НАМУДҲОИ ТЕРРОРИЗМ, ЭКСТРЕМИЗМ ВА РОҲҲОИ ПЕШГИРӢ АЗ ОН

«Терроризм ватан, забон, нажод ва дин надорад. Ин бадбахтии оламшумуле гардидааст, ки ба муқобили он якҷоя мубориза бурда, ба ҳамдигар кӯмак расонда, тадбирҳои худро мувофиқ сохтан зарур аст».

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ-Пешвои миллат, Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз медоранд, ки «Паёми имсола ба мақоми олии қонунгузори мамлакат ва мардуми шарифи Тоҷикистон дар шароита торафт мураккаб гардидани вазъи ҷаҳони муосир, густариш пайдо кардани зуҳуроти ниҳоят хатарноки асри нав-терроризм ва экстремизм, вусъати бесобиқаи бархурди манофеи қудратҳо барои аз нав тақсим кардани ҷаҳон вобаста ба ин, боз ҳам печидаву муташанниҷ гардидани вазъи сиёсии сайёра, инчунин шиддат гирифтани бӯҳрони молиявию иктисодӣ дар бисёр кишварҳои олам пешниҳод мегардад».

Ҳамаи ин воқеияту рӯйдодҳо ҳақиқатеро таъкид менамоянд, ки мушкилоти аср ва тахдидҳои нав ба тамаддуни башарӣ мунтазам афзоиш ёфта, амнияти давлатҳои хурду бузурги олам ва ҳатго такдири тамоми ахди башарро ба хатари ҷиддӣ рӯ ба рӯ сохтаанд. Ин ҳодисаҳо бори дигар исбот намуданд, ки терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, ҳамзамон як тахдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст. Ин зухуроти фалокатбор ҳеҷ умумияте ба дин, аз ҷумла дини мубини ислом надорад ва бо истифода аз номи ислом ба хотири ҳадафҳои сиёху гаразноки сиёсӣ содир карда мешавад.

Вожаи «террор» (лот. terror - ҳарос, даҳшат) дар забони форсӣ-тоҷикӣ ба унвони «ваҳшатафканӣ», «даҳшатафканӣ» ё «ҳаросафканӣ» ном бурда шудааст.

Аз рӯйи ҷуғрофия терроризм ба терроризмҳои давлатӣ, фаромиллӣ, маҳаллӣ ва фардӣ тақсим мешавад, вале ин ягона тақсимбандӣ нест. Олимон боз терроризмро ба терроризми сиёсӣ, динӣ, миллигароӣ, терроризми ҷаҳонӣ, наркотерроризм, кибертерроризм ва терроризми ҳастаӣ, кимиёвию биологӣ тақсим намудаанд.

Экстремизм бошад, ин пайравӣ ба назария ва чорабиниҳои ифротӣ (хусусан, дар сиёсат), ифротталабӣ мебошад. Мо ҳама аз хабархои телевизион шоҳиди он мебошем, ки қариб ҳар рӯз дар ҳар гӯшаю канори дунё амалҳои даҳшатноки террористӣ бо истифода аз моддаҳои тарканда, аслиҳаи оташфишон, яроқи сард ва шахсони худкуш ба амал меояд.

Терроризм ва экстремизм яке аз проблемаи асосии имрӯза буда, махсусан ҷавононро бо ҳар гуна ваъдаҳои бардурӯғи динию дунявӣ ҷалб намуда, онҳоро ба ҷараёнҳои террористӣ сафарбар менамоянд. Террористҳо гурӯҳҳои хурде буда, ба ҷомеаи имрӯза бо ҳар гуна роҳ зиён мерасонанд. Дар ҳар як сомонаи сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ғайра мавзӯи асосӣ ба пайвастани шахрвандон ба гурӯхҳои тундрав равона шудааст, ки ин яке аз мушкилоти асосии ҷомеаи имрӯзаи мо мебошад.

Ҳодисаҳои нангини чанд соли ахир, ки дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон иттифоқ афтодааст, аз вуҷуд ва ҳузури фарогири терроризм ва экстремизм дар зиндагии рӯзмарраи мардуми сайёра дарак медиҳад. 15 марти соли 2019 дар масҷиди ан-Нур ва Маркази исломии Линвуд дар шаҳри Крайчестчерчи Зеландияи Нав амали террористӣ анҷом ёфт, ки дар натиҷа зиёда аз 50 нафар ҳалок шуданд. Ин амали нангин аз ҷониби Брентон Харрисон Таррант, шаҳрванди 28-солаи Австралия ва шарикони ӯ анҷом дода шуд. Онҳо бо як бераҳмӣ бо яроқи оташфишон одамонро зери ҳадаф қарор доданд, ки асосан шаҳрвандони оддӣ буданд. Мусулмонон дар Зеландияи Нав камтар аз 2 дар сади аҳолиро ташкил медиҳанд. Вале дар даҳсолаи охир шумораи онҳо аз ҳисоби муҳоҷирони Осиёи ҷанубу шарқӣ рӯ ба афзоиш дорад, ки онҳо барои ҷустуҷӯи кори хуб бо маоши баланд ва шароити беҳтари зиндагӣ ба ин кишвар сафар мекунанд. Ҳамчунин дар шаҳр донишҷӯёни зиёд аз кишварҳои Осиё ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки онҳо барои таҳсил ва гирифтани маълумоти олӣ меоянд.

Дар замони муосир кирдорҳои террористӣ хеле бераҳмона шакл мегиранд. Он бисёртар ба муқобили аҳолии осоишта нигаронида шудааст. Шумораи гуруҳҳои муташаккил, мусаллаҳ, устувор ва бо ҳам алоқаманди террористӣ тамоми зиёдшавӣ дорад. Оид ба терроризм ва моҳияти он дар замони муосир ақидаҳо бисёранд. Дар ҷамъият ба омилҳои терроризм аз нигоҳи зуҳуроти иҷтимоӣ, сиёсӣ, психологӣ, динӣ ва дар вақти мубориза алайҳи терроризм дар ҷамъият аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ бояд баҳо дод.

Экстремизм аз вожаи фаронсавии “extremism” ва лотинии “extrems” гирифта шуда, маънои луғавиаш ифротгарӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона ва аз ҳад гузаштан аз андоза гузаштанро дорад.

Мақсади ин зуҳуроти хатарнок ва нангин – ифротгароии динӣ, ки ҳанӯз солҳои 70-80-уми қарни XX дар ҷаҳони муосир доман паҳн карда буд, бо роҳи зӯрӣ тағйир додани сохти давлатдории конститутсионӣ ва ғасби ҳокимият мебошад. Ҳанӯз аз оғози ҳазораи дуввум ифротгароӣ, терроризму экстремизм амалан асосҳои маънавии ҷомеаро вайрон ва ба бехатарии тамоми ҷаҳон таҳдид мекунад.

Мубориза бар зидди терроризму экстремизм ва дигар таҳдидҳои замони муосир яке аз самтҳои муҳимми фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати дохиливу хориҷии он мебошад. Бояд гуфт, ки имрӯз барои муборизаи муштарак бар зидди терроризм ва экстремизм санадҳои байналмилалӣ қабул ва мавриди амал қарор доранд. Стратегияи глобалии СММ оид ба мубориза бар зидди терроризм ва Конвенсияҳои зиддитеррористии он аз ҷумлаи ин санадҳо мебошад. Стратегия мақсад, вазифаҳо ва самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи муқовимат ба экстремизм ва терроризм муайян намуда, ба муттаҳид намудани тадбирҳои мақомоти давлатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар ин самт равона шудааст.

Стратегия дар самти таҳкими муносибатҳои байналмилалӣ, васеъ намудани заминаҳои ҳуқуқӣ-байналмилалӣ, тақвият бахшидани ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар соҳаи муқовимат ба экстремизм, терроризм, сепаратизми байналмилалӣ, ҷинояткории муташаккилонаи фаромиллӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳои дигари хусусияти байналмилалидоштаро фаро мегирад. Инчунин такмили ҳамкориҳо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хадамоти махсуси кишварҳои хориҷӣ ва ташкилоту хадамоти махсусгардонидашудаи байналмилалӣ доир ба ташкили муқовимат ба экстремизм ва терроризм, аз ҷумла оид ба масъалаҳои пайгирӣ ва назорат бурдан ба ҷойивазкунии экстремистони таҷовузкор, мусоидат ба тақвияти зарфиятҳои субъектони муқовимат ба экстремизм ва терроризм, муҳимтарин масъалаҳое мебошанд, ки инъикоси худро дар стратегия ёфтаанд.

Муносибатҳои байналмилалӣ, ки дар солҳои охир хеле шиддатнок ва муқовиматомез гардидаанд, хосияти бераҳмонаро ба худ гирифтааст. Ҷараёнҳо ва нерӯҳои сиёсӣ беш аз беш сифатҳои иртиҷоию ифротии хешро ошкор месозанд. Дар ин қатор ҷараёни экстремизми сиёсӣ яке аз масъалаи муҳимест, ки тамоми кишварҳои дунёро ба ташвиш овардааст. Имрӯзҳо терроризм ва экстремизм бо тамоми зуҳуроташ ҳамчун ҷараёни иртиҷоӣ айён гашта, доираи васеи кишварҳо ва минтақаҳои оламро фаро гирифта, ба ҳодисаҳои мудҳиши умумибашарӣ табдил ёфтааст.Аз ин рӯ, зарурати дарки амиқ ва фаҳми васею ҳамаҷонибаи онро бояд омӯхт.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин изҳор доштанд: «Миллате, ки тафаккури миллӣ, таъриху адабиёт, забон, расму оин ва арзишҳои фарҳангиашро аз даст медиҳад, истиқлолияти худро пуштибонӣ карда наметавонад. Миллате, ки хотираи таърихиашро пос намедорад, хоҳу нохоҳ тафаккураш ғуломона гашта, истиқлолияти миллиашро аз даст медиҳад. Ҳифз накардани таърихи миллат ба инкори гузашта бурда мерасонад».

Албатта, кишварҳои дунё дар танҳои наметавонанд бо ин вабои аср мубориза баранд ва баргузории Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Муқовимат ба терроризм ва ифротгароии хушунатомез» дар шаҳри Душанбе фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро фароҳам овард ва аз тамоми кишварҳо тақозо карда шуд, ки дар ҷодаи мубориза ва решакан намудани падидаи терроризму экстремизм ва ифротгароӣ ва таъмини суботу амнияти сартосарӣ тавассути андешидани иқдомҳои муштарак ҳамкориҳоро тақвият бахшанд. Албатта, мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб на бо роҳи низомӣ, балки танҳо тариқи муколамаи сиёсӣ муборизаҳои дастачаъмона имконпазир аст.

Ҳар як фарди худогоҳ ва ватандӯст дар ҳифзи асолати поки гузашта, нигоҳдории якпорчагии ватан, ягонагии ҷуғрофӣ ва сиёсии кишвар, дифои сулҳу оромӣ, истиқлолу ваҳдати миллӣ масъулиятшинос бошад.

Муқовимат ба экстремизм дар Тоҷикистон бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ, барномаҳои (консепсия ва стратегияҳои) миллӣ, қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мегардад.

Ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ инҳо дохил мешаванд:

- Стратегияи глобалии зиддитеррористии Созмони Милали Муттаҳид (2006);

- «Нақшаи амалҳо доир ба пешгириии экстремизми хушунатомез» (2015), ҳисоботи дабири кулли СММ, A/70/674;

- Қатъномаҳои Созмони Милали Муттаҳид 1963 (2010), 2129 (2013) и 2395 (2017).

Сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар асноди консептуалию барномавии зерин инъикос гардидааст:

- Консепсияи ягонаи мубориза бо терроризм ва экстремизм, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2005, №1717 тасдиқ гардидааст;

- Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи дин, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 апрели соли 2018, №1042 тасдиқ гардидааст;

- Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021, №187 тасдиқ гардидааст.

Санадҳои миллии меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба танзими масъалаҳои муқовимат ба экстремизм ва терроризм, инҳо мебошанд:

- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм» аз 2 январи соли 2020, №1655;

- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба терроризм» аз 23 декабри соли 2021, №1808.

Дар ин ҷода санадҳои зерин низ аҳамияти хос доранд:

- Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ» аз 17 майи соли 2004, №28;

- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми мақомоти идоракунии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 16 апрели соли 2012, №828;

- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» аз 5 августи соли 2009, №549;

- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» аз 12 майи соли 2007, №258.

Ба асноди категорияи мазкур инчунин як қатор дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки масъалаҳои озодии виҷдон, муқовимат ба экстремизм ва терроризм, инчунин ваколатҳои мақомоти давлатиро танзим менамоянд, дохил мешаванд. Ҷавобгарӣ барои ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷиноятҳои марбут ба экстремизм ва терроризм бо Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст.

Аз гуфтаҳои боло маълум мегардад, ки имрӯз ҳар як узви ҷомеаро зарур аст, ки бар зидди терроризму ифротгароӣ муборизаи беамон барад. Зеро танҳо дар ҳамоҳангӣ метавон бар зиддӣ ин падидаи номатлуб ва хатарнок муборизаи беамон бурд. Аҳли ҷомеаи тамаддунофари мо, ки ҳисси баланди ватанпарварӣ, ватандӯстӣ, худшиносӣ ва худогоҳӣ доранд, ҳеҷ гоҳ намегузоранд, оромиву сулҳу суботи кишвар халалдор гардад.


Н. Ғаниева,

муаллими кафедраи умумидонишгоҳии фарҳаншиносии

Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии

Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ