​Натиҷагирӣ аз равандҳои фаъолият давоми соли 2024

Дар ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои олимони донишгоҳ ҳисоботи ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом барои соли 2024 шунида шуд.

Ректори донишгоҳ соли 2024 – умро барои Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров соли рӯйдодҳои таърихӣ ва дастоварду натиҷаҳои нишонрас унвон намуда, таъкид дошт, ки ташрифи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Минтақаи таълимӣ - таҷрибавии “Хуррамзамин”-и донишгоҳ ва иштирок дар бунёди боғи интенсивии зардолу, гелос ва токи ҳавозавӣ аз рӯйдоди муҳими сол маҳсуб ёфта, дастуру супориш ва мулоқоти Сарвари давлат бо роҳбарият ва масъулини донишгоҳ барои рушди мунтазами фаъолияти ин боргоҳи илму маърифат хидмати тӯлонӣ хоҳад кард.

Таъкид шуд, ки раёсати Донишгоҳ ва сохторҳои он давоми соли 2024 фаъолияти худро тибқи дастуру нишондодҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, дар ҳамаи самтҳои фаъолият тадбирҳои муҳимро роҳандозӣ намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар раванди таълим раёсати донишгоҳ ҷиҳати тайёр намудани кадрҳои тахассусманд ва ҷавобгӯ ба бозори меҳнат кафедраҳои филология ва методикаи таълими он, забоншиносӣ ва типологияи муқоисавӣ ва 7 ихтисоси наву замонавӣ дар зинаи бакалавр: “Забон ва адабиёти тоҷик. Забони хориҷӣ (забони англисӣ)”, “Забон ва адабиёти тоҷик. Психологияи амалӣ” (рӯзона ва ғоибона), “Бизнес-маъмуриятчигӣ”, “Китобхонашиносӣ ва китобшиносӣ” (ғоибона), “Математика физика (ғоибона)” ва “Психология (ғоибона)” ва дар зинаи магистратура ихтисоси “Молия ва қарз”-ро таъсис дода, дар ин замина, Иҷозатнома оид ба пешбурди фаъолияти таълимиро ба даст овард.

Дар ин давра дар назди донишгоҳ бо иштироки Сафири Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Ҷон Сонг Шик “Гӯшаи забон ва фарҳанги Куриё”, инчунин дар факултети забонҳои хориҷӣ Лабораторияи илмӣ-тадқиқотии магистрантон ва докторантон таъсис ёфт.

Маврид ба таъкид аст, ки дар донишгоҳ 978 нафар омӯзгор, аз ҷумла 50 нафар доктори илм, профессор, 440 нафар номзади илм, дотсент, 488 нафар муаллими калон ва муаллим фаъолият менамоянд, ки 50,2%-и теъдоди умумии омӯзгоронро устодони соҳибунвон ташкил медиҳанд.

Соли равон бо назардошти хизматҳои арзандаи устодони соҳибунвону соҳибтаҷриба 5-нафар бо медали “Хидмати шоиста”, 12 нафар бо нишони сарисинагии Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, 5 нафар бо нишони сарисинагии “Аълочии телевизион ва радиои Тоҷикистон”, 4 нафар бо ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, 7 нафар бо сипосномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд, 1 нафар Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд, 7 нафар бо ҷоизаи Бобоҷон Ғафуров ва 1 нафар бо Ҷоизаи Камоли Хуҷандӣ қадршиносӣ гардиданд.

Дар давраи ҳисоботӣ 12 китоби дарсӣ, 13 монография ва таҳияи матн, 35 дастури таълимӣ ва таълимӣ-методӣ, 23 маҷмӯаи мақолаи илмӣ, ки дар маҷмӯъ 73 номгӯро ташкил медиҳад, ба нашр расиданд. Бо қарори Мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 китоб, инчунин, беш аз 450 мақолаи илмии устодон дар маҷаллаҳои тақризшавандаи Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия рӯи чоп омаданд.

Давоми сол 8 Шурои диссертатсионӣ фаъолияти худро идома дод, ки нисбат ба соли гузашта 2 адад зиёд мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ тавассути Шуроҳои диссертатсионии донишгоҳ 27 нафар рисолаҳои номзадии худро ҳимоя намуданд, ки аз ин теъдод 13 нафар унвонҷӯи донишгоҳ мебошанд. Дар маҷмӯъ, дар соли 2024 дар донишгоҳ 35 нафар рисолаи номзадӣ ва 8 нафар рисолаи докториро ба дифоъ расониданд.

Гуфта шуд, ки дастоварди донишгоҳ дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ низ назаррас буда, устодону донишҷӯёни донишгоҳ дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” 6 ҷои намоён ва 7 ифтихорӣ, “Илм-фурӯғи маърифат” 4 ҷои намоён, 3 ҷои ифтихорӣ, озмуни ҷумҳуриявии “Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” 1 ҷои ифтихорӣ, олимпиадаи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Хирад моро ба дониш раҳнамун аст...» 2 ҷойи намоён ва 3 ҷойи ифтихорӣ, озмуни ҷумҳуриявии «Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон» 3 ҷои намоён ва 3 ифтихориро соҳиб гардиданд.

Ҳамчунин дар озмунҳои вилоятии “Ихтироъкорон ва навоварони ҷавони вилояти Суғд” 6 ҷои намоён, озмуни вилоятии “Донишҷӯи сол-2024” 1 ҷои намоёнро соҳиб гардиданд. Ҳамчунин дар озмуни вилоятии “Стипендияи Раиси вилояти Суғд” 14 нафар ғолибият ба даст оварданд.

“Дар самти тарбия соли 2024 бо иштироки бевоситаи кураторони гурӯҳҳои академӣ дар ҳамаи 18 факултет, 85 кафедра ва беш аз 500 гуруҳҳои академӣ дар атрофи гузоришу баромадҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мунтазам суҳбатҳо, дарсҳои тарбиявӣ, лексияву мулоқотҳо ташкил ва гузаронида шуданд. Бо мақсади амалӣ гардидани Консепсияи миллии тарбия дар донишгоҳ 3360 чорабинӣ – конфронсу мизи мудаввар, мулоқоту вохӯрӣ бо ҷалби намояндагони мақомоти давлатӣ, чорабинии фарҳангӣ ва монанди инҳо ташкил ва гузаронида шуданд. Аз ҷониби устодон 842 мақолаи аҳамияти тарбиявӣ дошта пешниҳод гардиданд, ки инъикоси он назар ба ҳамин давраи соли гузашта 642 адад зиёд мебошад” – иттилоъ дод ректори донишгоҳ.

Дар самти робитаҳои байналмилалӣ гуфта шуд, ки донишгоҳ бо 17 донишгоҳу донишкадаҳо ва дигар муассисаву ташкилотҳои байналмилалӣ шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонид, ки нисбат ба соли гузашта 30% зиёдтар аст. Алҳол дар донишгоҳ 2 лоиҳаи байналмилалӣ татбиқ шуда истодааст. Соли равон дар озмуни барномаи байналмилалии Иттиҳоди Аврупо ERASMUS + донишгоҳ бо 7 пешниҳоди лоиҳавӣ ширкат варзид.

Яке дастовардҳои дигари донишгоҳ дар соли 2024 ин ташкили курси такмили ихтисос барои 400 нафар устодони донишгоҳ мебошад. Ин тадбир дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии омӯзгории Алтайи Федератсияи Русия аз рӯи ду самт бо мақсади баланд бардоштани савияи донишу маҳорати устодони донишгоҳ ташкил карда шуд. Моҳи ноябр аз ҷониби донишгоҳи ҳамкор ба унвонии раёсати донишгоҳ зиёда аз 400 шаҳодатномаи сатҳи байналмилалии такмили ихтисос дастрас гардид.

Дар самти иқтисодӣ-молиявӣ дар заминаи татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Паём ба Маҷлиси Олӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии кормандон аз 1-уми июли соли 2024 музди маош ва стипендияҳои донишҷӯён аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ бо андозаи 40% баланд бардошта шуд.

Ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом равандҳои фаъолиятро таҳлил намуда, ҷиҳати таҳкими фаъолият ва расидан ба натиҷаҳои назаррас вазифагузорӣ намуд.

Дар идома профессорон - Нуралӣ Нуров ва Абдураҳимов Садриддин ба музокира баромаданд.

Изҳори бовар шуд, ки ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ минбаъд низ дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро сармашқи кору фаъолияти худ қарор дода, дар пешрафти ҳамаи самтҳои фаъолият тадбирҳои муҳимро роҳандозӣ хоҳад намуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ