МУҚОВИМАТ БАР ЗИДДИ ҲИЗБУ ҲАРАКАТИ ДИНИЮ ИФРОТӢ ЯКЕ АЗ МУНОСИБАТҲОИ МЕҲВАРИИ ҲАЁТИ БАШАРИЯТ
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ чунин таъкид намуда буданд, ки “бо мақсади таъмини устувор ҷиҳати пешгирӣ аз хатарҳои афзояндаи терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳои замони муосир мо омодаем ҳамкориҳои густурдаро бо созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ кишварҳои шарик тақвият бахшем”.
Дар партави сулҳу суботи комили кишвар ва таъмини рушди устувори он бояд ба эътибор гирифт, ки хусусияти ташфишовар касб намудани радикализм, терроризм ва экстремизми динӣ барои давлатҳои рушдкунанда хатари ҷиддӣ эҷод менамояд. Ин паҳлуи масъала моро барои нигоҳ доштани ҳушёрии сиёсӣ ва зиракии миллӣ водор месозад ва ибрат медиҳад , ки корҳои пешгирӣ ва фаҳмондадиҳиро дар ин самт пурзӯр намоем.
Дар рафти ҳамкории давлатҳо дар доираи ИДМ, аз ҷумла таъмини амният ва андешидани тадбирҳои фаврӣ бо мақсади мубориза бар зидди хатару таҳдидҳои муосири глобалӣ, терроризм ва экстремизм, транзити маводи мухаддир ва паҳншавии ғайриқонунии аслиҳа, ҳалли мушкилоти марбут ба таъмини амният ва дигар мавзуъҳои муҳими ҷомеаи ҷаҳонӣ баррасӣ карда мешавад.
Маъмулан, имрӯз дар муошират, дар забони илм ва воситаҳои ахбори омма ифротгароиро «экстремизм», тундравиро «радикализм» ва даҳшатафканиро «терроризм» мегӯянд. Аз ифротгароии динӣ то терроризм қадаме беш нест. Мушкил он аст, ки ифротгароии динӣ ба рӯҳия ва ахлоқи инсон, муносибати ӯ ба муҳит ва робитаҳои ҷамъиятии шахс таъсири бисёр ҷиддӣ мегузорад.
Пешвои миллат таъкид менамоянд, ки террорист миллат, дин, мазҳаб ва Ватан надорад. Террористро ба худиву бегона ҷудо кардан иштибоҳи маҳз аст. Зеро, ки терроризм ин танҳо усул, мебошад, на барномаи сиёсӣ ё идеологӣ. Решакан кардани он имконпазир ва амалишаванда аст. Вале бар зидди он мубориза бурдани танҳо мақомоти махсус ва ҳукумат кифоягӣ намекунад. Бояд ҳамакаса чӣ ҷавон, чӣ калонсолон якдилона баҳри нест кардани ин “Вабои асри ХХ1” кӯшиш ба харҷ диҳем.
Боиси тазаккур аст, ки радикализм зинаи аввали инкишофи экстремизм, яъне ифротгароӣ мебошад. Экстремизм ва терроризм аз мафҳумҳоеанд, ки дар дунёи имрӯза вирди забони ҳама шудааст ва ин ду мафҳум ба ҳам пайваст мебошад. Равнақу ривоҷи экстремизм дар ниҳояти кор ба терроризм меорад. Айни замон байни давлатҳои абадқударати ҷаҳон рақобате ба вуҷуд омадааст, ки кӯшиш барои соҳиб шудан ба нуфуз ба ин ё он минтақаи олам, захираву сарватҳои табиӣ, энергетикӣ, ба даст овардани мавқеи афзалиятноки стратегӣ, ҳарбӣ ва ғайра торафт шиддат мегирад. Бо назардошти вазъи ҷаҳони муосир ва шаклҳои зуҳури ин падидаҳои номатлуб терроризм аз рӯи хусусияташ гуногунҷабҳа буда, дар давраи ҳозира дар чанд шакл: инфиҷор намудани фурудгоҳҳо, ҷойҳои серодам; барҳам додан ва валангор намудани объектҳои махсусан, муҳими стратегӣ; ба роҳи зӯрӣ гаравгонон гирифтани одамон; дар зеҳни мардум ворид намудани тарсу ваҳм ва нобоварӣ ба фардои ҳаёти осоишта зуҳур мекунад. Намуди дигари фаъолияти экстремистӣ ташвиқоти амалиёти террористӣ мебошад. Ин амал бевосита дар он ифода мегардад, ки баъзе давлатҳо дар таъсис додани ташкилотҳои террористӣ мусоидат мекунанд, дигар давлатҳо бошанд чунин ташкилотҳоро дар қаламрави худ ҷойгир карда, бо маблағҳои калони пулӣ сарпарастӣ менамоянд. Инчунин, ташкилотҳои мазкур аз ҷониби созмонҳои ғайридавлатии байналмилалӣ ҳамчун нерўи пуштибони озодиҳои шаҳрвандон ва равандҳои демократӣ эътироф мешаванд ва ҳатто баъзе давлатҳо онҳоро ба расмият мешиносанд. Дар асл онҳо дар ҳудуди давлатҳои бегона бо роҳи амалҳои террористию экстремистӣ ба сохти давлатдорӣ таъсири манфӣ мерасонанд.
Имрӯз низ дар фарҷоми қарни ХХ ва оғози қарни ХХ1 оташи ҷангҳои хурду бузург лаҳзае хомӯш нагаштааст. Сару садоҳои пуризтироб аз расонаҳои хабарии олам қариб ҳар рӯз ба гӯш мерасад ва сайёраи Замин аз таркиши бомбаву снарядҳои реактивӣ қариб ҳар соат меларзад. Ҷисми сабзиЗаминоғӯштаи хун мегардад, даҳҳо шаҳрҳои обод харобу валангор гардида, садҳо ҳазор одамони бегуноҳ қурбони ҷанги беамон мешаванд. Бо шикасти империяи абарқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ тақсимбандии геопалитикаи ҷаҳон дар интиҳои асри ХХ ва оғози асри ХХ1 ҷараёни тоза мегирад. Марзбандиҳои минтақавӣ, мазҳабӣ ва иқтисодиву сиёсӣ вусъат мепазирад. Талошҳои ошкору ниҳон баҳри ба даст овардани бозиҳои ҷаҳонӣ, захираҳои ашёи хом, манбаҳои сӯзишворӣ ва боигариҳои табиӣ боло мегирад ва дар ҳамин заминра гоҳ дар Машриқу гоҳ дар Мағриб ҷангу низоъҳои қавмию мазҳабӣ доман меафрозад.
Муборизаи якҷояи давлатҳои ИДМ ва созмонҳои байналмилалӣ ба муқобили терроризм дида масъалаи муҳимтаре нест. Барои пешгирӣ аз аъмоли террористӣ ҳамкории муассири кишварҳо бо истифода аз таҷрибаи ҳамдигар ва механизми пешрафта дар заминаҳои низомӣ, табодули иттилоот ва эҷоди фазои ҳамкорӣ миёни аъзо ва воҳидҳои қудратӣ зарур аст. Барои маҳви терроризм бояд сабабҳои пайдоиш ва заминаҳои густариши он мавриди омӯзиш қарор гиранд. Бидуни омӯзиши дақиқ ва илмии сарчашмаҳои пайдоиш ва паҳншавии терроризм имкони нест кардани он вуҷуд надорад.
Имрӯз терроризм қудрати ҷанги идеологию иттиолотиро дорад ва азми ба даст овардани аслиҳаи биологӣ, кимиёӣ ва ҳастаиро пайгирӣ мекунад. Ягон кишвари дунё аз хатари террористӣ эмин нест. Терроризми қадим бо воситаҳои сода, бо хушунат ва вайронкорӣ барои ҳадафҳои сиёсӣ анҷом меёфт. Терроризми имрӯз аз воситаҳои бисёр пешрафта истифода мекунад ва ташкили амалҳо хеле печ дар печ аст, террористон ғолибан худкушанд, дар сатҳи ҷаҳонӣ амал менамоянд. Мисол гурӯҳи террористии «Ал-қоида» дар Олмон, Фаронса, Британия, Ҳолланд, Белгия, Испания, Алҷазоир, Судон, Марокаш, Тунис, Либия, Нигерия, Кения, Яман, Ироқ, Сурия, Урдун, Туркия, Лубнон, Арабистони Саудӣ, Миср, Индонезия, Малайзия, Филиппин, Ҳиндустон, Бангладеш, Покистон- ҷамъ дар беш аз 61 давлати дунё ниҳодҳои сиёсӣ ва ташкилотӣ дорад.
Терроризм, ки сарчашмаҳои идеологӣ ва сиёсӣ низ дорад, ҷинояти сангин алайҳи инсоният аст. Террористон мекӯшанд, то фазои ноамнию бесуботиро барои шаҳрвандон эҷод намуда, бо ин собит намоянд, ки давлат амнияти бошандагонашро таъмин карда наметавонад. Бо ин восита бовари мардумро нисбат ба давлат коҳиш дода, миёни давлат ва мардум фосила эҷод мекунанд. Гуфта метавонем, ки ҳар амали хушунатомези дорои мақсадҳои сиёсӣ ва мазҳабие, ки миёни халқ даҳшат меафканад ва боиси бесуботӣ ва беэътимодии мардум мегардад, амали террористӣ мебошад.
Хатари ҷанги ядроӣ ва ҳастию нестии инсоният дар рӯи сайёраи Замин моро водор мекунад, ки новобаста ба ирқу нажод, қавму миллат, мазҳабу идеология, эътиқоду зиндагӣ, мақому мавқеи иҷтиоӣ дар зери парчами сулҳ мутаҳҳид шавем ва аз болои офатбори ҷанги ядроӣ раҳоӣ ёбем. Дигар чора нест. Одамони рӯйи замин бояд даст ба даст гирифта ба пуштибонии сулҳ бархезанд. Зеро сайёраи сабзи Замин барои кулли инсоният ягона гаҳвораи ҳаёт аст ва моро дар уқёнуси бемаҳдуди кайҳон чун модари мушфиқ асрҳо боз парвариш менамояд.
Солҳои охир дар саросари ҷаҳон зуҳуроти номатлуб аз қабили экстремизм, терроризм, радикализм ва дигар равияҳо зиёд гардида, ҷомеаи ҷаҳониро таҳти таҳдид ва нооромӣқарор доданд. Ташфишовар он аст, ки дар ин раванди номатлуб ба сифати аслиҳаи асосӣ ҷавонон, ҷисман тавонову зеҳнанкамтаҷриба мебошанд, мавриди истифода қарор гирифтаанд.
Барои муборизаи мақсаднок ва пайваста бар зидди падидаҳои номатлуб аз ҷумла радикализм зуҳуроти он дар шакли эктремизм ва методи амалисозии яъне терроризм дар байни наврасон ва ҷавонон ва тамоми сохторҳои ҳукумати ва ғайри ҳукумати таҳияи барномаи ҷадиду мукаммал таҳти унвони “Ҷавонон ва масъалаҳои радикализм”-ро муҳим ҳисобидан зарур аст.
Ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатхои дигар алайҳи мубориза бо радикализми сиёсӣ ва терроризми байналхалқӣ моро водор месозад, ки ҳамеша ҷонибдори рушди ҳамкориҳои созанда бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар асоси принсипҳои дӯстӣ, ҳамкорӣ, ҳамсоягии нек ва эҳтироми ҳамдигар бошем. Барои мубориза бар зидди терроризми байналхалқӣ кӯшиши як давлати абарқудрат ва ҳатто гурӯҳи мамлакатҳои тараққикарда кифоя нест. Аз байн бурдани терроризми байналхалқӣ ҳамчун муаммои шадиди глобалӣ саъю кӯшиши коллективии ҳамаи кишварҳо ва халқиятҳои тамоми ҷаҳонро тақозо менамояд.
Арзиш ва аҳмияти сулҳу дӯстиву ҳамдилӣ дар аҳди қадим дар миёни инсоният тафсир ёфтааст, ки бар ҳақ имрӯз низ қобили аҳамият буда, барои ҷомеаи мо барои расидан ба ҳадафҳои наҷиби пешгирӣ ва муқовимат ба ифротгароӣ ва зӯроварӣ кӯмак метавонад намояд чун ин ғояҳои санҷидашуда ва озмуда, имрӯз низ аҳамияти худро гум накардаанд.
Хулоса, терроризм як падидаи мураккабест, ки омӯзиши ҷиддии ҷомеаи илмиро тақозо мекунад. Омӯзиши терроризм ва зуҳуроти он дар ҷомеаи муосир истифодаи усулу равишҳои зиёд ва равиши байнисоҳаиро тақозо мекунад. Танҳо чунин бархӯрд имкон медиҳад, ки дар бораи проблемаи терроризм тасаввуроти пурра гирифта, чораҳои муассир барои мубориза бо он таҳия карда шавад.
Мо, зиёиён ҳамеша бо суханони Пешвои миллат, муҳтарам Эмомали Раҳмон пайравӣ намуда, терроризм ва экстремизмро шадидан маҳкум менамоем. Инчунин барои ҳифзи якпорчагии ин Ватани биҳиштосо ҳамеша омодаем ва сиёсати хирадмандонаю бунёдкоронаи Пешвои миллатро дастгири намоем.
Мунира Ҳоҷиева,
сармуаллимаи кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносии
Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»