣ, сохтмон, экология, геология, энергияи барқароршаванда, таҷҳизоти мошинсозӣ, маркшейдерӣ, металлургия, кӯҳкорӣ, техникаю технология ва илмҳои табиатшиносӣ гузаронида мешавад.

Ба озмун ихтирооте, ки ба ҷоизаҳо, озмунҳои дигар пешбарӣ шудаанд ё бо ягон намуд мукофот қаблан сарфароз гардидаанд, қабул карда намешавад.

Даври донишгоҳии озмун санаи 6.10.2022 дар бинои асосии Раёсати донишгоҳ баргузор мегардад. Дар озмун донишҷӯён, магистрантон, докторантон аз рӯи ихтисоси Phd ва олимони ҷавони то 30 сола иштирок карда метавонанд.

Ғолибони озмун аз тарафи Раёсати донишгоҳ бо диплом ва мукофоти пулӣ қадрдонӣ карда мешаванд.

Шӯъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ, бинои асосии раёсати донишгоҳ, утоқи 105

Телефон барои тамос: 93-780-05-24,

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ