МАСЪАЛАИ МУҚОВИМАТ БАР ЗУҲУРОТҲОИ НОМАТЛУБ ДАР ПАЁМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
Таърих гувоҳ аст, ки аз давраҳои хеле қадим коррупсия яке аз зуҳуротҳои номатлуб ба ҳисоб мерафт. Дар таърихи инсониият шахсиятҳои бартаҷастае ҳастанд, ки бар зидди ин зуҳурот мубориза мебурданд. Дар Миср фиръавнҳо ва дар Юнони Қадим шахсиятҳои сарватманд бо коррупсия дучор мешуданд. Дар ҳар давраи таърихӣ ин зуҳурот вуҷуд дошт ва шахсиятҳои алоҳида барои ба даст овардани фоида вобаста ба ягон соҳаи алоҳида ба коррупсия даст мезаданд.
Дар замони муосир низ коррупсия ҳамчун зуҳуроти номатлубу зишт ва яке аз ҷиноятҳои хавфнок ба амнияти давлат, суботи ҷомеа ва рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар таҳдид менамояд. То ҳол ба ҳеҷ давлати дунё муяссар нашудааст, ки ин ваборо пурра аз байн бурда бошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта, инчунин хавфу хатар ва оқибатҳои манфии онҳо изҳори назар намуда, роҳу усулҳои пешгирӣ намудани ин падидаи номатлубро масъалагузорӣ менамоянд ва дар паёмҳои Президенти мамлакат мубориза бар зидди коррупсия самти афзалиятноки фаъолияти давлат ҳисобида шудааст.
Чуноне, ки дар Паёми навбатии Пешвои миллат қайд карда шуд,коррупсия зуҳуроти номатлуб ва барои ҷомеа хатарнок ба ҳисоб рафта, мубориза бар зидди он вазифаи асосии мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як сокини кишвар мебошад.
Аз ин лиҳоз, барои пешгирӣ кардани кирдорҳои коррупсионӣ, фароҳам овардани фазои оштинопазир ба он ва ба ин раванд ҷалб намудани тамоми мақомоти давлатӣ, воситаҳои ахбори омма ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ аз ҷониби субъектҳои мубориза бар зидди коррупсия бояд чораҷӯӣ карда шавад.
Чунончи, Пешвои миллат дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми апрели соли 2004 вобаста ба зуҳуроти номатлубу зишти коррупсия сухан карда, мубориза бар зидди онро яке аз самтҳои асосии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар гуфтанд. Тавре зикр намуданд: «Зуҳуроти номатлуби дигаре, ки имрӯз ҷомеаро ба ташвиш овардааст, паҳн гардидани коррупсия мебошад. Ришвадиҳӣ ва ришваситонӣ дар ҳар шакл ва дар ҳар зинаи мақомоти давлатӣ ё субъектҳои хусусӣ, ки сурат гирад, пеш аз ҳама нуфузу эътибори давлат ва хусусан, мақомоти ҳифзи ҳуқуқро дар миёни халқ паст мекунад. Аз ин рӯ, мубориза бар зидди ин ҷиноят бояд яке аз самтҳои асосии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ташкил диҳад». Дарвоқеъ, порадиҳӣ ва порагирӣ кирдорҳои хавфноку зишт буда, дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои содир намудани чунин кирдорҳо моддаҳои махсус – моддаҳои 319 (гирифтани пора) ва 320 (додани пора) пешбинӣ гардидааст.
Қобили зикр аст, ки дини мубини ислом низ порахӯр ва порадиҳандаро сахт маҳкум карда, шахсоне, ки чунин гуноҳро содир мекунанд, сазовори ҷазои сангин медонад. Дар Қуръони Карим омадааст: «Не присваивайте незаконно имущества друг друга и не подкупайте судей, чтобы намеренно присвоить часть собственности других людей». Тавре пайғамбарамон Муҳаммади Мустафо (с) дар ҳадисе мефармояд: «Порахӯру порадиҳанда ҳар ду дар ҷаҳаннам аст».
Мавриди ёдоварист, ки дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10-уми январи соли 2007, таҳти № 143 бо мақсади вусъат додани мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта, бартараф намудани такроркунии функсия ва ваколатҳои мақомоти идоракунии давлатӣ, таъмини шаффофият ва такмили фаъолияти назоратию ревизионӣ Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми махсусгардонидашуда ва ҳамоҳангсози мубориза бар зидди коррупсия таъсис дода шуда, Низомномаи он тасдиқ гардид. Дар робита ба ин, вазифаҳои собиқ Кумитаи назорати давлатии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саридораи полиси андози Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, сохторҳои мубориза бар зидди коррупсия ва ҳуқуқвайронкуниҳои иқтисодии хусусияти коррупсионидоштаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат ба ваколати Агентӣ вогузор карда шуданд.
Бо мақсади танзими фаъолияти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (аз 20-уми марти соли 2008) қабул гардид. Қонуни зикргардида вазъи ҳуқуқӣ, низом, сохтор ва ташкили фаъолият, ҳуқуқ ва уҳдадориҳо, хизмат дар мақомот, ҳамкории байналмилалии ҳуқуқӣ, таъминоти молиявӣ, моддию техникии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро муқаррар менамояд.
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти ваколатдори назорати давлатии молиявӣ ва ҳифзи ҳуқуқ буда, назорати давлатии молиявиро оид ба истифодаи самарабахши маблағҳои давлатӣ ва молу мулки давлатӣ барои таъмини амнияти иқтисодии давлат, бо роҳи огоҳсозӣ, пешгирӣ, ошкорсозӣ, рафъи ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, фошнамоӣ, таҳқиқ ва тафтишоти пешакии ҷиноятҳои коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ҷиноятҳои ба андоз алоқаманд, инчунин, дигар вазифаҳоеро, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардаанд, иҷро менамояд.
Бо сабаби он ки дар шароити муосир коррупсия ҳамчун зуҳуроти хатарнок ба рушди давлат таъсири манфӣ мерасонад, дар мамлакат мубориза бар зидди он самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ эълон шудааст. Чуноне ки Президенти мамлакат дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25-уми апрели соли 2008 қайд намуданд: «Бо дарназардошти он, ки коррупсия дар қатори дигар зуҳуроти хавфноки ҷаҳони муосир асосҳои давлатдориро суст карда, садди роҳи инкишофи ҷомеа мегардад, мо мубориза бар зидди ин падидаи нангин ва паст кардани сатҳи онро ба самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил додаем».
Бояд зикр кард, ки дар паёми Президент соли 2012 аз чумла гуфта шуд, ки коррупсия яке аз хатарҳои асосии ҷомеа буда, ба пешрафти соҳаҳои мухталифи ҳаёти давлату ҷамъият халали ҷиддӣ ворид месозад.
Дар Тоҷикистон ҷиҳати мубориза бо ин падидаи номатлуб тамоми заминаҳои ҳуқуқиву ташкилӣ фароҳам оварда шудаанд. Вале татбиқи онҳо ҳанӯз ҳам қаноатбахш нест.
Бинобар ин, мақомоти дахлдори давлатӣ, аз ҷумла Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бар зидди коррупсияро зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ муборизаро бар зидди амалҳои коррупсионӣ боз ҳам тақвият бахшанд.
Бо ин мақсад, пеш аз ҳама, ҷиҳати таъмини риояи қатъии қонун ва паст кардани шиддати коррупсия дар фаъолияти мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори онҳо тадбирҳои иловагӣ андешида, дар ҷомеа фазои оштинопазири зиддикоррупсионӣ ба вуҷуд оварда шавад.
Бояд иброз намуд, ки барои тақвият бахшидан ба ҷараёни муқовимат ба коррупсия 30-юми апрели соли 2010, таҳти №864 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тадбирҳои иловагии тақвияти муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расида, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми сентябри соли 2010, таҳти №431 Нақшаи чорабиниҳо оид ба таъмини иҷрои тадбирҳои иловагии тақвияти муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2012 тасдиқ гардид. Илова бар ин, 14-уми декабри соли 2010 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои миллии муқовимат бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ва Низомномаи он тасдиқ карда шуд. Шӯрои миллӣ мақоми умумимиллии машваратӣ, мутобиқсозандаи фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати амалигардонии чораҳои пешгирӣ ва муқовимат бо коррупсия мебошад.
Бояд хотирнишон сохт, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми январи соли 2008, таҳти № 34 «Стратегияи мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012» қабул гардид. Стратегияи мазкур ҳуҷҷати барномавии сиёсати зиддикоррупсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар доираи он самтҳои асосии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат ҷиҳати мубориза бар зидди коррупсия муайян карда шуд.
Бинобар ба охир расидани муҳлати «Стратегияи мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012» Сарвари давлат дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми апрели соли 2013 масъалаи таҳия ва пешниҳод намудани «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020»-ро ба миён гузоштанд ва барои таҳияи он Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Вазорати адлия, Прокуратураи генералӣ, Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар субъектҳои муқовимат ба коррупсия вазифадор гардиданд.
Дар натиҷа, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми августи соли 2013, таҳти №1504 «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» тасдиқ карда шуд. Стратегияи мазкур ҳамчун санади барномавии дурнамои миёнамуҳлати сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия, барои паст кардани шиддат ва сатҳи коррупсия дар кишвар равона гардида, бо дарназардошти стандартҳои байналмилалӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ таҳия гардида, дар ҳамбастагӣ бо ташкилотҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ амалӣ карда мешавад.
Мақсаду ҳадафҳои «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ба паст кардани сатҳи коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, мунтазам бартараф намудани монеаҳо, фароҳам овардани шароит барои рушди иқтисодиёт, инкишофи арзишҳои демократӣ, баланд бардоштани некӯаҳволии мардум равона карда шудааст.
Ҷиҳати иҷро намудани банди 58-и Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми декабри соли 2018 зикр ва бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми январи соли 2019, таҳти № АП-1146 тасдиқ шудааст, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» таҳия гардида, бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» бо риояи муқаррароти Конститутсияи мамлакат ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» таҳия шуда, мафҳумҳои коррупсия, муқовимат ба коррупсия, ҳуқуқвайронкуниҳои вобаста ба коррупсия ва дигар мафҳуму меъёрҳоро дар самти муқовимат ба коррупсия муайян месозад. Тарзу усулҳои муосири муқовимат ба ин зуҳуроти номатлуб зарурати дар таҳрири нав таҳия намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия»-ро ба вуҷуд овард.
Ҳамин тариқ, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия»-ро (17-уми июни соли 2020) баррасӣ ва қабул кард. Он тибқи тартиби муқарарнамудаи Конститутсияи мамлакат 7-уми августи соли 2020 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо гардида, пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шуд.
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқию ташкилии муқовимат ба коррупсияро муайян намуда, ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлату ҷамъият, таъмини амнияти миллӣ, фаъолияти муътадили мақомоти давлатӣ ва беғаразӣ дар хизмати давлатӣ нигаронида шудааст.
Аз ин рӯ, субъектҳои ба коррупсия муқовиматкунанда вазифадор шуданд, ки барои пешгирӣ кардани кирдорҳои коррупсионӣ, фароҳам овардани фазои оштинопазир ба он ва ба ин раванд ҷалб намудани тамоми мақомоти давлатӣ, воситаҳои ахбори омма ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ чораҷӯӣ намоянд.
Хулоса, паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бар зидди коррупсия мавқеи намоён ва нақши муҳим дар ҳаёти ҷомеа мебозад. Зеро дар паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои садди устувор гузоштан дар роҳи кирдорҳои коррупсионӣ тарзу усулҳои мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб ақидаҳои пурмуҳтаво баён шуданд. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар заминаи паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабулгардида, муқовимат ба коррупсияро пурзӯр намуда, ҷиҳати пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта, мусоидат хоҳанд кард.
Абдуллоева Азиза,
муаллими калони кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносии
Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»