МУЛОҚОТИ РӮ БА РӮИ РЕКТОР БО 970 НАФАР ОМӮЗГОР
Дар заминаи татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати беҳтар намудани сифати таҳсилот ва ҳалли муаммоҳои ҷойдоштаи самтҳои гуногуни фаъолияти Донишгоҳ мулоқоти рӯ ба рӯи ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» Набизода Мирзотоҳир Сайфиддин бо ҳайати профессорону дотсентон ва устодону кормандони 18 факултет ва 6 кафедраи умумидонишгоҳӣ баргузор гардид.

Зимни мулоқотҳо нахуст ректори Донишгоҳ дар бораи дастовардҳо, мушкилот ва нақшаҳои дурнамои самтҳои фаъолият сухан гуфта, устодону кормандонро ба масъулиятшиносӣ, интизоми меҳнат, тарбияи кадрҳои ба бозори меҳнат ҷавобгӯ, баланд бардоштани савияи дониши муҳассилин, ҷалб ва дастгирии донишҷӯён бо мақсади иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, олимпиадаҳо ва озмунҳои ихтироъкорону навоварон ва истифодаи мақсадноки технологияҳои инноватсионӣ дар раванди таълим даъват намуд.
Ректори Донишгоҳ фаъолияти гуногунҷабҳаи ҳар як факултет ва кафедраҳои онро дар алоҳидагӣ мавриди таҳлилу баррасӣ ва натиҷагирӣ қарор дод. Муроҷиат ва таклифу пешниҳодҳои собиқадорон ва устодону кормандонро ба инобат гирифта, ҷиҳати иҷрои саривақтии он ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод. Дар ин замина, муовинони соҳавии ректор ва сардорону раёсату шуъбаҳои дахлдор вазифадор гардиданд, ки таълиму тарбияи шогирдони бомаърифат ва соҳибтахассусро мунтазам зери назорат гирифта, раванди ҷалб ва сафарбар гардидани хатмкунандагонро барои идома додани фаъолият дар муассисаҳои таълимӣ ва соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар мавриди таваҷҷуҳ қарор диҳанд.
Қабл аз баргузории мулоқотҳо бо мақсади ошкоро баён намудани муваффақиятҳо, мушкилот ва роҳҳои ҳалли он 532 нафар омӯзгор ва 1239 нафар донишҷӯ ба пурсиши афкор ҷалб гардида, ҳар як масоили пешниҳодгардида дар ҳузури устодону кормандон баррасӣ ва натиҷагирӣ карда шуд.
Дар мулоқот ҳайати профессорон, устодону кормандони факултетҳо қаноатмандии худро аз фароҳам будани шароити мусоиди таълимӣ, таҳти назорати доимӣ қарор гирифтани интизоми меҳнат ва раванди машғулиятҳои таълимиву давомоти донишҷӯён, тадриҷан афзудани теъдоди ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ, баргузории бештари конференсияҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, дарки баланди масъулиятшиносии омӯзгорон дар навиштани мақолаҳои илмӣ, сифати баргузории чорабиниҳои тарбиявӣ, пардохти саривақтии маош, корҳои ободонӣ ва ғайра изҳор намуданд.
Дар асоси пешниҳодҳои ҷомеаи меҳнатӣ аз ҷониби ректори Донишгоҳ Набизода Мирзотоҳир Сайфиддин ҷиҳати мустаҳкам намудани заминаи моддию техникӣ, густариши робитаҳои байналмилалӣ дар самти татбиқи лоиҳаҳои муштарак, табодули академии омӯзгорону донишҷӯён, фаъолияти тарбиявӣ, фароҳам овардани муҳити эҷодӣ барои ташаккули шахсият ва худидоракунии донишҷӯён, баргузории семинарҳо ва вебинарҳои байналмилалӣ, такмили ихтисос барои баланд бардоштани салоҳияти касбӣ, ташкили семинар – машваратҳои омӯзишӣ барои омӯзгорони ҷавон, вусъати корҳои илмӣ-инноватсионӣ, таъсиси Шуроҳои нави диссертатсионӣ, пешбурди лоиҳаҳои илмӣ ва ғайра ба сохторҳои дахлдори раёсати Донишгоҳ вазифаҳои мушаххас дода шуд.
Ҳамчунин, ректори Донишгоҳ дар самти муқовимат ба терроризм, экстремизм, коррупсия, риояи сару либоси тавсиявӣ ва баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, иҷрои стратегияву барномаҳои давлатӣ ва назорати сифатноки онро талаб намуд.
Гуфта мешавад, ки дар асоси таклифу пешниҳодҳои устодону кормандон Нақшаи чорабиниҳои дурнамои амал таҳия ва мавриди иҷро қарор дода мешавад.
Ҳамин тавр, баргузории мулоқоти ректори Донишгоҳ бо беш аз 970 нафар устодону кормандони факултету кафедраҳои умумидонишгоҳӣ ҷамъбаст гардид.
Маркази иттилоот ва таҳлил