Мизи мудаввар: “Самтҳои афзалиятноки стратегияи тараққиёти муносибатҳои андозӣ дар шароити иқтисоди рақамӣ”

Дар факултети иқтисодӣ бо ташаббуси кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит дар мавзуи “Самтҳои афзалиятноки стратегияи тараққиёти муносибатҳои андозӣ дар шароити иқтисоди рақамӣ” мизи мудавввар баргузор гардид.
Декани факултет дотсент Нуриддинова Манзура мизи мудавварро ифтитоҳ бахшида, иштирокчиёнро бо барномаи ҳафтаи илм шинос намуд.
Омӯзгори кафедра Мақсудзода Эхтибор доир ба мавзуи мизи мудаввар маърӯза намуда, дар бораи низоми андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози назар намуд.
Ҳамзамон, ташаббусҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузариш аз иқтисоди маъмуриву банақшагирӣ ба низоми нави муносибатҳои иқтисодӣ, яъне иқтисоди бозаргонӣ ва ислоҳоти фарогир дар ин самт мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Маркази иттилоот ва таҳлил