​Мизи мудаввар: “Ташаббусҳои Пешвои миллат дар ҳифз ва нигаҳдошти сарватҳои табии Тоҷикистон”

Дар доираи ҳафтаи илм дар кафедраи географияи табиии факултети геоэкология ва туризм бахшида ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” ва эълон гардидани соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” мизи мудаввар доир гардид. Ташаббуси мазкур ба мавзуи “Ташаббусҳои Пешвои миллат дар ҳифз ва нигаҳдошти сарватҳои табии Тоҷикистон” бахшида шуд.

Мудири кафедра, дотсент Абдураҳимова Мавзуна зимни суханронӣ таъкид намуд, ки бо назардошти мавқеи калидии захираҳои табиӣ дар рушди иқтисодии Тоҷикистони соҳибистиқлол солҳои охир таваҷҷӯҳи Ҳукумати кишвар таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифоди оқилона ва ҳифзи сарватҳои рӯизаминӣ ва зеризаминӣ хеле афзудааст.

Гуфта шуд, ки ҳамасола дар Паёми Сарвари давлат самтҳои фаъолият барои дурнамои наздик ва оянда муайян карда мешаванд, ки меҳвари онро масъалаҳои истифодаи самараноки захираҳои табиӣ ташкил медиҳад.

Дар идома профессор Абдураҳимов Садриддин суханронӣ намуда, зикр дошт, ки дар Паёми навбатӣ низ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи тадқиқоти геологии захираҳои табиӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, Ҳукумати кишварро вазифадор намудаанд, ки ҷиҳати дарёфти маблағҳои зарурӣ барои тақвияти корҳои тадқиқотиву геологӣ ва мушаххассозии захираҳои мавҷуда тадбирҳои амалӣ андешанд. Зеро захираҳои фаровони обу замин, ангишту тилло, нуқра, сурб, волфрам, ҳатто нафту газ дар қаъри замини Ватани маҳбубамон солҳои охир кашф шудаанду мебояд онҳоро оқилона кор кард ва ба нафъи зинадгонии шоистаи ардуми мамлакат истифода бурд.

Мизи мудаввар бо суолу ҷавоб ва табодули афкор анҷом пазируфт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ