Мизи мудаввар: "Истиқлоли Тоҷикистон поянда бод!"
3-юми сентябри соли 2024 дар факултети филологияи рус бо ташаббуси устодони кафедраи нутқи шифоҳӣ ва хаттии забони русӣ мизи мудаввар доир гардид. Ин ташаббус ба муносибати 33-юмин солгарди Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки устодону донишҷӯён баргузор шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки мизи мудаввар дар мавзуи "Истиқлоли Тоҷикистон поянда бод!" сурат гирифта, дар доираи он ҷанбаҳои муҳими ташаккул ва рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари мустақил, дастовардҳои замони истиқлол мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар ҷараёни чорабинӣ доир ба тарбияи миллии донишҷӯён дар руҳияи ватандӯстӣ ва ҳувияти миллӣ, инчунин нақши ҷавонон дар ҳифз ва нигаҳдории арзишҳо ва неъматҳои замони истиқлол табодули афкор сурат гирифт.
Маркази иттилоот ва таҳлил