Оғози таҷрибаомӯзии педагогии донишҷӯёни ихтисоси «Забон ва адабиёти тоҷик. Рӯзноманигорӣ»

Тибқи низомномаи таҷрибаомӯзии педагогии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаи таълим, донишҷӯёни курси 4-уми ихтисоси «Забон ва адабиёти тоҷик. Рӯзноманигорӣ» ба таҷрибаомӯзии педагогӣ сафарбар гардиданд.

Таҷрибаомӯзӣ аз 27 январи то 7 марти соли 2025 дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №6 ва №12-и шаҳри Хуҷанд баргузор мегардад. Донишҷӯён ба ду зергурӯҳ тақсим шуда, ба онҳо устодони масъул вобаста карда шуданд.

Дар ҷаласаи ифтитоҳии таҷрибаомӯзӣ, ки дар факултети филологияи тоҷик баргузор шуд, ба донишҷӯён тартиби таҷрибаомӯзии педагогӣ шарҳ дода шуд. Мудири кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума дотсент Замира Сатторова оид ба қоидаҳои таҷрибаомӯзӣ, аз ҷумла муносибати дуруст бо хонандагон, риояи меъёрҳои ахлоқӣ ва сару либоси тавсиявӣ ба донишҷӯён маълумот дод.

Тибқи барномаи таҷрибаомӯзӣ, дар ҳафтаи аввал донишҷӯён ба дарсҳои омӯзгорони ботаҷрибаи муассисаҳо иштирок намуда, методикаи дарсгузарӣ ва равишҳои таълимиро меомӯзанд. Мушоҳидаҳо ва хулосаҳои худиро дар ҳуҷҷатҳои корӣ қайд менамоянд.

Зикр шуд, ки ҳамасола Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҳамкориҳои худро бо муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, гимназияву литсейҳои шаҳри Хуҷанд густариш дода, донишҷӯёнро барои таҷрибаомӯзӣ ба ин муассисаҳо мефиристад. Ин раванд ба такмили малакаи касбии донишҷӯён мусоидат намуда, онҳоро барои фаъолияти минбаъда омода месозад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ