​Муқовимат бо коррупсия: риояиҳадди эътидол дар туғёни хоҳиши сарватмандӣ ва камолоти маънавӣ

Коррупсия дар баробари дигар хатарҳои ҷаҳонӣ, ба мисли терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир яке аз масъалаҳои глобалӣ мебошад. Он ба раванди иқтисодию иҷтимоии ҷомеа ва мафкураи инсоният таъсири манфӣ дорад.

Мазмуни муқовимат бо коррупсия мувофиқ ба муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия” аз ҷумлаи гузаронидани чораҳои пешгирӣ, муҷозоти ашхоси гунаҳкори содиркунандаи кирдори коррупсионӣ, ҳамчунин, ташаккули ҷаҳонбиниизиддикоррупсионӣ, баландбардоштани фарҳанг ва маърифати зиддикоррупсионӣ ташкил медиҳад, ки мазмуни асосии онҷавҳари маънивиро дорост.

Бо мақсади муборизаи бевосита бо коррупсия дар мамлакат ва муттаҳид сохтани саъю кӯшишҳои зиддикоррупсионии давлат, ба мубориза ҷалб намудани ҷомеаи шаҳрвандӣ, намояндагони бахши хусусӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ, муқовимати мақсаднок ба коррупсия бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2007 мақомоти махсусгардонидашудаи зиддикоррупсионӣ - Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки вазифаҳои асосии он аз назорати давлатии молиявӣ, пешгирӣ, барҳам додан ва ошкор намудани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, таҳқиқи ибтидоӣ, тафтиши ҷиноятҳои коррупсионӣ ва амалӣ намудани маҷмӯи тадбирҳои сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ иборат мебошад.

Роҳбарияти сиёсии мамлакат ба масъалаи пешгирии коррупсия диққати ҳамарӯза медиҳад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои ҳамасолаи худ оид ба зарурати дарки коррупсия, муқовимат бар он ва ҷалби тамоми мақомоти давлативу ҷомеаи шаҳрвандиро дар ин ҷода таъкид медорад, ки ин дастури раҳнамосоз ба ин самт равона шуда, он сармашқи кори ҳамагон шудааст.

Қабули Қонун (07.08.2020 №1714) ва “Стратегияи...” (26.01.2008, №34; 30.08.2013, №1504; 03.08.2021, №222)-ҳои муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санадҳои бармонавии дурнамои сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия барои паст кардани шиддат ва сатҳи коррупсия дар кишвар равона гардида, бо дарназардошти стандартҳои байналмилалӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ таҳия гаштаанд ва дар назар аст, ки дар ҳамбастагӣ бо ташкилотҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ амалӣ мешаванд.

Воқеан, барои босамар ташкил намудани кори муқовимат ба коррупсия муайян намудани омилҳои субъектӣ, ки ба талаботи ҷисмониву рӯҳии инсон вобаста аст, ӯро ба содир намудани ин амали номатлуб водор мекунад, ниҳоӣ арзёбӣ мешавад. Бо чунин андеша, дар мақола диққати хонандаро ба муқовимат бо коррупсия, баланд бардоштани фарҳанг ва маърифати зиддикоррупсионӣ бо кўшиши матраҳ намудани масъалаи риояи ҳадди эътидол дар туғёни хоҳиши одам ба молу сарват чун нишонаи камолоти маънавии инсон ҷалб менамоем.

Коррупсия зуҳуроти ҳаёти иҷтимоӣ буда, вай аз қадим бо баробари пайдоиши давлат ба миён омадааст. Вай нуқси кори мақомоти давлатӣ ва шахсонимансабдори онаст, ки ба фаъолияти босамари ӯ зараровар мебошад. Вале давлат доштани мардум, соҳибихтиёру мустақил намудани вай, бахт ва саодати миллат аст.

Давлат ҳастӣ ва бақои зиндагии халқеро собит менамояд. Тоҷикистон ва халқи он зери Парчами худ дар миёни давлатҳои дигари дунё арзи ҳастӣ намуда, бардавом боқӣ монда, рушду нумӯ менамояд ва корҳои хайреро ба сомон мерасонад. Соҳибдавлат будан маънои доштани озодиву истиқлолияти халқро дар назар дорад. Мо, халқи тоҷик, намояндагон, мақомоти давлатӣ, ашхоси мансабдори он ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар арсаи байналмилалӣ озоду мустақил ва босалоҳият баромад намуда, имкон дорем, ки манфиатҳои башариву миллиамонро ҳифозат кунем. Гузашта аз ин, оинаи зиндагиамонро дар асоси маданияти ниҳоят бою ғании ниёгонамон мустақилона интихоб намуда, мафкураву маънавиёт ва дину эътиқоди худромуайян менамоем. Давлат ҳамчун дастоварди инсоният дар натиҷаи ҷонбозиву қурбониҳои зиёд ба даст меояд. Алҳол, то ба имрӯз на ҳамаи халқу миллатҳо ба он мушарраф шудаанд. Мо бо амри тақдир, бинобар ҳувияти озодагиву озодихоҳии мардум, бо санҷишу озмоишҳо тавассути василаву мушкилоти басо сангин, бо саъю талоши намояндагони мардум, бахусус, раҳнамову ҳидоятифарзанди фарзонаи халқи тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон, барандаи сифати накӯ ва хирадиволои инсонӣ – Пешвои миллат, Сарвари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он мушарраф гардида, дар рушду нумӯи он корҳои зиёдеро ба анҷом расонидаем. Ҳамешагӣ дар рўҳияи шукру қаноатмандӣ Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисёр бо қатъият таъкид мекунанд, ки “Дӯст бошед, иттифоқ бошед, шукронаи ана ҳамин давлат кунед, шукрона кунед, ки чунин Ватани азизу маҳбуб доред!”.

Давлату давлатдорӣ бо баробари муҳайё намудани шароити арзанда барои зиндагии шоиста боз мушкилоту муаммоҳое, ба мисли коррупсияро дорад, ки ба вуқӯъ пайвастани он сабабҳои худро дошта, муқовимат накардан ба он, ба мисли чораҷӯи накардан нисбат ба касалиҳои сироятӣ маҳсуб ёфта, давлатро сусту заиф ва фалаҷ мегардонад.

Коррупсия эътимоди мардумро ба давлат коста гардонида, обрўву эътибори онро коҳиш медиҳад ва боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон, заиф шудани пояҳои ахлоқи ҷомеа мегардад. Агар, мо ба масъалаи коррупсия (фасод), муқовимат ба онро чуқуртар муносибат намоем, ногузир ба фалсафаи робитаи инсон бо дунёи ҷисму рӯҳ, масъалаву муаммоҳои ахлоқӣ рӯбарӯ мешавем. Чунки коррупсияву вайронкорӣ, пеш аз ҳама, ба нафсу ғараз ва қудрату давлатмандӣ алоқаманд буда, равони ҷисмонӣ ва рӯҳии шахс дар он муҳим аст. Ва дараҷаи ниҳоии нафсоният, ки судхўриву муфтхўриву хасисиву мардумфиребист, онро С.Айнӣ дар “Марги судхўр” дар симои Қорӣ-ишкамба тасвир намуда, аз оқибати он ишора дорад:

Судхўр ба пули худ нон шиканад гар ба масал,

Шиша сандон шиканад, атола дандон шиканад.

Маълум аст, ки инсон аз ҷисм, моддае, ки хислати ҳаракат, афзоиш, бароварда намудани талабот ва ҷанбаи маънавӣ – рӯҳ, яъне, авзо, ирода, тафаккур, ақл, таълим дорад, иборат аст. Бино ба дастовардҳои инсоният дар ҷодаи моддиёт ва техника ба назар чунин мерасад, ки инкишофи ҷавобҳои моддии ҳаёти инсонӣ дунёи моро ба авҷи камолот мерасонида бошад, афсўс, чунин нест. Баръакс, бар асари пешрафти илмӣ ҷангҳои ҷаҳонӣ бо истифода аз яроқи қатли ом ба вуқӯъ мепайванданд, миллионҳо афроди бегуноҳ мавриди таҷовуз, давлатҳои заифтар ғанимат гирифта мешаванд ва ё дар ин дунёи моддипарастӣ молпарастӣ дар гунаи дунявӣ, яке дар никоҳ ҳамҷинсгариву дигаре виҷдонфурўш буду ҳаст ва ҳоказо.

Ин таҷрибаи ҷаҳони моддӣ ба мо нишон медиҳад, ки замоне моддиёти инсон дар ҷисми ӯ маъмури ҳаёти маънавӣ ва рӯҳӣ гашта, истиқлолияту мухторияти рӯҳро зеру забар намуда, таҷовузкорӣ ба як кори муқаррарӣ табдил хоҳад ёфт. Аз ин рӯ, доимо роҳбари давлат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шахсони мансабдор ва сарватманд таъкид мекунанд, ки зиёдаравӣ накунанд, зеро дар зери ин мафҳум як ҷаҳон маънӣ ифода мегардад. Ба ҳамин маънӣ, Робиндранат Такур, шоири маъруфи Ҳинд чун шиква аз тамаддуни ҳамондавра, ки он танҳо аз модда бино ёфта, ба арзишҳои маънавӣ аҳамияте надодан, ҳарчанд ислоҳоту тараққӣ вуҷуди моддаро зеботар ҷилвагар сохтан, вале таъсир ба инсоният надоштан ва ба сурати худ, балки аз он ҳам ноқистар боқӣ мондаву роҳи дурусте, ки шахсро ба камолоти маънавӣ расонад, пешбинӣ накарданро чанд рӯз пеш аз маргаш ба яке аз шогирдони пешқадамаш гуфта будааст. Ӯ таъкид менамояд, ки дигар ӯ наметавонад бо ин тамаддун роҳи камолоти рӯҳиро ба даст орад, чунки ақидаи ӯ камолоти рӯҳӣ аз пешрафти моддӣ вобаста нест. Ин камолот гавҳаре аст абадӣ дар ниҳоди инсон қарордодашуда, ки мо аз лиҳози моддӣ хоҳ пешрафта (бой), хоҳ ақибмонда (камбағал) бошем. Ин неруву қувваҳои абадӣ кадомҳо бошанд. Дар ҷавоб мегӯяд, инҳо - покӣ, муҳаббат, садоқат, фидокорию ҷонбозӣ ва ҳар сифати дигари дар қалби мо вуҷуддоштае, ки эҳсос мекунем ва бо вуҷуди онҳо дигар ниёзе ба қонуни муқаррароти идорӣ ва иҷтимоӣ надорем, то ба василаи онҳо адолату дӯстиро барқарор намоем. Ӯ таъкид менамояд, ҳангоми таълими шогирд аз манфиати барқ фоидаи гармии муҳаббату покӣ ва садоқат ҳам ба ӯ омўзонида шавад, то ки фарҳанги моддию маънавӣ ҳамоҳанг бо ҳам тавъам гиранд. Вале дар баъзе аз таълимотҳо афкоре мавҷуданд, ки ба ақидаҳои фалсафӣ ва динӣ такя намуда, тасдиқ менамояд, ки рӯҳу ҷисм тазоди манофеъ доранд ва нафъи ҳар як ба зиёни дигаре тамом мешавад. Албатта, натиҷаи чунин афкор миёни ҷанбаҳои моддӣ ва маънавии ҳаёти инсон фарқ ва ҷудоӣ андохта, тақозо менамояд, ки касе, ки ҷанбаи моддиро интихоб намояд, комилан аз ҷанбаи маънавӣ дур гашта, дар моддапарастӣ ғарқ гашта, шуҳратпарастиву манманиро пеша менамояд. Ва, баръакс, касони ҷанбаи маънавии зиндагиро афзалдониста роҳҳоеро барои камолоти рўҳӣ интихоб мекунанд, ки онҳоро аз олами модда дур месозад, чунки тариқи олами модда ба камолоти маънавӣ расидан муҳол аст. Аз ин ҷиҳат, ин иддаи одамон барои расидан ба камоли рӯҳӣ барои тасхири ҷисми худ чӣ чораҳое ихтироъ намекарданд ва аз тамоми талаботи нафеӣ ва куллӣ дурӣ меҷустанд. Чунин афкору рафтор аз рӯи оини зиндагии мо, дини мо ва қонуни мо нест. Тибқи оини мо рўҳу ҷисм такмилкунандаи якдигаранд. Ин ҷо боиси ҷалби таваҷҷуҳ ин аст, ки маҳрум сохтании нафсро аз неъматҳои ҳалол эътидол менамоем, ки ба маънои таҷовуз накардан ба ҳаққи каси дигар ва риоя намудани амали мамнуъ мебошад.

Дар риоя намудани ҳадди эътидол дар таносуби манофеи ҷисм рӯҳ, ҳақиқат ҳаст, ки мувофиқ ба сиришт ва фитрати инсонӣ мебошад. Инсон бо чунин кайфият ва сурат офарида шудааст, ки ҳаққи ҷисму рӯҳ риоя карда шуда, ҷисм дар хизмати рӯҳ қарор мегирад, то ба ин роҳ инсон ба зинаҳои олии камолот бирасад. Зиндагии шарафмандона танҳо дар ҷомеае имконпазир аст, ки агар вай аз моддапарастӣ дур бошад. Ҷомеае, ки дар партави эътиқоду боварӣ ба ҳамдигар, қонуну давлат, адолат, риояи маънавият фаъолият ва талош менамояд, комёб хоҳад гашт. Дар Тоҷикистон ҳар як инсон тибқи Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда ҳақ дорад, моликият дошта бошад, онро зам намояд, молиёт ҷамъ намуда, сарватманд гардад. Вале дар туғёни хоҳиши сарватмандӣ ба зиёдаравӣ роҳ надода, ҳадди эътидолро риоя намояд, донад, ки сарвату мол василаи озмоиши сифат ва хислатҳои инсонӣ ҳам мебошад. Подоши бузургӣ рафтору номи накӯ дар кори неку хайр буда, накунамоӣ саодати дунёи ҳастиро муҳайё менамояд. Баъдан, одамон замоне, ки молу сарват ҷамъ менамоянд, аз ҳадди эътидоли хоҳиши сарватмандӣ ва роҳи росту дуруст берун мешаванд. Онҳо аз роҳи дурусти муайяннамудаи қонун ва оину ахлоқ берун, худро як андоза бениёз эҳсос мекунанд.

Оин ва ахлоқи ҳамидаи мардуми мо масруф шудан ба сарвату моле, ки касро ба ғуруру такаббур мекашад, манъ намуда, шукру сипосро тарғиб менамояд. Одамушшуаро Рўдакии бузургвор фармуда:

Бо дода қаноат куну бо дод бизӣ,

Дар банди такаллуф машав, озод бизӣ.

Дар беҳ зи худе назар макун, ғусса махўр,

Дар кам зи худе назар куну шод бизӣ.

Чунки ишқ ба молу сарват ва худнамоӣ боиси азияти фақирон ва ғуруру такаббур гашта, дар сурати аз даст рафтани он ба соҳиб низ зарар хоҳад кард. Инсони комил аз ҳар гуна тамаъкориҳо парҳезгор бошад. Қаноатпешагӣ яке аз хусусиятҳои неки инсонгароист, ки Хайём ишорае дорад:

Қонеъ ба як устухон чу каргас будан,

Беҳ з-он ки туфайли хони ҳар кас будан

Аз ин лиҳоз, ҳар чӣ, ки Худованд насибамон намудааст, қонеъ бошем, шукрона гўем, барои бо номи нек гузаронидани умр азм намоем, ба дигарон некӣ кунем, ба вайронкориву фасод машғул нашавем.

Бобоҷонова Д.А.,

дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикии

ДДХ ба номи академик Бобоҷон ­Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ