Оғози ҳафтаи илм дар факултети забонҳои шарқ

Дар факултети забонҳои шарқ ҳафтаи илм оғоз гардид. Декани факултет дотсент Эҳсонзода Малоҳат чорабиниро ифтитоҳ бахшида, дар мавриди нақшаи чорабиниҳо давоми ҳафта ва аҳаммияти он ибрози назар намуд.
Аз ҷониби доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи забон ва адабиёти тоҷик Фахриддин Насриддинов дар мавзуи «Аҳамияти асарҳои мафқуди донишмандони тоҷик дар тоҷикшиносӣ» маърӯза шунида шуд. Мавсуф дар бораи осори азбайнрафтаи донишмандони тоҷик ва чӣ гуна барқарор намудани матнпораҳои он ибрози назар намуд.
Қайд гардид, ки бо шарофати Истиқлоли давлатӣ имконияти барқарор намудани осори азбайнрафтаи олимони миллати мо фароҳам омадааст.
Ҳамзамон, киитобҳои тозанашри факултет, аз ҷумла китоби «Сад ҳикмати Конфутсий» ва «Манам Куруш – шаҳриёри ошноиҳо», ки аз ҷониби устодони кафедраи забонҳои форсӣ ва хитойӣ омода гардидааст, муаррифӣ шуд.
Маркази иттилоот ва таҳлил