​Нақши Пешвои миллат дар рушди ҷомеаи ҷаҳон ва муқовимат бо терроризм ва экстремизм

Аслан солимии ҷомеа пеш аз ҳама аз тафаккури субъектони он вобастагии калон дорад ва дар нивбати худ ба пешравӣ ва сулҳу суботи он мусоидат менамояд. Бо баробари ин дар раванди ҷаҳонишавӣ ва муаммоҳои рӯзмарраи замон, ки ҷомеаро ба ташвиш меорад боиси нигаронӣ ва гуногунандешии он гашта истодааст. Бинобар ин, дар чунин раванд барои ҷомеа пеш аз ҳама андешаи солим ва ратсионалӣ зарур аст.

Дар ин раванд ҷомеаи ҷаҳонро ҳар гуна падидаҳои номатлуби хусусияти террористиву экстремистӣ дошта ба вуҷуд омада истодаанд, ки ҷомеаи имрӯзаро зери ташвиш қарор додааст. Ин падидаҳои номатлуб сарҳадҳои кишварҳоро нодида мегиранд ва аз куҷо рух доданаш номаълум аст. Аз сӯи дигар раванди технологияи муосир, ки хеле босуръат пеш рафта истодааст, барои паҳн намудани идеологияи ташкилотҳои характери террористиву экстремистӣ дошта минбари интиқоли фикру ақидаҳои носолим шуда истодааст. Алҳол дар ин ҷода дар ҷомеа бояд адешавумафкураи солим хеле зарур аст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин раванд барои ба сулҳу субот ва дӯстиву ҳамгироӣ намудан башарият ҳамеша ба ҷомеаи ҷаҳон барои пешгирии ин гуна падидаҳо борҳо муроҷиат намудаанд. Чунонеки қайд намудаанд: “Имрӯзҳо дар гӯшаҳои гуногуни сайёро миллионҳо нафар одамон гирифтори хафу таҳдид ва оташи ҷангу низоъҳо гардидаанд ва зуҳуроти терроризму ифротгароӣ ба хатари бесобиқаи ҷаҳонӣ табдил ёфта, оқибатҳои фоҷиабору дарозмуддати ҷамъиятиву сиёсӣ ва маънавиро ба бо меорад”[1]. Ин муроҷиати Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷомеа аҳон буд, ки падидаҳои номатлуби замон ба тамоми равандҳои ҷомеа сару кор гирифтаанд, аз ҷумла сиёсӣ, иқтисодӣ, диниву фарҳангӣ, маънавӣю идеологиро фаро гирифтаанд, ки бояд ҳамаҷониба мубориза бурд.

Ин андешаҳо ва пешниҳодҳои Сарвари давлат барои ҷомеаи башари такони мебошад, ки барои пешгири намудан бар зидди ин гуна ташшкилотҳо ва ҳизбу ҳаракатҳои террористиву ифротагаро ҳамгиро бошанд. Зеро ҳамгирои барои бартараф намудани падидаҳои мазкур омили осоиро ташкил мекунад.

Дар раванди кунунаи ҷомеаи ҷаҳон ва сиёсати байналхалқӣ зарурияти ҳарчӣ бештар муттаҳид шудан бар мубориза ва муқовимат зидди чуни ҳаракатҳо ба монанди: “Ҳизби наҳзати Ислом”, Ҳаракати исломии Узбекистон” (ҲИУ), ташкилоти «Тавба», «Ҳизб-ут-Таҳрир», «Толибон», “ДОИШ„ «Ал-Қоида», «Лашкари таййиба», «Ихвон-ул-муслимин», «Сипоҳи саҳҳоба», «Ҷайш-ул-Ислом» ва ба ин ҳо монанд шарти аввалиндараҷа мебошад.

Қобили зикр аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Мубоҳисаҳои 79-уми умумии Маҷмааи умумии СММ дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико суханрони намуда, қайд карданд, ки“Мо бар ин назарем, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар рӯ ба рӯи таҳдидҳои терроризму ифротгароӣ, тундгароӣ, киберҷиноятҳо, гардиши ғайриқонунии аслиҳа ва маводи мухаддир, инчунин, дигар зуҳуроти ҷинояткории фаромарзӣ бояд амалҳои муштарак ва муассирро анҷом диҳад”[2]. Аз ин рӯ месазад, ҳамеша дар ин раванди пуртазод, ки гурӯҳҳои манфиатхоҳ ва ғаразнок барои носолимии ҷомеа кӯшиш доранд муқовимат нишон дода, андешаҳи солиму созандаро барои ҷомеа пешниҳод бояд намуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳои худ зикрнамуданд, ки “Мову шумо бояд як қувваи ягонаро ташкил дода, онҳоеро, ки сулҳу салоҳро дар ҷомеа халалдор кардани мешаванд, ҳамдигарфаҳмии байни қувваҳои сиёсиро аз байн бурдани мешаванд, ҳушдор диҳем”[3]. Дар айни замон ягонии тамоми нерӯҳои давлатӣ, минтақавӣ ва байналмиллалӣ метавонад тамоми мушкилоти замонаро бартараф намояд. Дар баробари ин ҳама соҳаҳои ҳаёти сиёсиро солим нигоҳ дошта, барои рушди минбаъда мусоидад намояд.

Маврид ба зикр аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар Мубоҳисаҳои 79-уми умумии Маҷмааи умумии СММ ба ҷомеаи ҷаҳон муроиат намуданд: “Моро зарур аст, ки ба мақсади дастрасӣ ба ин ҳадафҳо ва хотима бахшидан ба ҳамаи ҷангу низоъҳо ва амалисозии ҳадафҳои сулҳҷӯёна муттаҳид шавем”[4]. Зеро пешравии тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа аз сулҳ ва оромӣ иборат буда, заминаи устуворро дар ин раванд эҷод менамояд. Дар ҳолати кунунаи ҷомеаи ҷаҳон сулҳ яке аз омилҳои пешрафи тамоми муносибатҳои байналмиллалӣ ва давлатҳои ҷаҳон ба шумор рафта, метавонад мушкилоти онро бартараф намояд.

Ҳақ ба ҷониби Пешвои миллат мебошад, ки ҳамеша аз минбарҳои маъруфи байналмиллалӣ андешаҳои созанда ва сулҳҷӯёнаро барои пешрафта тамоми ҳаёту рӯзгори башарбаррасӣ менамоянд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбалӣ Олии он ҳамеша барои густариши сулҳу дӯстӣ ва зиндагии солому босаодати башарият саҳмгузор мебошанд. Ҳамзамон дар ин маврид қайд намуданд: “Кишварҳои моро зарур аст, ки бо истифода аз тамоми воситаҳо ва абзорҳои мавҷуда барои пешгирӣ аз ҷалби ҷавонон ба вартаи терроризму ифротгароӣ ва тундгароӣ ҳамкориҳоро боз ҳам пурзӯр намоянд”[5]. Ногузир аст, ки ҳамонқадар ҳамгироии қишварҳо устувор гардад имконияти бешрар барои ҳал намудани мушкилиҳо ва равандҳои оштинопазири ҷомеа ба миён меоянда ҳалмегардад. Барои ҳамин заминаи сулҳ пеш аз ҳама ин ҳамгироӣ ва созишу якдигарфаҳмии давлатҳо ва низомҳои гуногуни ҷомеаи инсонӣ мебошад.

Инчуни ҷои дигар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд: “Тоҷикистон, ҳамчун кишвари сулҳпарвар, ягона роҳи ҳалли ҳамагуна ихтилофот ва низоъҳоро танҳо дар роҳандозии музокирот ва истифодаи муассир аз воситаҳои сиёсиву дипломатӣ мебинад”[6]. Аз ин андешҳои Пешвои миллат зоҳир мегард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва халқи он ҳамеша бо ҷомеаи ҷаҳон ҳамкориҳои дӯстиву суҳпарвариро ба роҳ монда, барои бартарф намудани ҳама гуна мушкилотҳои он талошу кӯшиш худро дареғ намедорад.

Инчуни дар яке аз суханронии сатҳи балади байналмиллалӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷомеаи ҷаҳон чуни пешниҳод намуданд: “Таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин, муттаҳид сохтани имкониятҳо дар доираи эътилофҳои зиддитеррористӣ ва зиддимухаддиротӣ аз ҷумлаи тадбирҳое мебошанд, ки метавонанд ба таъмини амнияту суботи фарогир мусоидати ҷиддӣ намоянд”[7]. Дар ин маврид шарти асоси ин ҳамкории байни давлатҳо барои бартарф намудани мушкилоти рӯз ба монанди терроризм, экстремизм, тунгароӣ ва ифротгароӣ ва ҳамзамон барои осудагиву оромии наслҳои минбаъда ва рушди устувори ҳаматарафаи ҷомеа мебошад.

Шахсияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳалли масъалаҳои глобалии ҷомеаи имрӯза басо назаррас ва ба манфиати башараият буда, ин шахсиятро яке аз ташаббускорони аср дар асрсаи байналмиллилӣ эътиро менамояд. Ҳамзамон дар ин ҷода нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати ташаббускор барои ҳалли масъалаҳи хусусияти террористӣ дошта ба шарофати Сарвари давлат шинохта шуд. Зеро пешниҳоду тақвиятҳои Сарвари давлат ҳамеша такя бо ҳамбастагии давлатҳо ва созмону ташкилотҳо мебошад.

Ҳамгироӣ ва ҳамкории давлатҳо барои мубориза бар зидди ҳаргуна падидаҳои номатлуб, аз ҷумла, терроризм ва экстремизм барои ҳаёти минбаъдаи инсоният ягона роҳест, ки метавонанд ҳамаи мушкилот ва равандҳои оштинопазирро бартараф намоянд. Аз ин рӯҶумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳову созмонҳои баналмиллалӣ ҳамеша барои мубориза бурдан зидди терроризм, экстремизм ва ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои номатлебе, ки ҷомеаро халадор менамаояд, омодааст ҳамкори намояд. Ҳамзамон тақвияткунандаи сулҳу субот дар ҷомеа мебошад.

Ҳасанова Зебинисо, мудири кафедраи умумидонишгоҳии фалсафаи ДДХ ба номи академик Бодоҷон Ғафуров

Адабиёт:

  • Эмомалӣ Раҳмон. Суханронӣдар маросими ифтитиҳи Конфронси байналмиллалии сатҳи балад дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез”, ш.Душанбе, 04 майи 2018.
  • Эмомалӣ Раҳмон. Суханронӣ дар Мубоҳисаҳои 79-уми умумии Маҷмааи умумии СММ. 24-уми сентиябри 2024. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико.
  • Эмомалӣ Раҳмон. Суханронӣ дар Нишасти сеюми Муколамаи ҳамкории Осиё зери унвони “Дипломатияи варзишӣ” 03.10.2024 Қатар.
  • Эмомалӣ Раҳмон. Суханронӣба муносибати рӯзи дониш ва ифтитоҳи бинои навӣ Академияи Вазорати корҳои дохилӣ. 30 августи 2017. ш.Душанбе.
  • Эмомалӣ Раҳмон. Суханронӣба муносибати рӯзи дониш ва ифтитоҳи бинои навӣ Академияи Вазорати корҳои дохилӣ. 30 августи 2017. ш.Душанбе.
  • Эмомалӣ Раҳмон. Суханронӣба муносибати рӯзи дониш ва ифтитоҳи бинои навӣ Академияи Вазорати корҳои дохилӣ. 30 августи 2017. ш.Душанбе.



[1] Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез”. 04.05.2018 шаҳри Душанбе

[2] Эмомалӣ Раҳмон. Суханронӣ дар Мубоҳисаҳои 79-уми умумии Маҷмааи умумии СММ. 24-уми сентиябри иоли 2024. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

[3] Эмомалӣ Раҳмон. Суханронӣба муносибати рӯзи дониш ва ифтитоҳи бинои навӣ Академияи Вазорати корҳои дохилӣ. 30 августи 2017. ш.Душанбе.

[4] Эмомалӣ Раҳмон. Суханронӣ дар Мубоҳисаҳои 79-уми умумии Маҷмааи умумии СММ. 24-уми сентиябри соли2024. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

[5] Суханронӣ дар Нишасти сеюми Муколамаи ҳамкории Осиё зери унвони “Дипломатияи варзишӣ” 03.10.2024 Қатар

[6] Эмомалӣ Раҳмон. Суханронӣ дар Нишасти сеюми Муколамаи ҳамкории Осиё зери унвони “Дипломатияи варзишӣ” 03.10.2024 Қатар

[7] Эмомалӣ Раҳмон . Суханронӣ дар ҷаласаи ифтитоҳии Конфронси сатҳи баланд “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил” 17.05.2019 шаҳри Душанбе

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ