Мизи мудаввар: “Таҳсилоти муосир - муаммо ва пешомадҳои рушди он дар замони ҷаҳонишавӣ”

Бо ташаббуси кафедраи умумидонишгоҳии педагогикаи умумӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9-и шаҳри Хуҷанд таҳти унвони "Таҳсилоти муосир - муаммо ва пешомадҳои рушди он дар замони ҷаҳонишавӣ" мизи мудаввар баргузор гардид.
Дар доираи ин иқдом як гуруҳ устодони кафедра маърӯза намуда, доир ба масоили марбут ба рушди таҳсилоти муосир ибрози назар намуданд.
Ҳамзамон, татбиқи самараноки “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, аҳаммияти таҳсили ҷавондухтарон, таҳкими сифати таълим, барномаҳои таълимӣ, таъсиси ихтисосҳои нав ва фароҳамсозии шароити мутобиқ ба бозори меҳнат дар доираи ин ташаббус мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Маркази иттилоот ва таҳлил