МЕҲРГОН – ҶАШНИ ДӮСТИВУ МЕҲР
Дар толори раёсати Донишгоҳ бо иштироки васеи устодон ва донишҷӯёни Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» ба муносибати таҷлили ҷашни Меҳргон конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Меҳргон – ҷашни дӯстиву меҳр» баргузор гардид.

Нахуст муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи Донишгоҳ Ятимзода Содиқ Бақо конференсияро ҳусни оғоз бахшида, ҳамаи иштирокчиёнро ба муносибати фарорасии ҷашни қадимии Меҳргон табрику таҳният гуфт. Гуфта шуд, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони Истиқлоли давлатӣ ба таърих ва фарҳанги миллӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, ҷашнҳои мардумии мо дар дохил ва хориҷи кишвар эҳё ва тарғиб гардида истодаанд. Таъкид гардид, ки ҷашни Меҳргон аз нав умри дубора ёфта, имрӯз дар қаламрави давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад ва он иди ҷамъоварии маҳсули меҳнати деҳқон ба ҳисоб меравад.
Сипас аз ҷониби устодони Донишгоҳ, номзади илмҳои таърих, мудири кафедраи археология, этнография ва диншиносӣ Ҳусайнӣ Фаррух дар мавзуи «Пешвои миллат – ҳомии ҷашнҳои миллӣ», номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи адабиёти классикии тоҷик Тоҷибоев Шарифҷон дар мавзуи «Тараннуми Меҳргон дар назми асрҳои Х-ХII» ва номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи забонҳои форсӣ ва хитойӣ Раҳимов Ислом дар мавзуи «Меҳргон дар фарҳанги мардумӣ» маърӯзаҳои пурмуҳтави илмӣ ироа гардид.
Дар саҳни бинои раёсати Донишгоҳ ба ин муносибат намоиши маҳсулоти кишоварзии минтақаи таълимӣ-таҷрибавии «Хуррамзамин»-и Донишгоҳ ва ҳунарҳои мардумӣ ташкил карда шуд, ки аз он устодону донишҷӯён дидан намуданд.
Маркази иттилоот ва таҳлил