Манбаъҳои маблағгузории терроризм – яке аз роҳҳои муоссири пешгирии он
Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд.
Эмомалӣ Раҳмон
Имрӯз дар тамоми сайёраи ҷаҳон зуҳуротҳои номатлуб, аз қабили терроризму экстремизм яке аз мушкилиҳои асоси маҳсуб меёбад, ки ҷангу хунрезиҳоро ба бор оварда, боиси ҳалокат ва бесарусомонии садҳо ҳазор мардуми осоишта гардидааст. Ҷумҳурии мо аз зумраи давлатҳоест, ки бар зидди терроризм ва экстремизм муборизаи беамон мебаранд. Дар ин раванд мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм қисми таркибии таъмини амнияти кишварро ташкил медиҳанд. Роҳу усули он муфассал дар Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021, №187 қабул гардидааст ва баҳри муборизаи оштинопазир бурдан бо ин зуҳуроти номатлуб мусоидат менамояд, инъикос гардидааст. Инчунин Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси санадҳои дохиливу байналмилалӣ муборизаи худро бо терроризм ва экстремизм ба роҳ мондааст. Асосҳои ҳуқуқии муборизаи зидди терроризм дар заминаи низоми ҳуқуқӣ амалӣ гардида, онро фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои пурзӯр кардани мубориза бо терроризм” (21 апрели соли 1997, №707), Барномаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пурзӯр намудани мубориза бар зидди терроризм дар солҳои 2000-2003, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июли соли 2000, №320, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи экстремизм” (2январи соли 20202 №1655), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба терроризм” (аз 23 декабри соли 2021, №1808), Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ), ки бо фармони Президенти Чумҳурии Тоҷикистон (28 марти соли 2006, №1717), Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 ноябри соли 2016, №776 қабул шудаанд, ба танзим медароранд. Санадҳои мазкури мубориза бар зидди терроризму экстремизм таҳияшуда хусусияти шахшуда надошта, онҳо метавонанд, вобаста ба навъҳои зуҳури терроризму экстремизм ва сатҳи таъсири он ба ҷомеъа, тағйир ва такмил ёбанд. Инчунин дар санадҳои мазкур субъектҳои бевосита ва бавоситаи мубориза бар зидди терроризм дар Тоҷикистон мушаххаси нишон дода шудааст.
Бояд тазаккур дод, ки тайи солҳои охир, боиси таассуф ва нигаронист, ки ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ бештар ҷавонон, хусусан, ҷавонони гумроҳу ноогоҳ бо ваъдаҳои дурӯғ кашида мешаванд. Онҳо фикр мекунанд, ки бо ворид шудан ба ин ҷабҳа маблағи беҳисобу меҳнати зиёд ба даст меоранду ҳаёти шоҳона ба сар мебаранд. Ба фикру хаёли ин кӯтоҳандешон ҳатто зарбаи нобаҳангом задан бар ҳаёти осоиштаи ҳамватанонашон намеояд. Чашмони онҳоро пулу моли зиёди ваъдашуда чунон кӯр кардааст, ки на зану фарзанд ва на падару модарашонро мебинанд. Ҳатто худашон низ баробари дигар бегуноҳон шаҳиди ин гуна амалҳояшон мегарданду умри худро ғарқи хазон мекунанд.
Мувофиқи мушоҳида имрӯз садҳо ҳазор ҷавонон дар ҳар гӯшаи сайёра ба таҳдид ҷангу даргириҳо рӯ ба рӯ шудаанд ва терроризму экстремизм ҳамчун зуҳуроти ин падидаҳои харобиовар боиси оқибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ гардидааст. Ин зуҳуроти номатлуб як падидаи иҷтимоӣ дар борабари дигар бахшҳо ва вазъи иқтисодии кишварҳо таъсири манфӣ мегузорад.
Айни замон мақомотҳои дахлдори кишвар вобаста ба оқибатҳои фоҷеабори терроризму экстремизм ва пешгирии маблағгузориҳо дар самти муқовимат ба ин падидаи мазкур ва манбаъҳои маблағгузории онҳо тадбирҳои муассирро роҳандозӣ карда истодааст.
Бинобар ин дар охир бояд қайд намуд ки, мо аҳли илм фарзандони содиқи ватанро вазифадор менамояд, ки содиқона дар роҳи ободию шукофоии ватан тарбияи ҷавонони бо нангу номуси ватан, меҳнатдӯсту ифтихори миллӣ дошта, саҳми назаррас гузорем. Зеро қувва ва нерӯи асосии пешбаранда дар ҳама давру замон маҳс насли ҷавони ҳар як кишвар ба шумор меравад.
Файзиева Нигина, муаллими калони кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит