МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ – ВАСИЛАИ ТАЪМИНИ ВОЛОИЯТИ ҚОНУН
Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем.
Эмомалӣ Раҳмон
Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди устувор гардидани пояҳои ҷомеа ва давлат муҳим буда, он боэътимодтарин омили ҳуқуқии ташаккули давлатдории миллӣ мебошад. Дар ин давом ҳаёти иҷтимоии кишвар ҷараёни пурмаҳсулро ба душ дошт ва кулли дигаргуниҳои ҷиддӣ дар мамлакат дар соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ба вуқӯъ пайваст.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъминкунандаи асосии ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд, манфиати давлату миллат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолат ба ҳисоб меравад. Ин омили муҳим тақозо менамояд, ки пайваста соҳаи иҷтимоӣ таҳким ва густариш ёбад ва ба маротибҳо баланд бардошта шавад.
Дар моддаи 1-и Конститутсияи кишвар омадааст, ки Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. Меъёрҳои Конститутсия таҷассумгари арзиши олӣ доштани инсон, ҳуқуқу озодиҳо, таъмини ҳифзи вазъи иҷтимоии он ва дигар ҳуқуқҳои инсон мебошанд. Бо боварии том гуфта метавонем, ки дар замони ҳозира ҳар як шаҳрванд зиндагии арзанда ва рушди озодро, алалхусус ҷавонони саодатманди даврони соҳибистиқлолият соҳиб мебошанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсию иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои ҳадафманд ва устувор пеш рафта истодааст.
Бояд қайд намуд, ки инкишофу рушди ҷомеаи имрӯзаи мо дар заминаи фазои ҳуқуқие, ки Конститутсия фароҳам овардааст, асос меёбад. Тоҷикистон ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ пайваста барои ободии рӯзгори мардум, беҳтаркунонии вазъи иҷтимоии он тадбирҳо меандешад. Қайд кардан ба маврид аст, ки маърифати ҳуқуқӣ сатҳи умумии дониш ва муносибати объективонаи ҷомеаро нисбат ба ҳуқуқ, маҷмуи донишҳои ҳукуқиро дар шакли меъёрҳо, ақидаҳою мулоҳизаҳо, ки дар ҷараёни фаъолияти ҳаётӣ ба вуқуъ меоянд, дар назар дорад. Маърифати ҳуқуқӣ дар меҳнат, муошират ва рафтори шахс зери низоми таъсири тарбияи фарҳангӣ ва ҳуқуқӣ, таълиму тадрис ташаккул меёбад. Набояд фаромӯш сохт, ки маърифати ҳуқуқӣ ҷузъи муҳимми ҷомеа ва давлати пешрафта ба ҳисоб меравад.
Беҳуда нест, ки солҳои охир силсилақонунҳо, барномаҳо, санадҳои ҳуқуқӣ қабул шудаанд, ки марҳила ба марҳила масъалаҳоро оид ба такмил додани қонунгузорӣ, таъмини иҷроиши қонунҳо, рушди ёрии ҳуқуқии ройгон, беҳдошти вазъи иҷтимоии аҳолӣ ва самтҳои дигар оид ба устуворкунонии кафолати ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, идомаи ислоҳот дар соҳаҳои гуногуни ҳаётан муҳимми кишвар, ки мақсаду ҳадафҳои онҳо беҳтаркунонии вазъи иҷтимоӣ - иқтисодии шаҳрвандон ба шумор меравад, зарур мебошад.
Мақсади асосии давлат дар ин ҷода баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, таъмини ҳифзи манфиатҳои ҳамаи гурӯҳҳои иҷтимоии ҷомеа, таъмини сулҳу субот мебошад. Маърифати ҳуқуқӣ қисми маърифати умумӣ буда, мавҷуд будани донишҳои ҳуқуқӣ, фаҳмиши арзиши иҷтимоии ҳуқуқ, нақши мусбии онро барои шахс ва ҷомеа дар назар дорад. Вазифаҳои асосии маърифати ҳуқуқӣ дар анҷом додани корҳои тарбиявӣ оид ба ташаккули сифатҳои ҳуқуқии инсон ифода меёбад.
Қайд кардан ба маврид аст, ки маърифати ҳуқуқӣ ба муоширати шаҳрвандон дар соҳаи ҳуқуқии ҷомеа таъсир мерасонад. Дар ин самт меъёрҳои ҳуқуқӣ ва ҷузъҳои таркибии маърифати ҳуқуқии ҷомеа хусусияти арзиширо пайдо мекунанд, яъне ҳамчун объекти арзёбӣ баромад хоҳанд кард.
Пас маърифати ҳуқуқӣ дар чӣ ифода меёбад? Ин пеш аз ҳама донистани қонунҳо ва риояи онҳо татбиқи қонунҳо, донистани ҳуқуқу уҳдадориҳои худ, дастгири кардани тартиботи ҳуқуқӣ, мусоидат намудан оид ба пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ.
Мавриди зикр аст, ки давлату Ҳукумат ба масъалаи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҳар як фарди Тоҷикистон диққати хеле ҷиддӣ зоҳир намуда, дар ин самт давра ба давра чораҳои зарурӣ меандешад ва ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, баланд бардоштани дараҷаи донишу маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва пешгирии қонуншиканиҳо корҳои зиёде роҳандозӣ карда шуда истодааст.
Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии субъектони муносибатҳои ҷамъиятӣ барои рафъи инкори қонун, ташаккули фарҳанги ҳуқуқӣ, рушди институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ба ин васила мустаҳкам намудани асосҳои давлати ҳуқуқбунёд ва демократӣ аҳаммияти муҳим дорад.
Имрӯз бо назардошти ҷаҳонишавӣ ва ба миён омадани муносибатҳои нави ҷамъиятӣ мавзуи маърифати ҳуқуқӣ на танҳо рӯзмарра, балки мазмуну моҳияти нав пайдо намуда, он метавонад ба рушди Тоҷикистон ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд ба сифати омили мусоидаткунанда арзёбӣ гардад.
Зери мафҳуми маърифати ҳуқуқӣ раванди иттилоотонии ҳуқуқӣ доир ба қоидаҳои умумии ҳатмии рафтори (меъёри) муқаррарнамуддаи қонунгузорӣ фаҳмида мешавад, ки мақсади он ба баланд бардоштани шуурнокии субъектони муносибатҳои ҷамъиятӣ, амалишавӣ ва риояи қонунҳо, инчунин пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ равона шудааст.
Идома додани тадбирҳо ва чорабиниҳои дар давоми солҳои охир ташкил ва гузаронидашуда, арзиши олӣ будани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро таъмин намуда, ба эҳтиром ва риояи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, тақвияти рағбати шаҳрвандон ба донишҳои соҳаи ҳуқуқ, васеъ намудани дастрасии шаҳрвандон ба иттилооти ҳуқуқӣ, паст гардидани сатҳи ҳуқуқвайронкунӣ ва иштироки фаъолонаи шаҳрвандон дар фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ мусоидат хоҳад кард.
Дар робита ба фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28 декабри соли 2023 зикр намуданд, ки дастоварду пешравиҳои то имрӯз ноилшудаи кишвар натиҷаи қонунҳои таҳия ва қабулкардаи Парламенти мамлакат мебошад.
Таъмин намудани рушди устувор ва босуръати кишвар танзими ҳуқуқии саривақтӣ ва ҳамаҷонибаро талаб менамояд. Қонунгузорӣ бояд пайваста такмил дода шавад ва ҳамқадами ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ бошад. Иштироки фаъолонаи шаҳрвандон ва дигар субъектҳои муносибатҳои ҷамъиятӣ дар фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ барои ноил шудан ба ин вазифаи гузошташуда - такмили қонунгузорӣ ба манфиати кор аст.
Қобили зикри хос аст, ки барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон заминаҳои конститутсионӣ-ҳуқуқӣ фароҳам аст.
Чунончи, мувофиқи моддаи 1-и Конститутсия Тоҷикистон давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошад.
Дар моддаи 5-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф гардидааст.
Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд.
Дар моддаи 92-и Конститутсия бошад, меъёри ҳуқуқӣ пешбинӣ шудааст, ки шаклҳои ёрии ҳуқуқиро қонун муайян менамояд.
Ҳамин тариқ, аксари меъёрҳои Конститутсия бевосита ё бавосита ба падидаи маърифати ҳуқуқӣ алоқамандии зич доранд. Ин заминаҳои конститутсионӣ-ҳуқуқӣ имконият медиҳанд, ки дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар шаклҳои гуногун қабул гарданд ва вазифаҳои онҳо бевосита ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии субъектони муносибатҳои ҷамъиятӣ нигаронида шаванд.
Қабул гардидани Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 феврали соли 2018, №1005 тасдиқ шудааст; Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 2019, № 599 тасдиқ шудааст; Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022-2026, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2021, №565 тасдиқ шудааст, мисоли гуфтаҳои болост.
Баҳри ҳамаҷониба расидан ба ҳадафи олӣ - баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии субъектони муносибатҳои ҷамъиятӣ дар заминаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерқонунии болозикр таҳия ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маърифати ҳуқуқии субъектҳои муносибатҳои ҷамъиятӣ» мувофиқи мақсад мебошад.
Қобили тазаккур аст, ки пас аз қабули Конститутсияи соли 1994 низоми қонунгузории кишвар мунтазам ташаккул ёфта, имрӯз, тибқи феҳристе, ки дар Маркази миллии қонунгузорӣ пеш бурда мешавад, нишондоди санадҳои қонунгузорӣ дар шаклҳои гуногун зиёда аз 400 ададро ташкил менамояд.
Низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ ташаккул ёфт, он барои аз ҷиҳати ҳуқуқӣ маърифатнок намудани субъектони муносибатҳои ҷамъиятӣ нақши назаррас дорад.
Дар баробари ин, як зумра тадбирҳои амалӣ андешида шуда истодаанд, ки барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва дигар субъектони муносибатҳои ҷамъиятӣ, ба монанди фаҳмондадиҳии муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, иттилоотонии ҳуқуқӣ, қабули бевоситаи шаҳрвандон, нашри мақолаҳои илмӣ-оммавӣ дар маҷаллаву рӯзномаҳо ва дигар корҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ роҳандозӣ шуда истодааст. Имрӯз бо боварии комил гуфта метавонем, ки ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва тарбияи ҳуқуқии субъектони муносибатҳои ҷамъиятӣ, таҳкими мақому манзалати инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ, таъмини волоияти қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷомеа ба комёбиҳои назаррас ноил гардидааст.
Рашидӣ М.А., сармуаллимаи кафедраи сиёсатшиносии
Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии
Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»