Мулоқот бо довталабон: муаррифии дастовард ва имкониятҳои донишгоҳ

Устодони кафедраи журналистика ва назарияи тарҷумаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Исфара бо хатмкунандагон мулоқот намуданд.
Ташаббуси мазкур дар доираи корҳои тарғиботӣ ҷиҳати ҷалби довталабон ба ихтисосҳои донишгоҳ ба роҳ монда шуда, зимни мулоқот хатмкунандагони муассисаҳо доир ба имконият ва имтиёзҳои таҳсил дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров маълумот пайдо намуданд.
Ба довталабон иттилоъ дода шуд, ки фаъолияти таълимӣ дар Донишгоҳ дар 18 факултет ва 85 кафедра ба роҳ монда шуда, феълан аз рӯи 102 ихтисос дар шуъбаи рӯзона ва 35 ихтисос дар шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ таҳсил ҷараён дорад.
Дар мавриди иқтидори кадрии Донишгоҳ зикр гардид, ки барои донишҷӯён 977 нафар омӯзгор, аз ҷумла 53 нафар доктори илм, профессор, 441 нафар номзади илм, дотсент, 242 нафар муаллими калон ва 241 нафар муаллим дарс мегӯянд, ки наздик 51%-и теъдоди умумии омӯзгоронро устодони соҳибунвон ташкил медиҳанд.
Ҳамзамон, масъулини Донишгоҳ ба довталабон дар мавриди дастгирӣ ва имтиёзҳо маълумот дода, аз фаъолияти озмоишгоҳ, лаборатория ва марказҳои илмиву таълимии донишгоҳ зикр намуданд.
Хатмкунандагон дар бораи раванди қабул, стипендия ва имкониятҳои таҷрибаомӯзӣ суол намуда, аз ҷониби намояндагони донишгоҳ посухи муфассал гирифтанд.
Хотиррасон менамоем, ки чунин мулоқот дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии 40, 41, 42, 44, 46, 48 шаҳри Исфара роҳандозӣ гардид.
Маркази иттилоот ва таҳлил