Мулоқот бо намояндагони ширкати АНТ

Дар доираи ҳафтаи илм дар факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ бо ташаббуси кафедраи системаҳои бисёршабакавии телекоммуникатсионӣ бо намояндагони ширкати телевизионии АНТ мулоқот сурат гирифт.
Дар мулоқоти мазкур донишҷӯёни соли сеюм ва чорум иштирок намуда, ба онҳо аз тарафи намояндагони ин ширкат оид ба имкониятҳои техникии ширкат, фарогирии хизматрасониҳои муосири телевизиони кабелии АНТ, иқтидорҳои техникии мавҷгирҳо, тарзҳои пайвастшавӣ ба шабакаи АНТ маълумот дода шуд.
Инчунин, мавҷуд будани ҷойҳои корӣ ва шароити корӣ барои мутахассисони соҳаи телекоммуникатсия таъкид шуда, хатмкунандагон бароикор ба ширкат даъват шуданд.
Маркази иттилоот ва таҳлил