​Мулоқоти донишҷӯёни ихтисоси кори бонкӣ бо намояндагони ҶСП ТАҚХ «Ҳумо»

Дар факултети иқтисодӣ бо кормандони филиали ҶСП ТАҚХ «Ҳумо» дар шаҳри Хуҷанд мулоқот доир гардид, ки дар доираи он донишҷӯёни ихтисоси кори бонкӣ иштирок намуданд.

Муовини директори филиали ҶСП ТАҚХ «Ҳумо» дар шаҳри Хуҷанд Турсунов Зариф ва мутахассиси қабули кормандон Нозирҷонзода Нурафруз доир ба самтҳои асосии фаъолияти ташкилот, дастовардҳои он ва раванди ҷорӣ намудани технологияҳои нави бонкӣ маълумот доданд.

Ҳамзамон, ба донишҷӯён замимаи мобилии «Ҳумо Онлайн» муаррифӣ шуда, донишҷӯён бо қоидаҳои қабул ба кор, шартҳо ва шароитҳои фаъолият дар ин ташкилоти қарзӣ маълумоти муфассал гирифтанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ