​МЕҲРГОН-МЕРОСИ НИЁГОН ДАР ОИНАИ САНЪАТ

Дар факултети санъати тасвирӣ ва дизайни МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” ба муносибати ҷашни Меҳргон чорабинии идона таҳти унвони “Меҳргон-мероси ниёгон дар оинаи санъат” баргузор шуд.

Декани факултет, дотсент Азизиён Шерзод Юсуфзода чорабиниро ифтитоҳ намуда, аз сиёсати хирадмандона ва фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи эҳё ва ба қатори ҷашнҳои миллӣ ворид гаштани Меҳргон сухан гуфт.

Мудири шуъбаи тарбияи Донишгоҳ Ҷалолзода Хайёмиддин табрикоти ректори МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” муҳтарам Набизода Мирзотоҳир Сайфиддинро ба самъи ҳозирин расонд. Таъкид гардид, ки сиёсати маорифпарварона, сулҳҷӯёна ва фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллат ба мо имкон медиҳад, ки мероси ғании фарҳангии худро ҳифз карда, онро ба наслҳои оянда бирасонем.

Дар идома устодону донишҷӯёни факултети санъати тасвирӣ ва дизайн, бо намоиши маҳсулоти дастранҷи деҳқон, эҷоди мусаввараҳои зебо, ороиши саҳнаи ҷолиб ва таҳияи барномаи фарҳангӣ руҳияи ҳозиринро болида намуданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ ғолибони озмуни “Расми беҳтарин”, ки таҳти унвони “Меҳргон -мероси ниёгон дар оинаи санъат” қаблан баргузор шуда буд, аз ҷониби сарвари факултет ва меҳмонон қадршиносӣ гардиданд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ