​Мавқеи Тоҷикистон дар роҳи мубориза бо терроризм

Ҷумҳурии Тоҷикистон терроризмро барои амнияти бехатарии миллӣ, минтақавӣ ва байналмиллалӣ яке аз омилҳои хатарнок медонад.

Терроризми байналмилалӣ ҳоло ба ҳамаи ҷаҳони мутамаддин ва ба тамоми аҳли башар таҳдид мекунад.

Инчунин истифодаи усулҳои террористиро ҳамчун воситаи расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ ва кӯшишҳои рӯпӯш намудани онҳоро бо ғояҳои сиёсию-динӣ, миллӣ ва нажодӣ комилан ва қатъиян маҳкум мекунад. Имрӯз тамоман равшан аст, ки ин раванди барои тамаддуни инсонӣ бегонаро танҳо бо кӯшишҳои муштарак ҷиловгирӣ кардан мумкин аст.

Айни ҳол вазъи марбут ба аъмоли террористӣ дар ҷаҳон муташанниҷ боқи мемонад. Сарфи назар аз тадбирҳои солҳои охир андешидашуда дар бахши мубориза бо терроризм, таҳдиди амалҳои нави террористӣ нафақат аз байн нарафтааст, балки афзоиш ёфтааст. Дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон фаъолшавии созмонҳои террористӣ ва ниҳодҳои маблағгузори онҳо ба мушоҳида мерасад.

Тибқи маълумоти коршиносони боэътимод имрӯз дар ҷаҳон тақрибан 500 созмонҳои террористии пинҳонкор амал мекунанд. Ҳамасола дар арсаиҷаҳон барои терроризм дар маҷмӯъ аз 5 то 20 миллиард доллари амрикоӣ сарф карда мешавад. Ҳоло ҷомеаи ҷаҳонӣ аз густариши падидаҳои нангини муосир – терроризми байналмилалӣ, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва қочоқи силоҳ дар ташвиш аст. Ва имрӯз ягон давлати дунё, ҳатто кишварҳои абарқудрат наметавонанд дар танҳоӣ бар зидди ин падидаҳо истодагарӣ намоянд.

Аз ин рӯ, мубориза бар зидди хатарҳои зикршуда аз ҳамаи мо андешидани тадбирҳои ҷиддӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалиро ҷиддан тақозо мекунад.

Мутаассифона, чанд соли охир баъзе доираҳои сиёсӣ ва баъзе роҳбарону сиёсатмадорон пайдоиши терроризмро танхо аз дини ислом медонанд, киин тасаввур ва андешаи ғалат аст. Чунки маблағгузори асосии ин падидаҳо доираи одамонеанд, ки ба дини ислом ҳеҷ алоқамандие надоранд. Мақсади асосии онҳо паст задани обрӯву нуфузи дини ислом аст.

Мусаллам аст, ки терроризми байналмилалӣ аслан дину мазҳаб ва миллату сарҳад надорад» - мегӯяд Эмомалӣ Раҳмон.

Чунин муносибат ба мардуми мусулмон, ки аз уқёнуси Ҳинд ва Ором то уқёнуси Атлантик маскунанд ва панҷяки аҳолии сайёраро ташкил медиҳанд, аз рӯи инсофу адолат нест.

Дини мубини ислом чун ҳама динҳои дигар инсониятро ба таҳаммул, тараҳҳум ва тавозӯъ ҳидоят намуда ҳар гуна зӯроварӣ ва кушторро маҳкум месозад. Бинобар ин терроризм ва экстремизмро бо ислом пайванд додан хатои маҳз аст.

Алоқаманд сохтани дин ба падидаҳои номатлуби замонаи муосир аз ҷумла ба терроризми байналмиллаӣ ин кори доираи инсонҳое мебошад, ки бо роҳи сафед сохтани кори худ ҳамин ақидаро дар байни аҳолӣ паҳн кардаанд. Чунин ҳолат қобили таваҷҷӯҳ аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи ҳамкории воқеии зидди террористиро ва дар баробари ин зидди маводи нашъаовари умумиҷаҳониро чун пештара, кори аввалиндараҷаю таъхирнопазир мешуморад.

Тавре, ки маълум аст, ҳамаи шаклҳои терроризм хафви трансмиллӣ дошта ва аслан ҳамаи меъёрҳои арзиширо аз байн бурда ва гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар сабаби таназзули моҳияти иҷтимоию маънавии бисёр одамони ҷаҳон мегардад.

Дар робита бо ин чунин ҳолат ба назар мерасад, ки бо вуҷуди чораҳои ҷомеаи ҷаҳон дараҷаи таҳдиди умумиҷаҳонии ин падидаҳои манфӣ чун пештара баланд аст. Ҳамзамон нажодпарастӣ, миллатгароии ифротӣ ва фашизми навбаромад, ҳисси нафрат ба миллатҳои дигар, бадбинии мазҳабӣ, ки дар баъзе мамлакатҳо ба назар мерасанд, ҳар чӣ ҷиддатару хавфноктар мегарданд.

Пешгирии хатари терроризм танҳо бо ҳамкории байналмилалӣ имконпазир аст ва расидан ба ин мақсади умумибашарӣ бо роҳи собитқадамона дар амал татбиқ намудани чунин тадбирҳои бо якдигар алоқаманд ва якдигарро пурракунанда, аз қабили ривоҷи раванди ҳалли силоҳ ва таҳкими низомии паҳн накардани аслиҳаи қатли ом, таҳкими низоми меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва мақоми асосии Созмони Милали Муттаҳид, таъмини ҳамкории воқеии сохтору созмонҳои мухталифи байналмилалӣ имконпазир аст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон чун шарики фаъоли эътилофи байналмиллалии мубориза бо терроризм ва экстремизм ҳамдастии созандаро бо кишварҳои эътилоф на танҳо дар ин самти муҳим тавсиа мебахшад, балки ба густариши ҳамкории муфиди иқтисодӣ низ таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир менамояд. Ҳамин гуна фаъолият дар чаҳорчӯбаи имконияти дигар институтҳои минтақавию байналмиллалӣ низ идома хоҳад ёфт.

Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфи назар аз вуҷуди мушкилоти дохилӣ ва таъсири тағирёбии воқеаҳои маълуми минтақа дар муқобили таҳдидҳо ва хатарҳо мавқеи усулӣ ва устуворро ишғол намудааст, ҳаддалимкон аз оқибатҳои фоҷиавии онҳо пеш аз ҳама худи давлат ва суботу амнияти минтақаро дифо карда тавонист. Чунончи аз хатарҳое, китерроризм ва экстремизм муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷинояткории фаромиллӣ, ҳодисаҳои фавқуллодаи табиӣ ва фалокатҳои техникӣ бармеоянд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ пайваста талош меварзад, то дар ҳалли масъалаҳои терроризм ва экстремизм саҳмгузор бошад.

Тавре, ки маълум аст, терроризми байналхалқӣ низ ба демократия таҳдид менамояд, мамлакати мо дар давоми соҳибистиқлолӣ дар роҳи маҳв намудани терроризм дар Осиёи Марказӣ ва мамлакатҳои дигар як навъ нақши минтақаи мобайниро бозид ва мо ба ин проблема бевосита шинос мебошем. Маҳз барои ҳамин Тоҷикистон дар ҳамаи кӯшишҳо ва тадбирҳои решакан кардани ин зуҳуроти номатлуб фаъолона иштирок менамояд.

Вале мусаллам аст, ки терроризмро танҳо бо роҳи ҷанг несту нобуд кардан имконнопазир аст. Инчунин ҳамин нуқтаи назар хатост, ки ин зуҳуроти номатлуб дар ин ё он дин ё фарҳанг реша давондааст. Решаҳои терроризм на танҳо дар заминаи қабул накардани демократия фурӯ рафтаанд. Терроризм дар заминаи беадолатӣ ва азобу шиканҷаи одамон дар заминаи ҳавобаландӣ ва худсарии баъзеҳо ва маҳдуд сохтани ҳуқуқи дигарон нашъунамо меёбад.

Терроризм дар ҷое зоҳир меёбад, ки дар он ҷо як ҳақиқати мутлақ ба ҳақиқати дигар муқобил гузошта мешавад.

Муколама ҳамеша аз ҷанг дида муфидтар ва амалитар мебошад. Муколома ҳамеша имкон медиҳад, ки худро аз тарсу ваҳм ва нобоварии муносибатҳои байналхалқӣ озод созем. Муколамаро истифода бурда ҳамкории байналхалқиро ба маҷрои бунёдкорӣ равона кардан мумкин аст.

Ба туфайли муборизаи муштарак бо терроризм ҳамчун зуҳуроти муташаккилона зарбаи ҷиддӣ зада шуда бошад ҳам он ҳанӯз решакан карда нашудааст. Намунаи ибрати ин мубориза, ки дар он Тоҷикистон фаъолона иштирок дорад ҳамин аст, ки терроризми байналхалқӣ наидеология, на миллат ва на ватан дорад. Вале ҳаминаш маълум аст, ки терроризм бе заминаи молиявӣ ва сарчашмаи моддӣ вуҷуд дошта наметавонад. Таҳдиди терроризм ба демократия маҳз дар ҳамин масъала бо зуҳуроти дигари хавфнок, таҳдиди торафт бештар паҳн гардидани маводи нашъадор алоқаманд мегардад.

Хариду фурӯши ғайриқонунии маводи нашъадор имрӯз яке аз манбаъҳои асосии бо маблағ таъмин намудани терроризми байналхалқӣ гардидааст. Ҷиддият ва доманаи васеи проблемаҳои вобаста ба маводи нашъадор ва хариду фурӯши ғайриқонунии онҳо дар бораи хавфи умумиҷаҳонии он шаҳодат медиҳад, ки ба имконият ва суботи вазъияти саросари ҷаҳон таҳдид менамояд.

Тоҷикистон чун давлати соҳибистиқлол ҳамеша ҷонибдори муборизаи мусаллаҳона бар зидди терроризм ва экстремизм буда инчунин ақидае, ки терроризмро ба дини муқаддаси ислом алоқаманд мешуморад рад менамояд.

Муҳамадизода М. – омӯзгори

ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ