Нақши матбуот дар инъикоси масъалаҳои ифротгароӣ
Дар шароити кунунӣ таваҷҷӯҳи ҷомеаи мутамаддин ба масоили терроризм ва экстремизми ҷаҳонӣ, ки ба мушкили умумисайёравӣ табдил ёфтаааст, афзудааст. Мавзӯи мавриди назар аз мавзӯЪҳое ба шумор меравад, ки пайваста дар сархати расонаҳои чӣ минтақавӣ ва чӣ фаромиллӣ қарор дорад. Зеро таҳдиду хатарҳои ин падидаи номатлуб барои пойдории сулҳу субот дар ҷаҳон мавриди таҳлил ва баррасии коршиносони сатҳ ва соҳаҳои мухталиф қарор гирифтааст ва ҷомеаи башарӣ барои решакан намудани ин равияҳои хатарзо пайваста талош дорад.
Таҳлилҳо дар атрофи ин масъала собит намуд, ки воқеан хабарҳои вобаста ба амалҳои экстремистӣ ва террористӣ ба мавзӯи асосии васоити ахбори омма табдил ёфтааст. ВАО барои инъикоси ин масъала ҳамчун як минбари тавоно мусоидат мекунад ва ба назар мерасад, ки масъалаи мазкур дар шаклгирии саҳифаҳои рӯзномаҳо ва барномаҳои телевизиониву радиоӣ нақши муассир дорад.
Азбаски воситаҳои ахбори омма, хоса рӯзномаҳо ба дарки таваҷҷӯҳи истеъмолгари иттилоот ҳарчӣ бештар ба инъкоси масоили ифротгароӣ рӯ овардаанд, ин омил зарурати омӯзиши фаъолияти рӯзномаҳои чи хусусӣ ва чи давлатиро дар мавриди инъикоси мавзӯи матраҳгардидаро ба миён овардааст.
Имрӯз беш аз пеш маълум мегардад, ки нақши воситаҳои ахбори омма дар ҳаёти ҷомеаи муосир чӣ гуна бузург аст. Дар ҳақиқат матбуот ва воситаҳои ахбори омма ба ташаккули афкори ҷомеа таъсири муқтадир ва муассир мерасонанд.
Дар ҷомеаимутаммаддини имрӯза ВАО ҳамчун чашми равшанбини ҷомеа аст. Тоҷикистони соҳибистиқлол бо вуҷуди мушкилиҳои иқтисодӣ ва душвориҳои зиндагии рўзмарра дар эъмори ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ қадамҳои устувор мегузорад. Васоити ахбори омма чун як рукни муҳими ҷомеаи демократӣ дар ҳаёти иҷтимоӣ ва сиёсии мамлакат нақши муҳим дошта, дар замони тасарруфу таҷоҳуми фарҳангӣ, рақобати иттилоотӣ ва ҳимояи манфиатҳои ватану миллат новобаста аз мансубияташон ба ҳизбу созмонҳо, шахсони ҷудогона дар тарбияи мардум дар руҳияи худшиносӣ, худогоҳӣ, ватандўстиву ормонҳои миллӣ саҳми арзанда мегузоранд.
Кормандони расонаҳои хабарии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки масъулияти баланди шаҳрвандӣ ва манфиатҳои умумимилливу умумибашарӣ ба инъикоси воқеии рўйдодҳо, таҳлили дигаргуниҳои иҷтимоӣ ва таҳаввулоти ҷаҳони муосир машғул гардида, дар ҳаллу фасли масоили доғи ҷомеа ва таъсир ба афкори сиёсии омма аз тамоми имконияту восита истифода мебаранд, ки бешак дар боло рафтани сатҳи маърифати мардуми Тоҷикистон нақши муҳим мебозад.
ВАО ҷузъи таркибии системаи сиёсии ҷомеа маҳсуб ёфта, фаъолияти онҳо маҳсули таъсири муҳими ҷамъиятӣ - сиёсӣ дорад, зеро хусусияти ахбори ба хонандаву шунаванда равона карда шуда, муносибати онҳоро ба воқеият ва ба самтҳои фаъолияти иҷтимоӣ муайян месозад.
ВАО на танҳо хабару иттилоъ медиҳад, балки инчунин ғоя, ақида, таълим, барномаҳои сиёсии муайянро тарғиб мекунад ва бо ин дар идоракунии ҳаёти иҷтимоӣ ширкат меварзад. Маҳз минбаре, ки ВАО дорад, метавонад барои ҷилавгирӣ аз ифротгароӣистифода шавад.
Дар замони муосир хатари терроризм яке аз масъалаҳои муҳими илмҳои сиёсӣ буда, хусусиятҳо, омилҳо, харобаҳои он аз ҷониби илмҳои гуногуни ҷомеашиносӣ мавриди омӯзиш ва тадқиқи илмӣ қарор гирифта истодааст. Ин равияи номатлуб ҷомеаи башариро нигарон гардонида, баҳри пешгирии амалҳои террористӣ тамоми омилҳо, сабабҳо ва дарёфти роҳу равишҳои самарабахши мубориза алайҳи терроризмро пайдо хоҳанд намуд.
Таҳлилҳо исбот намуда истодаанд, ки дар ин авохир ВАО дар бозтоби мавзӯи терроризм ва экстремизм бетараф набуда, бо нашру пахши маводи мухталиф баҳри нишон додани асли воқеа то ҷое ин мавзуъро хуб мунъакис карда истодаанд.
Феълан мабуот чун як навъи таърихии ВАО дар расонидани иттилооти зарурӣ ва бо ин васила ба вуҷуд овардани афкори иҷтимоӣ басо назаррас аст. Натиҷаи мутолиаҳо нишон дод, ки бино ба гуфтаи идае аз муҳаққиқон матбуот рӯз то рӯзхонандаи худро аз даст дода истодааст, ки ин бо таъсири воситаҳои техникӣ ва вуруди технологияи нав дар ҷодаи фаъолияти журналистӣ сурат гирифта истодааст ва пайдоишу ташаккули интернет яке аз авомили таъсиррасонада ба мавқеи матубот аст. Аммо мо дар раванди омӯзиши худ перомуни ин мавзуъ бо дарназардошти истифода аз усулҳоимуқоиса, муқобала ва таҳлилҳои худ бахулосае расидем, ки ин андешато андозае асоснок аст. Зеро имрӯздар дунёвоситаҳоимуташаккили комуникатсионӣ (манзур интернет-кибержурналистика, вебжурналистика) чунон рушд кардааст, ки ин то андозае ба коҳишёбии мавқеи ВАО-и шакли чопӣ оварда расонидааст. Бо вуҷуди ҳамаи ин бояд дарк кард, ки матбуот бо вуҷуди инкишофи дигар намуди воситаҳои тарғиботӣ аз азал мавқеъ ва ҳаводорони худро дошт ва бояд иқрор шуд, ки журналистикааввалан маҳз дар шакли чопӣзуҳур кард ва ташаккул ёфт.
“Васоити ахбори омма рӯз аз рӯз амиқтар ба ҳаёти одамон ворид шуда, ба шуури омма таъсири динамикӣ ва мақсаднок мерасонанд. Ин ба он оварда расонд, ки шахсоне, ки оммаро ташкил медиҳанд, дар ҷаҳони "фантомаҳои иттилоотӣ", ки тавассути васоити ахбори омма ҷойгир карда шудаанд, зиндагӣ карданро сар карданд”, -гуфтааст, Т.В. Конюхова
Матбуоти кишвари мо дар баробари таваҷҷӯҳи хоса ба мавзуъҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангӣ дар робита ба инъикоси масоили ифротгароӣ роҳу равиши хосеро пеш гирифта, дар саҳифаҳои матбуоти имрӯзаи тоҷик ин мавзӯъ чун як мавзӯи доманадор ва рӯзмарра инъикос мегардад.
Мавриди қайд аст, ки дар самти инъикоси масоили матраҳгардида, рӯзномаҳои ҳукуматӣ ва хусусӣ роҳу равиш ва вижагиҳои хоси худро доранд. Масалан, рӯзномаҳои ҳукуматии “Минбари халқ”, “Ҷумҳурият”, “Садои мардум”, “Сухани халқ” бештар ин мавзуъро аз паҳлӯ ва ё худ ракурси вижае инъикос мекунанд. Дар маводи ин рӯзномаҳо, ки аксар аз ҷониби ин ё он мансабдори давлатӣ, корманди ин ё он муассиса ва ё ташкилотуҳизб навишта мешавад, дар бештари ҳолатҳо фикри муаллиф дар робита ба ин масъала оварда мешавад. Дар баробари ин дар баъзе маводҳо, бо такя басарчашмаҳои таърихӣ пайдоиши гурӯҳҳои ва вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ оварда мешавад, аммо чуноне, ки дар боло гуфтем, фикри муаллиф маҳаки аслии маводи рӯзномаҳоро ташкил медиҳад.
Тавре ки мо дар боло гуфтем, як хусусияти маводи рӯзномаҳои ҳукуматӣ перомуни масоили терроризм ва экстремизми ҷаҳонӣ дар он аст, ки дар саҳифаҳои ин рӯзномаҳо бештар ба унвони мақола матлиби хусусияти маълумотидошта, нашр карда мешавад, ки хонанда аз он танҳо дар бораи мавзӯи мавриди назар маълумот ва тасаввурот пайдо мекунад.
Ба ҳамин монанд дар шумораи №2 (422) рӯзномаи “Сухани халқ”, ки рӯзномаи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд аст, маводе таҳти унвони “ТАФРИҚААНДОЗӢ ВА ГУМРОҲӢ” интишор шудааст. Маводи мазкур таҳти рубрикаи Терроризим ва экстремизм ҷой гирифта, аз чанд зерсарлавҳа ба монанди “Ислом ва терроризм”, “Мусалмонон ва тараққиёти ҷаҳон”, “Паёмади ноогоҳӣ”, “Интернет: таҷовуз ба тафаккур”, “Сабабҳои шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ”, “Ба ҷойи хулоса” иборат аст. Муаллифи мавод ба қисматгузории мавзӯъ талош намудааст, ки барои қаббул ва ҳазми мавзӯро барои хонандаи мавод осон намояд. Дар ҳамин ҳол муаллиф дар робита ба ҳар як зерсарлавҳа фикру назарҳои худро баён намудааст.
Мо зимни таҳлили иҷмолии мавзӯи интихобнамудаи хеш ба хулоса расидем, ки мавзӯи терроризм ва экстремизми ҷаҳонӣ дар саҳифаҳои матбуоти ҳукуматӣ ҷойгоҳи хоси худро пайдо намудааст, ки ин ба тезутундшавии фаъолияти ҳаракатҳои ифротгароӣ дар минтақаҳои ҷудогона ва афзоиши таваҷҷӯҳи аудитория ба ин мавзӯъ тавъам аст. Рӯзномаҳои ҳукуматӣ дар бозтоби масъалаи ифротгароӣ аз нигоҳи фарогирии масъала ва шакли пешниҳод махсусиятҳои худро доранд.
Сатторова Замира, номзади илмҳои филологӣ, устоди ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров