Маҳфили илмӣ - амалии “Нуқсоншиноси оянда”
Маҳфили “Нуқсоншиноси оянда”, ки дар назди Институти илмӣ - тадқиқотии илмҳои педагогии назди донишгоҳ амал мекунад, бо иштироки устодону донишҷӯён доир гардид.
Декани факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус дотсент Усмонзода Даврон иштирокчиёнро бо мақсади ташкил ва гузаронидани силсилаи чорабиниҳо дар доираи ҳафтаи илм ошно намуд.
Роҳбари маҳфил, дотсенти кафедраи педагогикаи иҷтимоӣ ва касбӣ Раҳмонов Зикриё дар мавзуи “Ақидаҳои педагогӣ ва методии Монтессори” ва дотсенти кафедраи педагогикаи иҷтимоӣ ва касбӣ Раҳмонова Дилбар дар мавзуи “Бо ҳам пайвастагии илм ва ҳаёт” маърӯза намуданд.
Мудири кафедраи педагогикаи иҷтимоӣ ва касбӣ дотсент Вализода Шоира дар фарҷоми маҳфил дар мавриди зарурияти фаъолияти маҳфили мазкур ва нақши он дар татбиқи донишҳои назарии донишҷӯён ибрози назар намуд.
Маркази иттилоот ва таҳлил