МАҲФИЛИ ИЛМӢ-СУХАНВАРИИ «ЧАШМИ ҶОН»
Дар факултети забонҳои шарқ нишасти навбатии маҳфили умумидонишгоҳии илмӣ-суханварии «Чашми ҷон» дар мавзуи «Интихоби ҳамсар» баргузор гардид.

Муовини ректор оид ба тарбия Бахтиёр Маҳмудзода чорабиниро ифтитоҳ бахшида, дар баромади хеш қайд намуд, ки оила – сарчашмаи муҳаббат, эҳтиром, якдилӣ ва ҳамбастагӣ аст. Таъкид гардид, ки оила ҳамчун ниҳоди муҳимми иҷтимоӣ на танҳо муҳити дорои муҳаббат ва эътимод, балки макони ташаккули ахлоқ ва фарҳанг ба шумор меравад. Интихоби ҳамсар дар ин раванд нақши сарнавиштсоз дорад, зеро муносибати ду нафар асоси суботи як хонадони ояндаро муайян менамояд. Дар ҷомеаи муосир интихоби ҳамсар наметавонад танҳо бар асоси эҳсосот сурат гирад, он бояд натиҷаи шинохти дуҷониба, ҳамфикрӣ дар арзишҳо ва омодагии ҳар ду ҷониб ба масъулият бошад. Танҳо дар чунин ҳолат оила устувор, созанда ва барои наслҳои оянда намуна буда метавонад.
Роҳбари маҳфил, профессор Низомиддин Муродӣ доир ба мавзуи мазкур суханронӣ намуда, зикр дошт, ки интихоби ҳамсар яке аз муҳимтарин қарорҳои зиндагии ҳар инсон аст, ки сарнавишти ӯро ба самти нав равона месозад. Издивоҷ танҳо як амал ё маросими расмии ҳуқуқӣ нест, балки оғози роҳест, ки дар он ду нафар дар шодиву ғам, муваффақият ва озмоишҳо паҳлуи ҳам истода, устуворона қадам мегузоранд. Таъкид шуд, ки агар ин интихоб бо андеша, эҳсоси масъулият, эҳтиром ба арзишҳои динӣ, ахлоқӣ ва иҷтимоӣ, ҳамчунин бо машварати бузургон сурат гирад, заминаи эътимод, ҳамдигарфаҳмӣ ва саодати устувори оилавӣ фароҳам оварда мешавад.
Маҳфили навбатӣ бо саволу ҷавоб, қадршиносии донишҷӯён ва ҳадяи китобҳои бадеӣ ба китобхонаи факултет ҷамъбаст гардид.
Маркази иттилоот ва таҳлил