Мизи мудаввар: Конститутсия – бахтномаи миллат

Бо ташаббуси шуъбаи тарбияи раёсати донишгоҳ дар ҳамкорӣ бо Шӯрои ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар мавзуи “Конститутсия – бахтномаи миллат” мизи мудаввар баргузор гардид.
Дар доираи мизи мудаввар як қатор маърузҳо шунида шуд.
“Аз таърихи қабули Конститутсия ва нақши он дар давлатдории навини миллӣ” Шарипов Абдуҳаким – номзади илмҳои педагогӣ, дотсенти факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус, доир ба “Конститутсия ва Қонунҳои миллӣ” Саидзода Шуҳрат, устоди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, перомуни “Пешвои миллат- эҳёгари давлати навини тоҷикон” омӯзгори мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстон Нуров ва дар мавзуи “Зуҳури хатарҳои диниву экстреместӣ дар замони муосир” дотсенти факултети таърих ва ҳуқуқ Шарифзода маърузаҳои пурмуҳтаво ироа карданд.
Таъкид гардид, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи дастовардҳои бисёр арзишманди даврони соҳибистиқлолии мамлакат ба ҳисоб меравад. Ҳадаф аз ҳамасола ҷашн гирифтани рӯзи қабули нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, пеш аз ҳама, эҳтирому арҷ гузоштан ба қонуни асосиву сарнавиштсози давлат ва раъйи ҳамватанони азизамон мебошад, ки дар давраи басо душвори таърихӣ онро ҷонибдорӣ намуда, ба ин васила барои ояндаи дурахшони кишварамон заминаи боэътимоди сиёсӣ ва иҷтимоиву ҳуқуқӣ фароҳам оварданд.
“Дар асоси Конститутсия таъмин намудани соҳибихтиёрӣ, истиқлолу озодӣ ва тамомияти арзии кишвар вазифаи асосии давлат буда, тағйирнопазир будани шакли идораи кишвар, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва иҷтимоии давлат ҳамчун меъёрҳои пойдору устувори он эътироф гардидаанд. Дар ин санади бунёдии давлат мақсаду вазифаҳо, асосҳои сохтори давлатдорӣ, рамзҳои давлатӣ, ҳудуди кишвар, муносибат ба моликият, самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба таври возеҳу равшан инъикос шудаанд” - зикр шуд дар доираи мизи мудаввар.
Хотиррасон менамоем, ки феълан ҷиҳати сазовор таҷлил намудан аз Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми факултетҳои донишгоҳ силсилаи чорабиниҳо идома доранд, ки тафсилоти он дар гузоришҳои минбаъда нашр хоҳанд шуд.
Маркази иттилоот ва таҳлил