Манфиатҳо ва зарари интернет: чӣ гуна шабакаи умумиҷаҳонӣ ҳаёти моро тағйир медиҳад

Интернет кайҳо боз як ҷузъи хеле муҳими таркибии ҳаёти ҳаррӯзаи миллиардҳо одамон дар саросари ҷаҳон шудааст.Интернет ҳамчун василабароидастрасӣ ба иттилоот, муошират, кор ва сархушӣ имкониятҳои васеъ фароҳам меорад. Бо вуҷуди ин, дар баробари манфиатҳо, интернет хатар ва таҳдидҳои зиёде низ дорад. Дар ин мақола мо ҷанбаҳои асосии таъсири интернетро ба ҳаёти мо баррасӣ карда, бо истифода аз омор бори дигар мизони ҷанбаҳои мусбат ва манфии истифодаи онро нишон хоҳем дод.

1.Манфиатҳои барҷастаи Интернет .

Дастрасӣ ба иттилоот ва омӯзиш.

Яке аз бартариҳои барҷастаи Интернет дастрасии зуд,қулай ва саривақтӣ ба иттилоотва манбаъҳои он мебошад. Ҳар касе, ки ба шабакаи интернет пайваст аст, метавонад дар як ламҳа ҳама гуна маълумоти заруриро ба даст орад.

Дар баробари ин курсҳои онлайнӣ ва платформаҳои омӯзишии зиёд ба монанди Coursera, Udemy, Khan Academy, iSpring Learn, SKILLSPACE, Геткурс ва ғайра барои баланд бардоштани савияи дониш ва рушди инфиродии шахс уфуқҳои нав мекушоянд. Тибқи омори мавҷуда, шумораи чунин платформаҳои омӯзишӣ вафарогирии онҳо сол ба сол афзоиш меёбад ва ин раванд дар сар то сари кишварҳои мухталиф тасеа ёфтааст. Мувофиқи маълумоти ЮНЕСКО, шумораи одамоне, ки бо таҳсилоти онлайнӣ фаро гирифта шудаанд,ҳамасола дар саросари ҷаҳон 30% меафзояд.

Омӯзиши фосилавӣ низ ба як ҷанбаи муҳими низоми таълим ва омӯзишимуосир табдил ёфтааст. Дардавраи пандемияи COVID-19, бори дигар собит шуд, ки омӯзиши фосилавӣ аз равишҳои хеле муассир ва пешрафтаи таълим аст. Дар соли 2020 донишҷӯ дар саросари ҷаҳон беш аз 1,6 миллиард ба омӯзиши фосилавӣ бо истифода аз технологияҳои интернетӣ гузаштанд. Тибқи маълумоти Иттиҳоди Байналмилалии Телекоммуникатсия (ITU), шумораи корбарони интернет дар 10 соли охир аз 2,2 то 4,9 миллиард нафар афзоиш ёфтааст, ки аҳамияти ҷаҳонии технологияҳои рақамиро дар соҳаи маориф тасбит ва тасдиқ мекунад.

Таъсиргузорӣ ба иқтисодиёт ва шуғли аҳолӣ

Таъсири интернет ба иқтисодиёт низ хеле назаррас аст. Мағозаҳои интернетӣ ба монанди Amazon, AliExpress, Wildberries, Ozon, Taobao ва ғайра ба корбарон имконоти муносиби харидро пешниҳод мекунанд ва бизнес ҳамзамон имкони густариши аудитория ё мухотабони худро доранд. Тибқи маълумоти Statista, ҳаҷми тиҷорати электронии ҷаҳонӣ дар соли 2023 аз 5,7 триллион доллар гузашт, ки ин аз афзоиши назарраси соҳа шаҳодат медиҳад.

Кори фосилавӣ низ таҳаввулоти инқилобиро мемонад, ки тавассути Интернет падид омадааст. Gartner— як ширкати хеле маъруфи пажӯҳишӣ ва мушовараи амрикоӣ, ки дар бозори технологияҳои иттилоотӣ тахассус дорад, таҳқиқотеро анҷом дод. Тибқи гузориши ин ширкатто соли 2023 тақрибан 60% коргарони ИМА ба кори фосилавӣ дар асоси пурравақт ё нопурра рӯй овардаанд. Ин ширкат таъкид мекунад, ки қобилияти кор аз хона сифати зиндагии бисёр одамонро беҳтар намуда, эҳтиёҷоти сафари ҳаррӯзаро коҳиш дод ва таносуби байни кору зиндагиро беҳтар кард.

Робитаҳои иҷтимоӣ ва дастгирӣ

Интернет тарзи муоширати одамонро тағийр дод. Шабакаҳои иҷтимоӣ аз қабили Facebook, Instagram, TikTok ва Twitter имкон медиҳанд, ки ҳатто аз масофаи дур бо дӯстон, оила ва ҳамкорон робита дошта бошед. DataReportal, сервисе, ки ҳамасола дода ва таҳлилҳоро дар бораи фазои рақамӣ дар тамоми ҷаҳон пешкаш мекунад,гузориш медиҳад, ки дар соли 2023 беш аз 4,76 миллиард нафар аз шабакаҳои иҷтимоӣ истифода кардаанд, ки тақрибан 60% аҳолии ҷаҳонро ташкил медиҳад.

Илова бар ин, платформаҳои интернетӣ имкони дастёбӣ ба пуштибонии равониро фароҳам меоранд. Бисёр одамон метавонанд мушкилоти худро дар анҷуман ё форумҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ муҳокима кунанд, ё тавассути мушовараҳои онлайнӣ аз мутахассисон кӯмак гиранд. Ин амр махсусан дар шароити инзиво ва ё зиндагӣ дар минтақаҳои дурдаст дуруст аст.

2. Зарари интернет

Сарфи назар аз бартариҳои ошкоро, Интернет ҳамчунин таҳдиду хатарҳо низ дорад. Баъзеи онҳо метавонанд барои саломатии инсон, бехатарӣ ва мутобиқшавии иҷтимоии одамон оқибатҳои ҷиддӣ дошта бошанд.

Вобастагӣ ба интернет

Вобастагӣ ба интернет як мушкили ҷиддиест, ки шумораи бештари одамон, бахусус ҷавононро фаро мегирад. Тадқиқоти гузаронидаи Агентии назорат ва пешгирӣ аз бемориҳои Кореяи Ҷанубӣ нишон дод, ки тақрибан 16% наврасон аз вобастагӣ ба интернет ранҷ мебаранд, ки бо истифодаи аз ҳад зиёди шабакаҳои иҷтимоӣ ва бозиҳои онлайнӣ алоқаманд аст.

Истифодаи густурдаи Интернет ба саломатии ҷисмонӣ ва равонӣ таъсири манфӣ мерасонад. Тадқиқотҳо нишон доданд: одамоне, ки дар як шабонарӯз беш аз 6 соатро дар интернет мегузаронанд, хатари пайдоиши ихтилоли изтироб, афсурдагӣ (депрессия) ва мушкилоти хобро доранд. Он инчунин боиси коҳиши фаъолияти ҷисмонӣ мегардад, ки хавфи фарбеҳӣ ва афзоиши бемориҳои дилу рагҳоро зиёд мекунад.

Масъалаҳои амниятӣ

Бо афзоиши шумораи корбарони Интернет, таҳдидҳои сайберӣ ё кибертаҳдидҳо низ афзоиш меёбанд. Тибқи гузориши McAfee – ширкати машҳури тавлидкунандаи нармафзорҳои зиддивирусӣ, иқтисоди ҷаҳонӣ дар соли 2022 бар асари ҳамлаҳои сайберӣ ва қаллобии интернетӣ тақрибан 1 триллион доллар зиён дидааст. Интернет корбаронро дар баробари вирусҳо, ҳамлаҳои фишингӣ ва ихроҷи маълумот осебпазир мекунад. Ҳар рӯз, дар интернет беш аз 350 ҳазор нармафзори нави зараровар ошкор карда мешаванд, ки ҳам ба шахсони воқеӣ ва ҳам ба тиҷорат таҳдид мекунанд.

Илова бар ин, ҳодисаҳои дуздии маълумоти шахсӣ васеъ паҳн шудаанд. Тадқиқоти IBM муайян кард, ки дар соли 2023арзиши миёнаи дуздии чунинмаълумот 4,45 миллион долларро ташкил додааст. Инамр ниёз бабеҳтар кардани амнияти сайберӣ,истифодаи гузарвожаҳои қавӣ ва инчунин таъминоти нармафзорҳои зиддвирусиро таъкид мекунад.

Иттилооти бардурӯғ ва дасткорӣ

Камбудии дигари муҳими Интернет ин паҳн кардан ё интишори маълумоти бардурӯғ аст. Шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳоихабарӣ дар аксар маврид манбаи хабарҳои қалбакӣ ва маълумоти бардурӯғ мегарданд. Тадқиқоти анҷомдодаиДонишкадаи технологии Массачусетс (MIT) нишон дод, ки хабари бардурӯғ нисбат ба иттилоотӣ воқеӣ ва ростин 6 маротиба зудтар пеҳн мешудааст.Интишори маълумоти нодуруст ва дурӯғин метавонад паёмадҳои ҷиддӣ ба монанди, дасткории афкори ҷомеа ва тақсимшавии ҷомеа дошта бошад.

Интернет ва гаравиши ҷавонон ба созмонҳои террористию экстремистӣ

Маълум аст, ки экстремизм ва терроризм яке аз таҳдидҳои нави замони муосир мебошад, ки дар аксар маврид онро таҳдиди ғайрианъанавӣ муаррифӣ менамоянд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар сухарониҳои хеш таъкид кардаанд,ки тӣеррористон аз интернет ва дастовардҳои технологияҳои иттилоотӣ ба хотири ғаразҳои нопокашон истифода мекунанд: «Созмонҳои террористӣ бо истифода аз технjлогияҳои муосири иттилоотӣ ва бо роҳи тафсири ғаразноки сарчашмаҳои динӣ дар мафкураи ҷовонони камтаҷрибаву ноогоҳ ғояҳои тундгароиро ҷой карда, онҳоро ба қатлу куштор, барҳам задани амният ва суботу оромӣ дар мамлакатҳои гуногун ташвиқ менамоянд».

Ба ибораи дигар, ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористие, ки дар ҳудуди кишвар фаъолияташон манъ карда шудаанд, бо истифода аз технологияҳои иттилоотии замони муосир аз ҷумла интернет андешаҳои ифротии худро дар миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа паҳн намуда, бо ин роҳ, ки албатта, хусусияти ғайриқонунӣ ва баъзан ғайриахлоқӣ доранд, руҳияи зидди ҷамъиятию давлатии аҳолӣ ва махсусан ҷавононро ба вуҷуд меоваранд. Дар натиҷа, гаравидани ҷавонон ба ҳаракатҳои экстремистию террористӣ ба амал меояд.

Дар заминаигуфтаҳои боло метавон ба чунин хулоса расид, ки бешакИнтернет як воситаи пуриқтидорест, ки ҳам фоида ва ҳам зарар меорад. Интернетбарои инсоният дар соҳаи маориф, иқтисод ва коммуникатсия имкониятҳои бепоёнро боз намуд, аммо дар баробари ин таҳдидҳои навро дар шакли вобастагӣ, ҷиноятҳои сайберӣ, иттилооти бардурӯғва гаравиши ноогоҳон ба созмонҳои эстремистию террористии ҷинояткорэҷод кард. Дар хотир бояддошт, ки истифодаи бомуваффақияти Интернет аз он вобаста аст, ки мо ба имкониятҳо ва хатарҳои он то чӣ андоза босалоҳият ва огоҳона муносибат мекунем.

Барои ба ҳадди аққал расонидани таъсири манфии Интернет, зарур аст, ки таваҷҷӯҳ ба амнияти сайберӣ, омӯзиши саводи рақамӣ, мудирияти истифодаи вақт дар шабака бештар шавад. Танҳо бо ин роҳ мо метавонем аз ин манбаи нодиру беназир босамар истифода кунем васаломатию некуаҳволии худро зери хатр нагузорем.

Ҷамолов И.М. - номзади илмҳои филологӣ, устоди кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ