​Нақши достони Заҳҳок дар таҳкими худшиносии миллӣ ва парҳез аз ифротгароӣ

Мафҳумҳои “ифрот”, “тафрит”, “экстримизм“, “терроризм” барои рӯзгори башарият мафоҳими нав набуда, дар гузаштаи таърих низ шояд бо гунаҳои дигар арзи вуҷуд доштаанд. Зеро бо он ки инсон мавҷуди ягонаи соҳибшуур ва шарифтарин махлуқоти рӯи замин дониста шудааст ва кулли ҷомеашиносон, таърихшиносон, фарҳангшиносон, диншиносон, файласуфон бар он назаранд, ки маҳз Инсон бо рисолат офарида шудааст ва он рисолат танҳо некӣ кардан мебошад.

Тоифае, ки ин рисолат ва масъулияти худро нашинохтаанд ва ё шинохтаву то ҷое огоҳона аз анҷоми он даст кашидаанд, дурӣ аз некӣ ва қаробат бо бадӣ, ки ҳамчун зарар бар ҳазор некиву хайре ҳам кунӣ, боз ҳам монанди неши каждум аз ҳар сӯ барои зарари ту камар хоҳанд баст. Ин нуктаро бархурдҳои ҳамарӯзаи нерӯҳои ихтилофандоз ва исёнхоҳ дар ҷаҳони муосир собит хоҳанд кард.

Таҷдиди назар ба омӯзиши “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ, берун кашидани матлабҳои шахсиятсоз ва ҷомеасози суханвар аз достонҳои алоҳидаи он масъулияти муҳаққиқон ва равшанфикрони замон аст. Беш аз пеш вусъат гирифтани андешаҳои ифротгароӣ дар замони муосир ва ба муаммои глобалӣ табдил ёфтани он моро ҳушдор медиҳад, ки боз ҳам дар таҳқиқи масоили мазкур дар такя ба сарчашмаҳои илмиву таърихиву адабии ниёгони хеш бо ҷиддият ва масъулияти том кӯшиши бештаре ба харҷ диҳем.

Достони Заҳҳок дар байни достонҳои “Шоҳнома” мавқеи хосса дорад.Фирдавсӣ нахуст доир ба падари Заҳҳок, ки Мардос ном дошту марди соҳибфазилату хайрхоҳ буд, чунин ёд мекунад:

Яке мард буд андар он рўзгор

Зи дашти саворони найзагузор.

Гаронмоя ҳам шоҳу ҳам некмард,

Зи тарси љаҳондор бо боди сард.

Ки Мардос номи гаронмоя буд,

Ба доду диҳиш бартарин поя буд (67).

Вале фарзанд ин хубиҳоро аз падар ба мерос набурда буд ва дар зеҳну ёдаш танҳо ҷаҳонҷӯиву тахтхоҳӣ ӯро ба варати ҳалокат наздик мекард:

Љаҳонљўйро ном Заҳҳок буд,

Далеру сабуксору нопокбуд.

Ишораи Фирдавсӣ ба сабуксорӣ, ҷоҳталабӣ ва дунёпарастии Заҳҳок аст, ки ниҳоят фирефтаи найранги Иблис гардид:

Чунон буд, ки Иблис рўзе пагоҳ

Биёмад ба сони яке некхоҳ.

Дили меҳтар аз роҳи некӣ бибурд,

Љавон гўш гуфтори ўро супурд.

Ҳамоно хуш омад-ш гуфтори ўй,

Набуд огаҳ аз зишт кирдори ўй (68).

Фирефтаи қувваи бадӣ гаштани Заҳҳокро шоир дар кӯтоҳандешӣ, худхоҳӣ ва дур мондани ӯ аз ҳуввият ва худшиносӣ медонад. Заҳҳок душмани кинатӯзу бадхоҳи худро нашинохт, яке ба доми вай гирифтор шуд. Ин мисраишоир: “Биёмад ба сони яке некхоҳ” ҳамоно ҳушдор аз он медиҳад, ки душмани муғриз ҳамеша бо усули некхоҳӣ шабехун хоҳад зад. Ин аст, ки хонандаи хешро ҳушдор медиҳад ва тимсоли Заҳҳоки моронро, ки фарҷоми нохушаш ба ҳамагон ошност, ҳамчун намунаи қурбони дасисаҳо ва ғаразҳои нерӯи бадхоҳ, ки назираш дар таърих зиёд аст, мушаххас месозад.Аз достони мазкур, алалхусус, образи иблисусулҳои корбарии шахсони муғриз ва паёмади амалҳои нопоки эшонро метавон чунин натиҷагирӣ кард:

1. Ҳамчун шахси некхоҳ омадани душман ва ба дил роҳ ёфтани иблис.

2.Мавриди ҳадаф қарор гирифтани ҷавонон ва бидуни таҷрибаи кофӣ аз паёмади кор андеша накардани онҳо.

Аз ин абёт мушаххас мегардад, ки дом ҳамеша ҳамранги замин хоҳад буд ва шахсро ноогоҳона гирифтор хоҳад кард.

Чу иблис донист, к-ў дил бидод

Бар афсонааш, гашт наҳмор шод.

Фаровон сухан гуфт зебову нағз,

Ҷавонро зи дониш тиҳӣ буд мағз (69).

3. Паймон бастани иблис ва савганд ёд кунонидани ӯ

Бад-ў гуфт: «Паймон-т хоҳам нахуст,

Пас он гаҳ сухан баркушоям дуруст».

Љавон некдил буд, паймон-ш кард,

Чунон к-ў бифармуд, савганд х(в)ард,

Ки «Рози ту бо кас нагўям зи бун,

Зи ту бишнавам, ҳарчӣ гўӣ сухун».

4.Пеш овардани ваъдаҳои зиёд:

Бад-ў гуфт: Ман чора созам туро,

Ба хуршед сар барфарозам туро.

5. Пӯшида доштани роз ва хомӯширо пеша кардан:

Ту дар кор хомўш мебошу бас,

Набояд маро ёрӣ аз ҳеч кас.

Чунон чун бибояд, бисозам тамом,

Ту теғи сухан бармакаш аз наём! (70)

6. Роҳандозии ҳадаф ва ғояҳои иблис:

Чу иблис пайваста дид он сухун,

Яке банди дигар нав афканд бун.

Бад-ў гуфт: «Чун сўи ман тофтӣ,

Зи гетӣ ҳама коми дил ёфтӣ.

7. Талаби усутворӣ дар аҳду паймон ва ба хотири сарбаландии ҳамешагӣ саркашӣ накардан аз он:

Агар ҳамчунин низ паймон кунӣ,

Напечӣ зи гуфтору фармон кунӣ,

Љаҳон сар ба сар подшоҳӣ турост,

Даду дом бо мурғу моҳӣ турост».

8. Чораву тадбирҳои дигар андешидани иблис ба хотири амалӣ шудани ҳадафи хеш:

Чу ин гуфта шуд, сози дигар гирифт,

Дигаргуна чора гирифт, эй шигифт (71).

9. Паёмади нохуши ин фирефтагӣ ва таъсири он дар харобиву қафомондагии ҷомеа.

Ниҳон гашт оини фарзонагон,

Пароканда шуд номи девонагон.

Ҳунар хор шуд, љодуӣ арљманд.

Ниҳон ростӣ, ошкоро газанд.

Шуда бар бадӣ дасти девон дароз,

Зи некӣ набудӣ сухан љуз ба роз. (77).

10. Пирӯзии некӣ бар бадӣ

Ки андар шаби тира хуршед буд,

Љаҳонро аз ў дил пуруммед буд.

Бигашт андар ин низ чанде љаҳон,

Ҳаме буданӣ дошт андар ниҳон.

Фаридун чу гетӣ бар он гуна дид,

Љаҳон пеши Заҳҳок вожуна дид (99).

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар набарди некиву бадӣ, ки ба ҳайси асоси мавҷудияти олами ҳастӣ эътироф мегардад, нерӯи мухолиф ва иғвоангез ҳамон иблисро мемонад, ки ҳар навбат бо либоси дигар кӯшиш ба харҷ медиҳад, то ҳамон нақшаҳои дерини худро амалӣ намояд. Ин аст, ки бадхоҳуҷинояткор миллат, мазҳаб ва марзу бум надорад. Ҳар ҷо ки қарор бигрифт, барои худ фазои мусоид хоҳад ёфт ва бар фаъолият хоҳад пардохт.

Ҳадаф ва фоидаи ин достони Фирдавсӣ талқини ҳушёриву зиракӣ, худшиносӣ, дур будан аз худхоҳиву маишатпарастӣ, ҳавохоҳиву ҳавоҷӯӣ дар раванди амалӣ кардани орзуҳои бекарон аст, ки омӯзиш ва корбасти ин достон дар раванди такрори ин гуна зуҳуроти номатлуб, дар замони бархӯрди тамаддунҳо хеле муҳим хоҳад буд. Зеро маҳз худхоҳиву мансабҷӯӣ, хирадгарову дурандеш набудани Заҳҳок дар айни ҷавониву мастиву шӯр чунин паёмади нохушеро ба бор овард, ки нахуст гирифтори доми бадӣ шуд, падарро кушт, тоҷу тахтро бо роҳи фиребу макр ба даст овард. Ниҳоят боиси ҳалокати ҷомеа, ба дод омадани мардум ва дар фарҷом ба сахтиву хорӣ анҷомидани кори худ шуд ва адолату ростӣ дар ҷомеаи башарӣ тавассути тимсоли дигари некӣ – Фаридуни фаррух барқарор гардид, ки Фирдавсӣ мефармояд:

Фаридуни фаррух фаришта набуд,

Ба мушку ба анбар сиришта набуд.

Ба доду деҳиш ёфт ин некӯӣ,

Ту доду деҳиш кун, Фаридун туӣ.

Нуруллоева М. Н.,дотсенти кафедраи адабиёти классикии тоҷик

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ