МУҚОВИМАТ БО ПАДИДАҲОИ ИФРОТӢ
Дар замони муосир пешгирии паҳншавии зуҳуроти хавфноки ҷаҳони муосир — экстремизм, терроризм, радикализм ва сепаратизм дар байни наврасону ҷавонон тадбири муҳим ва таъхирнопазир аст. баррасӣ мешаванд. Дарки моҳият, хусусият, омилҳои ба вуҷуд омадани ин падидаҳо ва оқибатҳои онҳо дар таҳкими ҷаҳонбинии илмӣ ва ватандӯстонаи ҷавонон таъсири бузург дорад. Наврасону ҷавонон бояд имруз хуб дар намоянд, ки экстремизм, терроризм, радикализм ва сепаратизм хавфноктарин падидаи замони муосир буда, таҳдид ба суботи сиёсӣ дорад. Онҳо на танҳо ба ҳаёти одамон, балки ба истиқлолияти давлатҳо, фарҳанг ва арзишҳои миллию инсонӣ таҳдид мекунанд. Хатари терроризм ва экстремизмро Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати бедорӣ аз берарафӣ ба тақдири ояндаи давлату миллат чунин нишон дадаанд. «Терроризм ва экстремизм на танҳо ҷони одамонро мегиранд, балки ба иқтисодиёт ва фарҳанг ҳам зарбаи ҷиддӣ мезананд».
Дар асри XXI на танҳо дар Тоҷикистон балки дар тамоми кишварҳои ҷаҳон таҳдидҳои нави идеологӣ доман густурдааст, ки шаклҳои онҳо — экстремизм, терроризм, радикализм ва сепаратизм мебошад.
Экстремизм аз калимаи лотинии extremus гирифта шуда, маънои «ҳадди охир», «аз эътидол берун», аз ҳад зиёд тундравӣ кардан»-ро ифода менамояд ва ҳамчун андеша ё амале маънидод мешавад, ки аз меъёрҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ ва ахлоқии ҷомеа берун аст. Экстремист шахсе мебошад, ки бо истифодаи зӯроварӣ ё таҳдид мехоҳад назари худро ба дигарон таҳмил кунад.
Терроризм маънои тарс ва даҳшатафканиро ифода намуда, шакли шадидтари экстремизм аст, ки бо истифода аз зӯроварии мусаллаҳона, тарс ва хушунат барои расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ ё мазҳабӣ амалӣ мешавад.
Радикализм заминаи мафкуравии экстремизм буда, барои тағйироти куллӣ дар сохтори сиёсӣ, иҷтимоӣ ва ё динии ҷомеа нигаронида мешавад. Радикализм шакли идеологии экстремизм буда, дар ҳолати буҳрони сиёсӣ эҳтимолияти баланди бадалшавӣ ба экстремизм ва терроризмро дорад.
Сепаратизм аз калимаи лотинии separare гирифта шуда, маънои ҷудо шуданро дорад. Яъне талош барои ҷудо намудани як минтақа ва қавму миллат аз ҳудуди давлат аст, ки ба пора кардани ҳудуди як кишвари мустақил ва заиф сохтани иқтидори сиёсӣ, ҳарбӣ ва иқтисодӣ оварда мерасонад.
Мазмун ва моҳияти ин мафҳумҳо разилтарин ташкилоту ҳаракатҳо будани онҳо ва ҳадафҳои ифротгароӣ доштани ин падидаҳоро нишон медиҳад. Дар Паёми Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» соли 2021 таъкид шудааст, ки Тоҷикистон ва мардуми он бояд ба қонун, ҳуқуқ, инсон ва арзишҳои демократӣ такя намояд. Ба кирдори зиддиқонунӣ, низоми ғайридемократӣ, поймолкунии ҳуқуқу озодиҳо и инсон, паст задани шаъну шарафи онҳо, ки усули асосӣ ва ҳадафии ниҳоии гуруҳҳои ифротӣ мебошад, роҳ надиҳанд.
Мавриди зикр аст, ки пайдоиши таҳдиди ифротгароӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ падидаи ҷадид нест. Фаъолияти ошкоронаи гуруҳҳои ифротиро дар Тоҷикистон дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ мушоҳида кардан мумкин аст. Дар ин замина гуруҳҳои ифротиву радикалӣ ба афкори сиёсӣ ва идеологии мардум таъсири амиқ гузошта, барои шаклгирии гурӯҳҳои ифротӣ майдони фарох фароҳам оварданд. Хушбахтона, сиёсати босамару сулҳпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расидан ба Ваҳдати миллӣ ва суботи сиёсӣ мусоидат намуд. Аз ин ҷост, ки имрӯз ҳифзи суботи сиёсӣ ва амнияти миллӣ тавассути муқовимати шадид бо хатарҳои муосир вазифаи кулли ҷомеа аст. Бетарафи нисбати паҳн шудани падидаҳои номатлуб дар ҳудуди кишвар ба афзоиши хушунат ва косташавии эътимод ба мақомоти давлатӣ, таҳдидҳои дохилӣ ва хориҷӣ ба суботи сиёсӣ, паст шудани сатҳи инкишофи иқтисодиёт, тақсимшавии этникӣ ва монанди инҳо оварда мерасонад. Аз ин ҷост, ки зарурати муқовимат бо экстремизм ва терроризму радикализмро кулли ҷомеа бояд дарк намоянд ва дар ин самт пешсаф бошанд. Дар барномаҳои давлатӣ, ки ба пешгирӣ ва тарбияи ҷавонон равона шудаанд, таъкид гардидааст, ки ҳамоҳангӣ байни давлат ва ҷомеа муҳим аст. Вақеан, ҳамкории пайвастаи давлат, ҷомеа, оила ва шахс метавонад кишвари маҳбуби моро аз таҳдиди экстремизм, терроризм, радикализм ва сепаратизм муҳофизат намояд.
Радикализм, экстремизм, терроризм ва сепаратизм падидаҳои бисёрҷанбаи иҷтимоӣ мебошанд, ки решаи онҳо на танҳо дар дин ё сиёсати беруна, балки дар сатҳи шуури ҷомеа ва фарҳанг низ ҷой доранд. Бинобар ин, мубориза бо чунин зуҳурот танҳо бо қонун натиҷаи дилхоҳ дода наметавонад. Он ниёз ба маърифатнокӣ, тарбияи пайваста, илму донишандӯзӣ ва ҳамкории бисёрҷониба дорад. Муқовимат бояд ҳам хусусияти назариявӣ ва ҳам амалӣ дошта, бо фарогирии васеи ҷавонон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба роҳ монда шавад. Барномаи мукаммали стратегӣ барои муқовимати ҷавонон татбиқ карда шавад. Барномаи муқовимат бояд стратегӣ ва минтақавӣ бошад ва мунтазам амалӣ карда шавад. Аз назари мо муқовимат бояд пеш аз ҳама ба маърифатикунонии ҷавонон нигаронида шавад. Зеро дар баробари бекорӣ ва мушкилоти иҷтимоӣ, таъсири манфии шабакаҳои иҷтимоӣ, сатҳи пасти тарбияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, эҳсоси ватандорӣ, савияи пасти маърифати ҳуқуқӣ, сиёсиву динӣ омилҳои мусоидаткунанда ба густариши экстремизм, терроризм, радикализм ва сепаратизм мебошанд. Инчунин, таҳкими фарҳанги миллӣ ва ваҳдати динӣ, ҷалби бештари муассисаҳои таълимӣ ва ВАО, тақвияти ҳамкории давлат ва ҷомеа, таъмини иштироки фаъолонаи оила ва мактаб дар ташаккули ҷаҳонбинии солими ҷавонон аз ҷумлаи тадбирҳои судманд дар самти мубориза бо падидаҳои ифротӣ мебошад. Дар ин радиф кулли мардуми Тоҷикистони азизро ба худшиносиву худогоҳии милливу сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва динӣ даъват менамоем, то бо фикру андешаи солим, ҳисси ватандӯстиву меҳанпарастӣ, тафаккури созандагиву ҳифозатгари худ дар пойдории сулҳу субот ва фазои осоиштаи кишвар саҳмгузор бошем. Зеро фазои сиёсии ҷаҳони муосир, муборизаҳои беамони геополитикӣ ва ҳодисаҳои охир нишон дода истодаанд, ки ба мамлакати мо ва дар маҷмӯъ ба минтақаи Осиёи Миёна экстремизм ва терроризми байналмилалӣ таҳдиди шадид дорад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки ҷавонон бояд дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва зиракии сиёсӣ тарбия ёбанд ва дарк намоянд, ки ояндаи дурахшони давлату сармояи гаронбаҳои миллатанд. Чунин масъулиятгузорӣ ба ҷавонон ва эътимоди куллӣ ба солимфикриву тавоноӣ, неруи пешбарандагии онҳо ҷавононро бояд ба илмомӯзӣ, ватанпарварӣ, накӯкорӣ, ҳунармандӣ ва зиракии сиёсӣ водор созад. Зеро ба ҷавонон имрӯз кулли ҷомеа такя дорад аз онҳо умед дорад. Ҷавонон маркази муқовимат мебошанд. Аз ин рӯ, ҷавононро зарур аст, ки бо маърифати баланди ҳуқуқӣ ва сиёсиву динии худ сипари боэътимоди Ватан бошанд. Дар сафи пеши муқовиматкунандагон бо падидаҳои таҳдидкунанда ба кохи бузурги миллат Истиқлолу Ваҳдат қарор гиранд.
Эраҷ Салимов,
муаллими кафедраи умумидонишгоҳии фарҳаншиносии
Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии
Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»