​Маҳфили “Мураббияи эҷодкор” дар факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ

Бо иқдоми кафедраи педагогика ва психологияи томактабӣ маҳфили “Мураббияи эҷодкор” баргузор гардид. Дар маҳфили мазкур донишҷӯёни курсҳои якум ва дуюми факултет иштирок намуда, нерӯи эҷодӣ ва маҳорати худро дар чаҳор шарт нишон доданд. Шартҳо аз муаррифии шахсӣ, омода намудани газетаи деворӣ, эҷоди корҳои дастисохт ва таҳияи тӯҳфаи соли навӣ иборат буданд.

Маҳфили мазкур бо мақсади таҳкими малакаҳои тарбиятгарон, баланд бардоштани сатҳи касбӣ, табодули таҷриба ва таҳкими ҳунарҳои эҷодии донишҷӯён роҳандозӣ шуд.

Ғолибон бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадр шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ