НАВГОНӢ: ЛАБОРАТОРИЯИ МУОСИРИ ТАЪЛИМӢ-БИОЛОГӢ ДАР ДДХ ИФТИТОҲ ЁФТ
15 декабри соли 2025 дар факултети биология ва химияи Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон лабораторияи наву муосири таълимӣ-биологӣ ба истифода дода шуд.
Дар маросими ифтитоҳ ректори Донишгоҳ Набизода Мирзотоҳир Сайфиддин иштирок намуда, ҳайати омӯзгорони факултетро бо ин дастоварди муҳим табрик гуфт. Ӯ таъкид кард, ки таъсиси лаборатория дар заминаи татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва дақиқ» амалӣ гардидааст.
Зикр гардид, ки лабораторияи нав барои баргузории машғулиятҳои лабораторӣ бо истифода аз асбобу аёниятҳои муосир имкониятҳои васеъ фароҳам меорад. Ин шароит ба донишҷӯён имкон медиҳад, ки донишҳои назариявии худро дар амал татбиқ намуда, малака ва маҳорати кор бо таҷҳизоти таълимиро таҳким бахшанд.
Дар доираи чорабинӣ ба роҳбарият, профессорон ва собиқадорони Донишгоҳ дастовардҳои илмӣ ва таълимии факултети биология ва химия ба маърази тамошо гузошта шуда, муфассал муаррифӣ гардиданд.
Иттилоъ дода шуд, ки таҷҳизоти воридгардида аз тахтаи интерактивӣ, препаратҳои тари ҳайвонот, микропрепаратҳо, тамсилаҳои чашм, дандон, сохтори КДН, мағзи сар, гӯши инсон, узвҳои нафаскашӣ, сохти дохилии инсон, дил, пӯст, гурда, инчунин скелети одам ва ҳайвонот, гербарийи растаниҳо, микроскопҳо, мулӯҳи сабзавот ва спектрофотометр иборат мебошад.
Бо истифода аз ин таҷҳизот омӯзгорон ва донишҷӯёни факултет метавонанд машғулиятҳои лабораториро аз фанҳои ботаника, зоология, анатомия, биологияи умумӣ, физиология ва гигиенаи одам дар сатҳи баланд баргузор намоянд. Қайд гардид, ки гербарийҳо барои омӯзиши сохтори морфологии растаниҳо, препаратҳои тари ҳайвонот барои шиносоӣ бо сохти морфологӣ ва анатомии онҳо, микропрепаратҳо барои омӯзиши соддатаринҳо ва тамсилаву мулӯҳҳо барои дарки сохтор ва вазифаҳои мағзи сар, дил, гурда, чашм, пӯст ва узвҳои ҳис истифода мешаванд.
Дар фарҷом ректори Донишгоҳ ба садорати факултет ва ҳайати омӯзгорони кафедра дастур дод, ки аз лабораторияи нав ва таҷҳизоти воридгардида самаранок ва мақсаднок истифода бурда, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи касбии мутахассисони оянда тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.
Маркази иттилоот ва таҳлил