Олимпиада: таҳкими маърифати донишҷӯён
Дар кафедраи географияи табиии факултети геоэкология ва туризм давраи дуюми олимпиадаи донишҷӯён аз фанни географияи табиӣ баргузор гардид. Дар олимпиада 7 нафар донишҷӯён, ки дар даври аввали олимпадаи фаннӣ ҷойҳои намоёнро ишғол кардаанд, иштирок намуданд.
Ба донишҷӯён 10 саволномаи хаттӣ, кор бо харитаҳои географӣ ва масъалаҳои географӣ аз фани “Геологияи умумӣ”, “Заминшиносии умумӣ” ва “Географияи табии Тоҷикистон” пешниҳод шуд.
Ҳадаф аз ин ташаббус таҳкими маърифати донишҷӯён заминаи мусоид фароҳам меоварад.
Маркази иттилоот ва таҳлил