Маҳфили илмии “Фурӯғ”

Маҳфили навбатии илмии “Фурӯғ” дар китобхонаи факултети филологияи тоҷик баргузор гардид. Дар маҳфил магистрантон, докторантон ва шогирдони зиёде иштирок карданд.
Маҳфилро роҳбари он, профессор Матлубаи Мирзоюнус ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо китобҳои тозанашр ва навидҳои муҳими фарҳангии кишвар ошно кард.
Унвонҷӯи кафедраи адабиёти муосири тоҷик Азимҷони Алӣ дар мавзуи "Андешае чанд перомуни як баёзи Фавзии Хуҷандӣ" маъруза намуда, дар бораи нашри осори илмӣ ва бадеии тоҷикӣ дар Самарқанду Фарғона низ маълумот дод.
Дар идома намояндаи МДМИ “Камоли Хуҷандӣ” Шоира Олимова оид ба нашри охирини Фаслномаи илмӣ-адабии “Камоли Хуҷандӣ” маълумоти мухтасар пешниҳод намуд.
Маркази иттилоот ва таҳлил