Нақши барномаҳои телевизионӣ дар инъикос ва баррасии масъалаҳои ифротгароӣ ва ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ

Мавзуи мазкур дар шароити имрӯз басо муҳим асту ҳалли дастаҷамъонаро тақозо дорад. Иштироки фаъолонаи ҳар як фарди ҷомеъа муҳим аст, зеро ин масъала бо амнияти давлату миллат вобаста аст. Мавзуи пешгирӣ аз ифротгароӣ ва ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ сол аз сол аҳамияти худро бештар нишон дода истодааст. Ҳанӯз чанд сол муқаддам Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари ҷаласаи СММ эълон дошта буданд, ки “терроризм дин, мазҳаб ва миллат надорад”. Нақши ВАО дар пешгирии ин зуҳуроти номатлуби ҷомеаи ҷаҳон басо муҳим аст. Маълум аст, ки маълумоти илми равоншиносӣ телевизион дар низоми ВАО таъсиру нуфузи бештар дорад. Он таъсири секаратаро дорад: мебинанд, мешунаванд ва мехонанд. Муҳаққиқони соҳа бар он назаранд, ки таъсири чаҳоруми он низ ошкор шудааст: амал мекунанд. Телевизион таъсири амал дорад. Рафтори одамонро тағир медиҳад. Ман ҳамеша дар машғулиятҳои амалӣ ба шогирдон мисоли оддӣ аз ин мавзӯъ меорам. Агар гӯянд, ки “пагоҳ ҳавои боронӣ пешбинӣ шудааст”, одамон ҳатман пагоҳ ҳамроҳашон чатр мегиранд. Як иттилои оддӣ рафтору пӯшиши одамонро дигар кард.

Аз рӯи маълумоти Маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 адад ҳизбу ҳаракатҳое, ки тибқи ҳалномаҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ташкилоти террористӣ-экстремистӣ (иттиҳоди экстремистӣ) эътироф карда шуда, фаъолияташон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст. Суоли матраҳ он аст, ки шаҳрвандони кишвар то куҷо аз ин руйхати ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ огаҳанд? Барои иттилоотонии мардум кадом манбаъҳо корбарӣ кунанд? Одамон танҳо дар сурати огоҳ будан аз мӯҳтавои он рӯйхат худро канор мегиранду эҳтиёт мешаванд. Ягона дастгоҳи асосии давлату ҳукумат ва сохторҳои қудратии он барои то аҳолӣ бурда расонидани ин маълумот воситаҳои ахбори омма, махсусан телевизион мебошад. Телевизион воситаи дастрас, арзон ва мувофиқ ба ҳама аст. Дар ҷумҳурӣ айни замон 76 ташкилоти телевизионӣ ва радиоӣ, аз ҷумла 13 телевизиони давлатӣ, 32 телевизиони ғайридавлатӣ, 10 радиои давлатӣ ва 21 радиои ғайридавлатӣ фаъолият доранд. Имрӯз дар маркази маъмурии вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд 7адад телевизиони маҳаллӣ(СМ-1, АЗИЯ, Танин, Диёр, Сомон, 7ситора, Ҷаҳоноро) 3телевизиони ноқилӣ(АНТ, Мавҷи ориёно, Сомониён) амал мекунад. Телевизони вилояти Суғд агарчӣ дар шаҳри Хуҷанд ҷойгир асту мақоми давлатӣ дорад, фарогири тамоми манотиқи вилоят мебошад. Аз ин ду телевизион СМ-1 ва АЗИЯ собиқаи кории беш аз 25сола доранд.

Инъикоси масоили пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундраву террористӣ агарчӣ дар меҳвари фаъолияти ҳамаи телевизионҳо қарор дошта бошад ҳам, аммо инъикоси ҳамешагӣ ва пурмӯҳтавои он дар телевизионҳои маҳаллӣ кам ба чашм мехурад. Сабаби кам будани мавод дар инъикоси масъалаи пешгирӣ аз экстремизму терроризм дар телевизионҳои маркази вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд дар чанд омил вобаста аст. Омили аввал ин шинохти мавзуъ ва баррасии он аз нигоҳи дастрасии иттилоот аст. Маълум аст, ки иттилооти ин мавзуъ асосан дар дасти ниҳодҳои қудратӣ махсусан мақомоти прокуратура, амният ва милитсияаст. Ҳамкории ВАО бо ин ниҳодҳо шояд ба таври боварибахш набошад, зеро инъикоси он басо ҳассос аст ва камтарин камбудӣ метавонад мавзуъро тобиши дигар диҳад. Барои мисол, нишон додани парчами ДОИШ(ташкилоти террористие, ки аз тарафи Додгоҳи олии Тоҷикистон фаъолияташ манъ аст) дар телевизион манъ аст, зеро аз рӯи талаботи илми равоншиносӣ ва маркетинг ҳар як намоиш метавонад хусусияти таблиғотӣ дошта бошад. Омили дигар ин касбияти журналистӣ аст, ки на ҳамаи онҳо дар инъикоси ин мавзуъ ҷуръат, ё саводи ҳуқуқии кам доранд. Шояд омилҳои мазкур дар роҳи татбиқи ин мақсад мушкилот эҷод кунад. Аммо рисолату фаъолияти ВАО дар ин марҳилаҳои муҳиму тақдирсоз, ки бо суботу ояндасозии давлат иртибот дорад, бояд назаррас бошад.

Маводи телевизионӣ ҳамон вақт арзишманд аст агар ба он вокуниш бошад. Дар ин поя барномаи “Амният ва ҷомеа” дар телевизиони вилояти Суғд яке аз барномаҳои таъсиргузору арзишманд дар роҳи муқовимат ба эҳсоси тундгароӣ дар ҷомеа мебошад. Ин лоиҳаи муваффақи Муассисаи давлатии таълимии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мебошад. Он зиёда аз панҷ сол мешавад, ки рӯи мавҷ аст. Муаллифу барандаи он Хайёмиддин Исмоилов низ журналисти ҷавону пуркор, ки ҳамеша дар ҷустуҷӯ аст, бо вижагиҳои хоси эҷодияш барномаро мазмун ва таъсир мебахшад. Имрӯз ки мудирияти шӯъбаи тарбияи ин донишгоҳро ба зимма дорад, дар ин самт боз ҳам бо масъулияти баланд заҳмат мекашад. Камина чун дар ин барнома чанд маротиба ба сифати коршинос иштирок кардаам, аз раванди омодагиву таҳияи барнома огаҳии хуб дорам. Барномаи иттилоотиву таҳлилии “Амният ва ҷомеа” имрӯз минбари шоистаи баррасии мавзуи пешгирӣ аз шомилшавӣ ба равияву ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ва террористӣ аст. Барномаи мазкур моҳе чор маротиба омода шуда ба эфир меравад. Давоми 45-50 дақиқа гардонандаи маҳфил масъаларо гузошта сабабҳои мушкилиро ҷустуҷӯ намуда, бо ҳамроҳи коршиносон роҳҳои ҳалли онро ба бинанда пешниҳод менамояд. Ин яке аз вазифаҳои аслӣ ва рисолати касбии ҳар як журналист мебошад. Дар ин ҷода муаллифи барномаи “Амният ва ҷомеа” вазифаи пуршарафи худро шоиста иҷро карда истодааст.

Танҳо метавон аз фаъолияти телевизиони маҳаллии Симои мустақили якум(СМ-1) мисол овард, ки солҳои 2018-2019 тибқи лоиҳаи барномаи “Таваҷҷуҳ” таъсис дод, ки он сирф аз масоили пешгирӣ аз ифротишавӣ ва муқовимат ба зуҳуроти номатлуби экстремистӣ равона шуда буд. Дар нақшаи кории худ онҳо “Стратегияи миллии муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020”-ро дар меҳвари фаъолияташон қарор дода буданд. Мавзуҳои барнома ба масоили пешгирӣ аз экстремизму терроризм бахшида шудаанд. Аз ҷумла,

  • Ифротишавӣ- сабаб ва пайдоиши ин ҳолат. Шинохти калимаҳои экстремизм ва терроризм. Шарҳи истилоҳот ва худдорӣ аз бархе вожаҳои ифротӣ. Мазмуни ин калимаҳо.
  • Шарҳи суханони Пешвои миллат: ”Тероризм – дин, мазҳаб ва миллат надорад!” Чаро гумроҳ мешаванд? Баҳои психологӣ ба портрети нафари ифротӣ. Заминаи гароиш (Сабабу омилҳо)
  • Муаррифӣ ва баррасии Стратегияи миллии ҶТ оиди мубориза бо эктремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020.

Муҳоҷирати меҳнатӣ ва муҳоҷирон – қишри осебпазири ҷомеа (84%-и шомилшавӣ ба гурӯҳҳои тундрав маҳз дар муҳоҷират ба амал меояд.)

Аммо сабабҳои дигар дар барномаҳои дигари “Таваҷҷуҳ” муфассалан баррасӣ мешуданд. Барои мисол, мавзуи “Бемасъулиятии волидайн ва бетарафии ҷомеа.”

Заминаҳои бемасъулият шудан аз куҷо маншаъ мегирад? Волидайн “серкор” будани худро чунин бояд вонамуд мекарданд? Синну соли бӯҳронӣ ва шинохти ормонҳои фарзандони худ....(нигоҳи равоншиносон) Вақте фарзанд марҳилаи балоғатрасиро мегузарад дар ӯ хостаҳои дигар пайдо мешавад. Агар волидон аҳамият надоданд ӯ худро ба ҷамъият мезанад? Пас ифротӣ шудан ин эътироз аст? Портрети психологии нафари ифротӣ. Анъанаи неки гузаштагонамон, ки дар маҳаллаҳо роиҷ буд. Фарзанди ҳамсоя низ баробари фарзанди ман бо тарбия фаро гирифта шавад, яъне бетараф набудан ба тақдири фарзанди ҳамсоя. Ин одати неки гузаштагон чаро имрӯз ба кор намеравад? Чаро рафтори фарзандони худ, ё ҳамсояро дида, аз мушкилоти муносибат ва ислоҳ карданаш канорагирӣ кардем? Баҳона ҷустан, ки “фарзанди ҳамсоя ба муроҷиати ман дурушт посух мегӯяд ва набояд мани калонсол бо ӯ баробар шавам. Садқаи сухани пурарзиш мекунем ва ӯ аз баҳри мо мебарояд”. Магар чунин мавқеъгирӣ ояндасоз буда метавонад? Чаро аз рӯи ҳикмати “агар хонаи ҳамсоя сӯзад мо хотирҷамъ набошем ва агар барои хомуш кардан ёрӣ надиҳем, алангаи он ҳатман ба хонаи мо ҳам мегузарад”.

Дар ҳар як барнома коршиносони варзида, сиёсатшиносон, муаррихон, ҷомеашиносон, ҳуқуқшиносон, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, психологҳо, фаъолони ҷомеа, ходимони дин ва аз ҳама муҳимаш, ҷавонони фаъол иштирок карда, вобаста ба мавзуи гузошташуда фикру андеша ва дар ҳалли мушкилоти пешомада роҳҳои баромадан аз онро мегӯянд.

Барои мисоли ин мавзуъ метавон як барномаи “Таваҷҷуҳ”-ро ки ба мавзуи “Мағзшӯии ҷавонон ва «ташхис»-и шуури онҳо” бахшида шуда буд, метавон таҳлил намуд. Дар барнома коршиносон сиёсатшинос Шӯҳрат Саидов, равоншинос Муҳаррама Раҳимова, намояндаи бахши ҷавонон Фирдавс Фахриддинзода ва устоди ДДХ Ислом Раҳимов иштирок доштанд. Давоми 40 дақиқа дар барнома масъалаҳои зерин баррасӣ шуданд:

-Мағшӯӣ чист ва он чӣ гуна сурат мегирад?

-Оғози ҳамаи он аз куҷост? Телефон гирифт ва ба шабака пайваст шуд. Аз ҷониби волидон назорат нашуд. Баъди чӣ рух дод?

-Нафаре, ки ҷавононро бо воситаи паёмакҳои телефонӣ гумроҳ мекунад, кӣ аст? Портрети психологии ӯ.

-Чаро ба доми чунин нафарон меафтанд? Сабаб дар чист: Гирифтории равонӣ, ё иқтисодӣ?

-Эҳсоси диниро чаро идора карда наметавонем?

-Камбудии таҳаммулпазирӣ ба ин ҳолат сабаб шуда метавонад?

-Ибораи “Хидмат ба дин” чӣ гуна бояд дарк ва фаҳмонида шавад?

-Пастии маърифати динӣ сабаби ҳамаи ин гирифториҳо аст?

Ба ҳамаи масъалаҳои дар боло зикршуда мутахассисон-коршиносони барнома посух доданд ва ҷавобҳо ошкору қонеъкунанда буданд. Барномаи “Таваҷҷӯҳ” дар ҷадвали намоишҳои ШТР СМ-1 давоми ду сол(2018-2019) давом кард. Баъдан бо сабабҳои номаълум қатъ гардид ва имрӯз гоҳ-гоҳ пахш мешавад, аммо мавзуҳо аллакай гуногунанд.

Ҷой доштани барнома ва дар ҷадвали намоишҳо мунтазам намоиш доштани он таъсири амиқу натиҷаи босамар дорад. Аввал он ки аудитория “тарбия” мешавад, ки дар ҳамон соати муайян ба шабакаи телевизионӣ пайваст мешавад. Сониян пешниҳоди мавзуи ҷиддӣ бо услуби ҷолибро бинанда ҳамеша мақбул дорад, чун дар фазои иттилоотӣ чунин контент(мавод) кам аст.

Барномаи дигаре, ки дар телевизиони СМ-1 дида мешавад, ин барномаи “Чароғи ҳидоят” мебошад. Барномаи маърифатӣ ахлоқии динӣ аст. Ҳадафи асосии таҳияи ин барнома дар пешгирӣ кардан аз шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундраву ифротӣ мебошад. Дар барномаи мазкур ходимони расмии динӣ аз Шӯрои уламои дини вилояти Суғдиштирок мекунанд. Мавзуҳои барнома асосан тарбиявию ахлоқӣ дар мисоли хулқи накӯ доштан, эҳтироми падару модар, муҳаббат ба ватан ва тарбияи меҳанпарастӣ, нигоҳдошти табиат, саҳмгузор будан ба ободии ҷомеа ва масоили дигари тарбияи инсон бо хулқи ҳамида мебошад. Дар барнома ҳамеша таъкид ба шинохти мазҳаби ҳанафӣ аст, ки ин нуктаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон зимни баромадҳои худ дар масъалаи тарбияи ахлоқӣ ва маърифати динӣ баён мекунанд. Ҳатто соли 2009 дар сатҳи ҷумҳурӣ таҷлил намудани 1310-солагии бунёдгузори мазҳаби ҳанафӣ Нӯъмон ибни Собит, ки дар таърихи ислом бо номи Имоми Аъзам маъруф аст, бесабаб нест. Пешвои миллат бо ин иқдом худ ба мардуми кишвар, ки зиёда аз 97% пайрави дини ислом ва мазҳаби ҳанафӣ мебошанд, таъкид намуданд, ки дар зиндагии маънавияшон аз мазҳаби аҷдодии худ-ҳанафӣ кор гиранд. Аксари онҳое, ки ба гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ шомил шуданд, ҳамагӣ пайравони мазоҳиби дигар буда, аз оини таҳаммулпазирӣ кор нагирифтаанд. Куштору ваҳшатандозӣ дар меҳвари фаъолияти онҳо аст, ки бар хилофи ислому мазҳаби мо мебошад. Ин нуктаҳо дар ин барномаҳои телевизионӣ ҳамешагӣ таъкид мегардад, то мардум роҳи дурусту ростро шиносанду интихоб намоянд. Роҳи интихобкардани Тоҷикистон бунёди ҷомеае, ки бо принсипҳои демократӣ асос гирифта, ҳуқуқи инсон арзиши олӣ дониста шудааст. Иттиҳоди мардум дар атрофи Пешвои худ ва шинохти сиёсати ояндасози давлат ҳамаи дигар мушкилоти пешомадаро бартараф хоҳад кард. Нақши ВАО-и электронӣ дар иҷроиши ин мақсад басо муҳим аст.

Илҳомҷон Ҳошимов, сармуаллими кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума, факултети филологияи тоҷик.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ