НИШАСТИ МАТБУОТӢ: ТАШАББУСҲОИ ДОНИШГОҲ ДАР САМТИ ТАЪМИНИ ПЕШРАФТИ РАВАНДҲОИ ФАЪОЛИЯТ
Мутобиқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаи тасдиқгардида санаи 28-уми июли соли 2025 нишасти матбуотии ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» Набизода Мирзотоҳир Сайфиддин бо иштироки беш аз 20 нафар намояндагони воситаҳои ахбори омма баргузор гардид.
Роҳбари Донишгоҳ иттилоъ дод, ки: «Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» давоми нимсолаи якуми соли 2025 фаъолияти худро дар заминаи татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар баён доштанд, инчунин қарору фармоишҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба роҳ монда, ҷиҳати беҳтар намудани сифати корҳои таълиму тарбия, илм ва инноватсия ва густариши робитаҳои байналмилалӣ тадбирҳои муҳимро амалӣ намуд. Таъсиси 24 ихтисоси наву замонавӣ дар зинаи бакалавр ва магистратура, дифои беш аз 30 рисолаи номзадӣ ва докторӣ, нашри беш аз 40 асари илмӣ ва дастурҳои таълимиву методӣ, ҷалби ҳарчи бештари устодон ва донишҷӯёни хориҷӣ ба донишгоҳ ва такмили ихтисосу табодули академии онҳо аз ҷумлаи иқдомҳои амалишуда маҳсуб меёбад».
Дар қисмати дуюми нишаст рӯзноманигорон доир ба таъсиси факултетҳои муштарак бо донишгоҳҳои хориҷа, аз ҷумла Ҷумҳурии Ӯзбекистон, рақобат миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҷиҳати ҷалби довталабон, муроҷиати шаҳрвандон, раванди супоридани имтиҳон аз ҷониби хатмкунандагон, ки ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ сафарбар шудан мехоҳанд, инчунин дастгирии моддии устодон, таъсиси гурӯҳҳои русӣ ва англисӣ, таъмини хатмкунандагон бо ҷойи корӣ, ҷалби мутахассисон барои ихтисосҳои вобаста ба зеҳни сунъӣ, таъсиси факултети журналистика ва дигар паҳлуҳои фаъолияти донишгоҳ суолгузорӣ намуданд, ки перомуни он аз ҷониби ректори Донишгоҳ посухи муфассал манзур гардид.
Дар охир ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» Набизода Мирзотоҳир Сайфиддин ҷиҳати иштирок дар кори нишаст ва ҳамкориҳои самаранок бо донишгоҳ ба рӯзноманигорон арзи миннатдорӣ намуд.
Роҳбари Донишгоҳ изҳори умед кард, ки равобити судманди намояндагони васоити ахбори омма бо донишгоҳ минбаъд низ густариш ёфта, ҷиҳати инъикоси набзи ҳаёти ин боргоҳи илму маърифат саҳми муассир мегузоранд.
Ректори Донишгоҳ Набизода Мирзотоҳир Сайфиддин омодагии худро дар самти таҳкими ҳамкориҳо ва қабули пешниҳоду дархостҳо ба рӯзноманигорон баён дошт.
Маркази иттилоот ва таҳлил