ОМИЛҲОИ АСОСИИ ШОМИЛШАВИИ ҶАВОНОН БА ҲИЗБУ ҲАРАКАТҲОИ ҒАЙРИҚОНУНӢ
Ҷавонон қишри фаъол, созанда ва неруи асосии пешбарандаи ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Ояндаи ҳар як давлат аз сатҳи маърифат, ҷаҳонбинӣ, дониш, фарҳанг ва мавқеи шаҳрвандии ҷавонони он вобастагии зиёд дорад. Ҷавонони солимфикр, соҳибмаърифат ва ватандӯст метавонанд дар рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва сиёсии ҷомеа саҳми арзанда гузоранд. Аз ин рӯ, тарбияи дурусти насли ҷавон яке аз масъалаҳои муҳиvми ҷомеаи муосир мебошад.
Дар баробари имкониятҳои мусбат, дар ҷаҳони имрӯза як қатор таҳдидҳо низ вуҷуд доранд. Яке аз чунин масъалаҳо шомилшавии баъзе ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ва гурӯҳҳои ифротӣ мебошад. Ин падида метавонад на танҳо ба ҳаёти шахсии ҷавонон, балки ба амнияти ҷомеа ва суботи давлат таъсири манфӣ расонад.
Дар шароити рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ, интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ аҳаммияти бештар пайдо кардааст. Зеро ҷавонон ҳар рӯз бо иттилооти гуногун рӯ ба рӯ мешаванд ва на ҳама вақт метавонанд маълумоти дурусту нодуруст, андешаи созандаву ифротиро аз ҳам фарқ кунанд. Аз ин рӯ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва иттилоотии ҷавонон яке аз роҳҳои муҳимми пешгирии ин мушкилот ба шумор меравад.
Шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳо ва ҳаракатҳои ғайриқонунӣ сабабҳои гуногун дорад. Дар бисёр ҳолатҳо ин раванд бо як сабаби ягона вобаста нест, балки натиҷаи таъсири якчанд омил мебошад. Яке аз омилҳои муҳим надоштани дониш ва маърифати кофӣ мебошад. Ҷавоне, ки аз таърих, фарҳанг, арзишҳои миллӣ, қонунгузорӣ ва моҳияти равандҳои сиёсиву иҷтимоӣ маълумоти кофӣ надорад, метавонад ба ҳар гуна иттилооти бардурӯғ бовар кунад. Гурӯҳҳои ифротӣ баъзан аз ҳамин заъфи маърифатӣ истифода бурда, ҷавононро бо ваъдаҳои гуногун ба худ ҷалб менамоянд.
Муҳити оила ва тарбия низ аҳаммияти калон дорад. Оила аввалин муҳити тарбиявии инсон мебошад. Агар байни волидон ва фарзандон муносибати солим, самимӣ ва боэътимод вуҷуд дошта бошад, ҷавон метавонад мушкилоти худро озодона ба аҳли оила баён намояд. Баръакс, набудани таваҷҷуҳ ба ҳаёти фарзанд, муносибати бепарвоёна ва назорати нодуруст метавонанд ӯро ба муҳитҳои номатлуб наздик созанд.
Омили дигар таъсири муҳити атроф ва дӯстони номуносиб мебошад. Ҷавонон бештар ба муҳити ҳамсолони худ таъсирпазиранд. Агар дар байни дӯстони онҳо шахсоне бошанд, ки ақидаҳои ифротӣ ё зиддиқонунӣ доранд, эҳтимоли таъсирпазирии ҷавон зиёд мешавад. Аз ин рӯ, интихоби дурусти дӯстону муҳити иҷтимоӣ низ хеле муҳим аст.
Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ низ яке аз омилҳои таъсиркунанда дар коста гардидани тарбияи насли ҷавону наврас мебошад. Дар замони муосир интернет яке аз воситаҳои асосии гирифтани иттилоот мебошад. Ҷавонон тавассути интернет метавонанд донишҳои зиёд ба даст оранд, бо ҷаҳон шинос шаванд ва имкониятҳои нави таҳсилу корро пайдо кунанд. Аммо дар баробари ин, интернет метавонад барои паҳн намудани маълумоти бардурӯғ ва ғояҳои ифротӣ низ истифода шавад. Шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҷавонон имкон медиҳанд, ки бо одамони гуногун муошират кунанд. Мутаассифона, баъзе гурӯҳҳои ғайриқонунӣ низ аз ин имконият истифода бурда, ҷавононро тавассути паёмҳо, наворҳо ва маводи таблиғотӣ ба худ ҷалб менамоянд.
Бинобар ин, ҷавонон бояд саводи иттилоотӣ дошта бошанд. Онҳо бояд пеш аз бовар кардан ба ҳар як маълумоти интернетӣ манбаи онро санҷанд, ба хабарҳои шубҳанок зуд бовар накунанд ва аз паҳн кардани маводи дорои мазмуни ифротӣ худдорӣ намоянд. Маҳз қобилияти таҳлил кардани иттилоот ба инсон имкон медиҳад, ки таъсири манфии таблиғоти зарароварро кам намояд. Ҳар як ҷавон бояд дарк кунад, ки истифодаи интернет танҳо имконият нест, балки масъулият низ мебошад.
Шомил шудан ба гурӯҳҳои ғайриқонунӣ метавонад барои худи ҷавон ва наздикони ӯ оқибатҳои вазнин дошта бошад. Пеш аз ҳама, чунин фаъолият метавонад боиси вайрон шудани муносибати ҷавон бо оила, дӯстону наздикон ва ҷомеа гардад. Ҷавоне, ки ба гурӯҳҳои ғайриқонунӣ ҳамроҳ мешавад, метавонад имкониятҳои таҳсил ва фаъолияти қонунии худро аз даст диҳад. Инчунин, фаъолияти ғайриқонунӣ метавонад боиси ба ҷавобгарӣ кашида шудани шахс гардад. Аз ин рӯ, ҳар як ҷавон бояд пеш аз қабули қарор оқибатҳои онро ба таври ҷиддӣ андеша кунад, зеро оқибатҳои чунин раванд танҳо ба як нафар маҳдуд намешаванд. Вақте ҷавон ба роҳи нодуруст меравад, оила низ аз ҷиҳати маънавӣ ва иҷтимоӣ зарар мебинад. Боварии байни аъзои оила коста шуда, волидон ва дигар наздикон ба ташвиш меафтанд.
Аз ҷиҳати ҷамъиятӣ низ паҳншавии ғояҳои ифротӣ метавонад ба сулҳу субот ва ҳамдигарфаҳмии шаҳрвандон таъсири манфӣ расонад. Ҷомеаи устувор танҳо дар ҳолате рушд мекунад, ки шаҳрвандон қонунро эҳтиром намуда, аз руи он зиндагӣ кунанд.
Барои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ пеш аз ҳама баланд бардоштани сатҳи маърифат ва ҷаҳонбинии онҳо зарур аст. Саҳми мактабҳо ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ, аз ҷумла муаллимону омӯзгорон дар масъалаҳои тарбияи ҳуқуқӣ калон мебошад. Ҷавонон бояд қонунҳои давлат, ҳуқуқу вазифаҳои худро хуб донанд, зеро донистани қонун ба инсон ҳангоми қабули қарор, масъулиятнокӣ дар назди ҷомеа кӯмак мекунад.
Гузаронидани вохӯриҳо, семинарҳо, мизҳои мудаввар ва чорабиниҳои фарҳангӣ аз тарафи муассисаҳои таълимӣ метавонад ба баланд шудани маърифати ҷавонон мусоидат кунад. Ҳамчунин, фароҳам овардани имкониятҳои таҳсил, касбомӯзӣ, варзиш ва фаъолияти эҷодӣ муҳим аст. Ҷавоне, ки вақти худро сарфи донишомӯзӣ, варзиш, мутолиа ва корҳои созанда мекунад, камтар зери хатари пайвастан ба муҳитҳои номатлуб қарор мегирад.
Нақши оила низ дар пешгирии ин раванд хело муҳим аст. Волидон бояд бо фарзандон муносибати дӯстона дошта бошанд, ба мушкилоти онҳо диққат диҳанд ва кӯшиш кунанд, ки фарзанд худро дар муҳити оила бегона эҳсос накунад. Муоширати самимӣ метавонад бисёр мушкилотро пеш аз пайдо шудани оқибатҳои ҷиддӣ ҳал намояд.
Худи ҷавонон низ дар пешгирии ин масъала масъулияти калон доранд. Ҳар як ҷавон бояд дарк кунад, ки ояндаи ҷомеа аз фаъолияти имрӯзаи ӯ вобаста аст. Донишомӯзӣ, меҳнат, эҳтироми қонун, муносибати хуб бо дигарон ва дӯст доштани Ватан бояд қисми муҳимми ҳаёти ҳар як ҷавон бошад. Ҷавонон бояд ба таърих ва фарҳанги миллии худ эҳтиром гузоранд. Донистани забон, фарҳанг, анъана ва таърихи халқи худ барои ташаккули ҳисси худшиносии миллӣ мусоидат мекунад. Ҳамзамон, ватандӯстӣ маънои онро надорад, ки инсон бояд танҳо сухан гӯяд. Ватандӯстӣ пеш аз ҳама дар амал зоҳир мешавад: хуб таҳсил кардан, касби дуруст интихоб намудан, меҳнат кардан, қонунро риоя намудан ва ба ҷомеа манфиат расонидан. Ҷавонони соҳибмаърифат метавонанд бар зидди паҳншавии ғояҳои зараровар мавқеи дуруст дошта бошанд. Онҳо метавонанд ба ҳамсолони худ маълумоти дуруст расонанд ва онҳоро аз роҳҳои хатарнок дур созанд.
Ҳамин тавр, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ яке аз масъалаҳои муҳимми иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад. Сабабҳои асосии ҷалби ҷавонон ба чунин гурӯҳҳо камбуди дониш, мушкилоти иҷтимоӣ, таъсири муҳити атроф, истифодаи нодурусти интернет ва дигар омилҳо маҳсуб ёфта, мубориза бо ин падида истифодаи маҷмуи тадбирҳои самараноки таълимӣ, иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва фарҳангиро тақозо менамояд.
Барои пешгирии ин раванд ҳамкории оила, муассисаҳои таълимӣ, ҷомеа ва худи ҷавонон зарур аст. Пеш аз ҳама, бояд барои ҷавонон шароити хуби таҳсил, кор, истироҳат ва рушди шахсӣ фароҳам оварда шавад. Ҷавон бояд хуб донад, ки ҳар як қарори ӯ метавонад ба ояндаи худ ва наздиконаш таъсир расонад. Аз ин рӯ, пеш аз ҳамроҳ шудан ба ҳар гуна гурӯҳ ё қабули маълумоти интернетӣ зарур аст, ки қонунӣ будани фаъолият ва дурустии иттилоот санҷида шавад.
Дар маҷмуъ, ҷавонони босавод, ватандӯст, ҳуқуқшинос ва масъулиятшинос қувваи бузурги ҷомеа мебошанд. Агар ин нерӯ ба роҳи дониш, меҳнат, илм, фарҳанг ва созандагӣ равона карда шавад, ҷавонон метавонанд дар рушди давлат ва ҷомеа саҳми хеле муҳим гузоранд. Аз ин рӯ, пешгирии ҷалби ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди ҳамаҷонибаи онҳо вазифаи муштараки оила, ҷомеа ва давлат мебошад.
Абдуллоева Меҳриниссо,
доктори илмҳои педагогӣ, профессор,
декани факултети забонҳои хориҷии Муассисаи давлатии таълимии
«Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»