Муқовимат бо падидаи номатлуби муосир вазифаи ҳар як узви ҷомеа
«Терроризм ва экстремизм аз як ҷониб чун як вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки терроризм ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад. Ҳамзамон, як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ба ҷони ҳар як сокини сайёра аст. Ин зуҳуроти фалокатбор ҳеҷ умумияте ба дин, аз ҷумла ба дини мубини ислом надорад ва бо истифода аз номи ислом ба хотири ҳадафҳои сиёҳу ғаразноки сиёсӣ содир карда мешавад»
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Дар замони муосир яке аз ҷиноятҳое, ки ба асосҳои сохтори конститутсионӣ ва амнияти давлат хавфи ҷиддӣ ба миён меоварад, ин ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта мебошад. Тамоми давлатҳои дунё кӯшиш мекунанд, ки роҳи нави мубориза бар зидди ин зуҳуроти номатлуби ҷомеаро ҳарчи ба зуди пайдо намуда, онро решакан намоянд. Ин ҷараёни хатар метавонад ба несту нобуд кардани халқиятҳо, миллатҳо ва давлатҳо оварда расонад. Аз таҳдиди ин зуҳуроти номатлуб тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ дар канор буда наметавонад.
Ин раванди номатлуб ҷомеаи башариро нигарон намуда, баҳри пешгирии омилҳои террористӣ тамоми омилҳо, сабабҳо ва дарёфти роҳу усулҳои самарабахши мубориза бар зидди терроризмро пайдо хоҳанд намуд. Ба ин маънӣ омӯзиши ҳамаҷонибаи ин масъала талаби замон мебошад. Агар одамон ба масъалаҳои терроризм ва муборизаи зидди он бевосита пайваст набошанд ҳам, тавассути чизи дигаре ва ё субъекти дигаре бо масъалаҳои мухталифи терроризм ва шаклҳои дигари экстремизми сиёсӣ алоқаманд гашта, мавқеи худро муайян менамоянд. Аз ин рӯ дар тамоми ҷаҳон марказҳо ва пажӯҳишгоҳҳои илмию тадқиқотӣ ба омӯзиши ин падидаи номатлуби иҷтимоӣ равонаанд. Дар ин радиф ҷараёни экстремизми сиёсӣ ва терроризми сиёсӣ пешсаф аст. Экстремизми сиёсӣ аслан аз ғояи фаъолияти канорае таркиб ёфтааст, ки одатан тавассути зӯроварӣ барои воқеӣ гардонидани ҳадафҳои сиёсӣ истифода мешавад. Илова бар ин экстримизми сиёсӣ бо тамоми зуҳуроташ ҳамчун ҷараёни иртиҷоӣ аён гашта, доираи васеи кишварҳо ва минтақаҳои оламро фаро гирифта, ба ҳодисаи мудҳиши умумибашарӣ табдил ёфтааст. Аз ин хотир зарурати дарки амиқ ва фаҳми васею ҳамаҷонибаи он пеш меояд. Бинобар ин таҳқиқ ва баррасии экстремизм зинаи аввали инкишофи гурӯҳҳои канориро ташкил менамояд. Экстремизм аз калимаи фаронсавии «ехtrеmismе» ва лотинии «eхtrеmus» гирифта шуда, маънои луғавиаш ифротгароӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, аз ҳад гузаштан, аз андоза гузаштанро дорад. Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ мебошад. Ин амалу зуҳурот метавонад, дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон – дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд. Ба ин маънӣ дар тӯли чанд даҳсолаи охир диққати олимони диншинос ва сиёсатшинос ба ислом ва нақши он дар равандҳои сиёсиву иҷтимоӣ дар кишварҳое, ки аксарияти аҳолии онҳоро мусулмонон ташкил медиҳанд, равона карда шудааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи дигар кишварҳои ҷаҳон бо ин зуҳуроти номатлуб мубориза бурда, талош менамояд, то ки аз пайомади ногувори ин гуна амалҳо ҷилавгирӣ намояд. Вобаста ба ин ва баҳри тадбиқи сиёсати давлатӣ дар ин самт, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва зерқонунӣ қабул ва мавриди амал қарор дода шудаанд, ки бо мақсади таъмини ҳифзи амният, шаҳрвандони он ва дигар шахсони дар қаламрави он қарордошта, аз таҳдиди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ), тадбиқи уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, танзими ҳуқуқии муносибатҳои вобаста ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, барҳам додани таҳдиди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) дар қаламрави кишвар, ошкор намудан, аз байн бурдан ва пешгирии сабаб ва шароитҳое, ки боиси ба миён омадан ва паҳн шудани терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) мегарданд, инчунин рафъи оқибатҳои ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта, равона гардидаанд.
Махсусан ин нуктаро Асосгузори сулҳу Ваҳдат – Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ иброз доштанд, ки масъалаи «мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, хурофотпарастиву ифротгароӣ» ва ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти идеологии муассисаҳои илмӣ ва сохтори марбутаи давлати дунявӣ дониста мешавад.
Бояд қайд намуд, ки ин падидаи номатлуби иҷтимоӣ кишварҳо дар алоҳидагӣ ба ҳадафи хеш намерасанд. Бахусус фазое, ки кишварҳои ИДМ ва давлатҳои ба он ҳамшафат доранд, бояд дар иттиҳод қарор бигиранд. Воқеан амалкарди созмонҳои амниятӣ дар фазои кишварҳои пасошӯравӣ дар самти амнияти минтақа ва мубориза бо ин гурӯҳҳои терорристӣ дар доираи Созмони ҳамкориҳои Шанхай, Иттиҳоди давлатҳои мустақил, Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ сурат мегирад. Ғайр аз ин як қатор созмонҳои амниятӣ, ки тибқи маълумоти мавҷуда дар ҷаҳон имрӯз зиёда аз 100 созмонҳои бузургу хурди террористӣ амал менамоянд, ки пеши роҳи ин тунгароёну террористонро гирифта истодаанд.
Падидаи номатлуби муосир ба амнияти ҷомеа ба таври муътадил фаъолият намудани мақомоти ҳокимият, инчунин ба ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон хавфу хатари ҷиддӣ эҷод мекунад. Ин падидаи манфӣ имрӯз яке аз амалҳои бениҳоят хатарнок шинохта шуда, ҳамчун ҷинояти дорои хусусияти байналмилалӣ эътироф карда мешавад. Бояд тазаккур дод, ки ҳаракатҳои террористӣ дар миқёси олам гуногун буда, онҳоро асосан ду унсури умумӣ бо ҳам муттаҳид мекунад: аввалан, онҳо барои халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ ва суст намудани пояҳои ҳокимияти давлатӣ равона гардида ва дигар ин, ки ин ҳаракатҳо дар байни аҳолӣ ҳиссиёти тарс, оҷизиро ба вуҷуд меоваранд. Ёдрас намудан ба маврид аст, ки амалҳои террористӣ дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо моддаҳои 179 ва 180 бандубаст карда шудааст. Дар тафсири Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақсадҳои онро чунин шарҳ медиҳад: “Мақсади ибтидоии терроризм халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидаи одамон, ба воҳима ва таҳлука овардани аҳолӣ буда, тавассути он фишор овардан ба мақомоти давлатист. Чунин ҳаракатҳо мақсади ниҳоии ҷинояткоронро дар маҷбур сохтани мақомоти давлатӣ барои қабули қарори ғайриҳуқуқӣ мебошад, ки ба манфиати онҳост ва ё бо мақсади резонидани обрӯ ва манзалати мақомоти давлатист”.
Аз гуфтаҳои боло маълум мегардад, ки имрӯз ҳар як узви ҷомеаро зарур аст, ки бар зидди терроризму ифротгароӣ муборизаи беамон барад. Зеро танҳо дар ҳамоҳангӣ метавон бар зиддӣ ин падидаи номатлуб ва хатарнок муборизаи беамон бурд. Аҳли ҷомеаи тамаддунофар ва маорифпарвари мо, ки ҳисси баланди ватанпарварӣ, ватандӯстӣ, худшиносӣ ва худогоҳӣ доранд, ҳеҷ гоҳ намегузоранд, оромиву сулҳу суботи кишвар халалдор гардад.
Муовини декан оид ба илм ва инноватсияи факултети телекоммуникатсия ва ТИ
Сабуров И.М.