ОҒОЗИ 35-УМИН СПАРТАКИАДАИ ВАРЗИШИИ «САЛОМАТӢ»

Ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 20 январ 35-умин Спартакиадаи варзишии «Саломатӣ» миёни ҳайати профессорону омӯзгорони Донишгоҳ аз рӯи намудҳои шоҳмот, шашка, тенниси рӯи миз ва баскетбол баргузор гардид.

Ҳадафи асосии ин чорабинӣ тарғиби тарзи ҳаёти солим, таҳкими ҳифзи саломатии кормандон, инчунин, омодасозии омӯзгорон барои иштирок дар спартакиадаҳо ва мусобиқаҳои варзишии сатҳи шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ мебошад.

Дар маросими ифтитоҳи спартакиада муовини ректор оид ба корҳои тарбия Бахтиёр Маҳмудзода баргузории чунин чорабиниҳои варзиширо омили муҳимми таҳкими саломатӣ, рушди руҳияи варзишӣ ва густариши дӯстиву ҳамбастагӣ миёни кормандони Донишгоҳ арзёбӣ намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки 35-умин Спартакиадаи варзишии Саломатӣ» то 24 январи соли 2026 дар толорҳои варзишии Донишгоҳ баргузор гардида, ғолибон бо туҳфаҳо ва ифтихорномаҳои раёсати Донишгоҳ қадрдонӣ карда мешаванд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ