​Мулоқот бо намояндагони Прокуратураи вилояти Суғд

Дар толори раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат ироа гардид, бо намояндагони Прокуратураи вилояти Суғд мулоқот баргузор гардид.

Ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом оид ба муҳтавои Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози назар намуда, таъкид дошт, ки Паёми Пешвои муаззами миллат ҳуҷҷати роҳнамо барои расидан ба дастовардҳои шоиста буда, масоили марбут ба илму маориф дар ин дастури созанда ҳамеша нақши меҳварӣ дорад.

Роҳбари донишгоҳ дар мавриди ибтикори донишгоҳ дар самти татбиқи самараноки Паём таъкид намуда, афзуд, ки Паёми навбатӣ низ боз як далели равшани он аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи маориф дар меҳвари сиёсати давлат қарор дорад.

Ёрдамчии калони Прокурори вилояти Суғд оид ба таъминоти ҳуқуқӣ ва кор бо матбуот Мириноят Пайрав Сайфиддинзода вобаста ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт ва ҷойгоҳи ин мавзуъ дар Паёми Роҳбари олии давлат маърӯза намуд.

Таҳти унвони “Паём - омили рушди маориф ва илм” прокурори шуъбаи назорати иҷрои қонунҳо оид ба ноболиғон ва ҷавонон Саидзода Абдусалом Деҳқон суханронӣ намуда, аз таваҷҷуҳ ва ташаббусҳои Сарвари давлат дар самти таъмини рушди маориф ва илм таъкид намуд.

“Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём зикр карданд, ки авзои зудтағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза низоми маорифи муназзам, мустаҳкам ва дар айни замон ҷавобгӯ ба талаботи рӯзафзуни ҷомеаро тақозо менамояд. Дар чунин шароит омода кардани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, эътибори ҷиддӣ додан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми зинаҳои тазсилот, илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ вазифаи муҳимтарини роҳбарону масъулини соҳа ва аҳли маориф мебошад” – гуфта шуд зимни мулоқот.

Таъкид гардид, ки татбиқи Паём баҳри рушди соҳа, беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия ва натиҷаҳои созанда дар самти таъмини пешрафти равандҳои фаъолият мусоидат менамояд.

Бо табодули афкор вобаста ба аҳаммияти таърихии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақши он ҳамчун ҳуҷҷати роҳнамо дар самти рушди устувори соҳаи маориф мулоқот анҷом пазируфт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ